Боздид аз минтақаи муташаккили саноатии Deri OSB
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 841
Дар идомаи сафар ба Ҷумҳурии Туркия роҳбарият ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳри Истанбул аз корхонаҳои минтақаи муташаккили саноатии Deri OSB – Ассосиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия дидан намуданд.
Ин корхона дар минтақаи Аврупо аз лиҳози шаҳомат ва ҳаҷми истеҳсол дар мақдоми дувум ва дар ҷаҳон дар даҳгонаи азимтарин ширкатҳои коркарди пӯсту чарм маҳсуб меёбад. Муҳиттин Савраноглу, ноиби Президенти Ассосиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия, зимни шиносоии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонаш аз корхонаи мазкур маълумот дод, ки дар як сол пӯсти то 7 миллион сар чорвои калон ва қариб 50 миллион сар чорвои хурд мавриди коркард қарор мегирад. Дар соли 2021 ба маблағи 962 миллион доллари амрикоӣ аз хориҷи кишвар пӯст харидорӣ шудааст.
Теъдоди корхонаҳои коркарди пӯст дар Туркия ба 539 адад расида, аз 14 минтақаи саноатие, ки ба коркарди чарм машғуланд, корхонаҳои 6 минтақа маҳсулоташонро ба хориҷа содирот мекунанд. Ҳоло дар корхонаҳои коркарди пӯсти Туркия 10 ҳазору 780 нафар фаъолият мекардаанд.
М. Савраноғлу афзуд, ки дар соли 2021 корхонаҳои пӯсту чарми Туркия ба маблағи як миллиарду 726 миллион доллар маҳсулот содирот намудаанд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Туркия аз Тоҷикистон дар соли 2021 ба маблағи 4 миллиону 931 ҳазор доллар ва дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба қадри қариб 3 миллион доллар пӯсти сабзро барои коркард харидорӣ кардааст. Дар баробари ин соли гузашта ба маблағи қариб 3 миллион доллар ва дар нимаи якуми соли ҷорӣ дар ҳаҷми наздик ба 3 миллион доллар пойафзол ва компонентҳои онро ба Тоҷикистон содирот кардааст.
Носирҷон Маъмурзода, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00