Роҳҳо мумфарш мешаванд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 708
Чанд рӯз пеш ба тӯйи хурсандии фарзандони як шиноси қадрдонам, воқеъ дар маҳаллаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар даъватӣ будем. Ронандаи мо, ки худ аз Душанбе буд, аввал хонаи даркориро наёфт ва мо чанд кӯчаи маҳалларо давр задем.
Дар кӯчаҳо техникаҳои роҳсозӣ роҳҳоро мумфарш мекарданд. Сокинони кӯчаҳо низ дар назди манзили худ ба тозакорӣ машғул буданд. Аз суҳбат бо роҳсозон маълум гардид, ки кӯчаҳо аз тарафи соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов, бо риояи пурраи технологияи роҳсозӣ мумфарш шуда истодаанд. Чанд сокини маҳалла ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда, ба ин соҳибкор изҳори сипос карданд.
Мӯйсафеди нуроние ишора ба бинои калону барҳавое карда иброз намуд: «Шамсулло барои мо - пиронсолон ана ин чойхонаи барҳавою уосирро бунёд намудааст. Мӯйсафедон дар ин ҷо ҷамъ омада, сари як пиёла чой шоҳмотбозӣ карда, рӯзномаҳои ҳаррӯзаро мутолиа мекунанд. Илоҳо, ин ҷавони ободгарро Худо баракат диҳад».
Бале, ободии Ватан аз ободии маҳаллу диёр оғоз мешавад.
Садбарг Боқиева
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00