РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 995
Имрӯз, 1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои шодбошии устодон, хонандагон ва падару модарон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба мактаби хусусии инноватсионии шаҳри Бохтар омаданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо шароити таълиму тарбия дар таълимгоҳ шинос гардида, ба хонандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Зимни ироаи паёми табрикии худ раиси вилоят дар хусуси соҳаи меҳварӣ ва калиди будани соҳаи илму маориф ёдовар гардида, қайд карданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
- Маҳз таъкиди Пешвои муаззами миллат дар он хусус, ки “Бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад” баҳои ҳаққонӣ ба кори соҳаи илму маориф ва меҳнати олимону омӯзгорон, мураббиёну кормандони ин соҳа мебошад, - идома доданд Қурбон Ҳакимзода. - Ин баҳои Президенти кишвар на танҳо баҳои ҷамъбасткунандаи фаъолият, балки вазифагузории навбатӣ назди аҳли маориф ва омӯзишу парвариш аст ва аз ҳар як нафари мо ба таъкиди Роҳбари давлат “баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар”-ро тақозо мекунад.
Зикр шуд, ки дастгирии аҳли илму маориф, аз ҷумла сарфароз гардонидани онҳо бо унвонҳои ифтихориву мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф қадршиносӣ намудан бо Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, хатми мактаб бо медали тилло ва нуқра, таъсиси стипендияҳои номии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанию маҳаллӣ ба олимону устодони варзида, донишҷӯёну хонандагони аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, таъмини шароити мусоиди таҳсил барои дастрасӣ ба квотаю стипендияҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии наврасону ҷавонони лаёқатманд дар хориҷи кишвар аз иқдомҳоест, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ месозад.
Натиҷаи ин ҳама талошу тадбирҳо аст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар қатори дигар муваффақиятҳо 3 нафар аз ноҳияи Данғара, 2 нафар аз шаҳри Норак, 1-нафарӣ аз шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар муассисаҳои таълимии вилоятро бо медали тиллову нуқра ва аттестати аълои равиявӣ хатм намуданд. Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки имсол дар ҳаракати олимпӣ шогирдони муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят аз соли пешин бартарӣ нишон дода, 195 медал зиёд ба даст оварданд, ки аз теъдоди умумии 620 медали бадастоварда 83 нафар медали тилло, 178 нафар медали нуқра ва 352 нафар медали биринҷиро соҳиб гардиданд.
Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, томактабӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, таъмини мизу курсӣ, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, компютеркунонӣ ва дар маҷмӯъ, амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавиро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз корҳои мавриди таваҷҷуҳ ва диққати аввалиндараҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзёбӣ карданд.
Ҷойи таъкид аст, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 722 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 73 муассисаи томактабӣ ва 649 мактаби нав, бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
- Ҳар яки мову Шумо метавонем ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон бовар карда, имрӯз дасти фарзандони худро ба дасти онҳо бидиҳему ба дунёи илму маънӣ ҳидоят созем, - таъкид намуданд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. - Маҳз робитаи мутақобилаи доимӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати самимонаи волидону устодон барои донишомӯзӣ ва тарбияи дурусти ҳар як фарзанд таъсири мусбат мерасонад ва онҳоро ба қуллаҳои мурод, шукуфоии минбаъдаи Ватан ва дар ниҳоят ба эъмори Тоҷикистони боз ҳам рушдкардаву мутараққӣ роҳнамоӣ мекунад, ки ин амал аз ормонҳои аслии Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад.
Раиси вилоят изҳори итминон карданд, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои ҳиссагузорӣ дар пешрафти давлату миллат, амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ширкат дар барномаву чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот масъулияти баланди созандагӣ эҳсос хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки соли нави таҳсили 2022-2023 дар вилоят ба зиёда 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, 1365 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 1000 муассисаи томактабию марказҳои инкишофи кӯдак, ба таълиму тарбия зиёда аз 817 ҳазор нафар хонанда, тайёрию омодагии касбӣ наздик ба 90 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз ва ба тарбияи томактабӣ беш аз 40 ҳазор кӯдакон фаро гирифта мешаванд. Ба онҳо зиёда аз 50 ҳазор олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ таълиму тарбия хоҳанд дод.
Ҳамзамон, соли таҳсили 2022-2023 ба рӯйи беш аз 90 ҳазор нафар наврасоне, ки бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд, дари хазонаи илму маърифат, дунёи дигари омӯзиши зебоии ҳаёт, саҳифаи наву рангоранги зиндагӣ бо табассуми малеҳу меҳрубонии падаронаи устодон боз хоҳад гашт.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00