Таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ДДБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 928
Дар ДДБ ба номи Носири Хусрав Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон, Сайфиддин Давлатзода, ректори донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ С. Давлатзода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ва 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон, устодону донишҷӯёнро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Хатлон бо Рӯзи дониш ва 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳое, ки номи пуршарафи донишҷӯро соҳиб гаштаанд, хониши хуб ва муваффақиятҳои беназир таманно намуд. Ҳамзамон, таъкид кард, ки мо бояд пайваста ба мутолиаи китоб машғул шуда, сатҳи донишу маърифатамонро баланд бардорем.
Сипас, қасамёдкунии донишҷӯёни курси якум, маросими супоридани калиди илм ва намунаҳои билети донишҷӯ ба онҳо сурат гирифт.
Комрони Бахтиёр, «Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00