Ғиреви киштинишастагон ё чаро маданияти фароғат надорем?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 892
Дар ҳар як шаҳру ноҳия ҷойҳои тамошобоб ва сайргоҳ ҳаст, ки мардум барои истироҳат меоянд. Одатан, бегоҳӣ баъд аз рӯзи корӣ бо аҳли оила, дӯстон ба сайругашт баромадан анъанаи сокинон аст. Ин ҳолати табиист. Одамон дар хонаҳои бисёрқабата зиндагӣ кунанд ҳам, дар ҷойи ором, сердарахту салқин, гулзору сероб истироҳат карданро дӯст медоранд. Дар ҳақиқат, мавзеи фароғат табиӣ бошад, инсон ҷисману рӯҳан нафаси тозаи ҳаворо эҳсос мекунад, хастагиашро рафъ месозад.
Барои ҳамин ҳам майли боғравию сайругашт маҳз дар фасли гармои тобистон, аз завқи кӯдакони бо бозӣ машғул хушҳол шудан, бо одамони шинос вохӯрдан таассуроти хуб мебахшад.
Боғи фароғатии шаҳри Бохтар низ ҷойи дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳр мебошад. Симои имрӯзаи боғ ба куллӣ тағйир ёфтаву тарҳи нави атраксиону нуқтаҳои фурӯши яхмосу обҳои ташнагишикан, ошхонаву чойхона, китобхона боз ҳам зеботар шудааст.
Ҳар як роҳгузаре аз байни боғ гузашта истода, хушҳолии кӯдакону наврасони бисёрро дида метавонад. Даҳ соли охир барои таҷдиди боғи шаҳр корҳои зиёди ободониву кабудизоркунӣ гузаронида шуданд. Аз даврони Шӯравӣ гӯшаи хотираи абадӣ бахшида ба ҷанговарони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ монду халос. Ба ҷойи чархофалак ва киштиҳои бодпараки пештара бо усули замонавӣ чархофалаки баландтар ва киштиҳои калонтар насб карда шуданд.
Дар рӯзҳои ҷашн, чорабиниҳо ва истироҳат боғ хеле серодам аст. Меҳмонони шаҳр низ ҳатман ба тамошои боғ меоянд. Азбаски дар маркази вилоят мактабу коллеҷҳо, донишгоҳу донишкада мавҷуд аст, асосан хонандагон ва донишҷӯён дар боғ ҷамъ мешаванд. Суҳбат бо ҳамсолон, иштирок дар бозиҳои шавқовар, аксгирӣ машғулияти асосии онҳост. Азбаски шӯру ғавғои кӯдакон ба мутолиаи китоб халал мерасонад, дар гӯшаи боғ китобхона ташкил шудааст.
Дар боғҳои фароғатии шаҳрҳои калон, чун Душанбе ҷавонон метавонанд китоб хонанд, расм кашанд, бо варзиш машғул шаванд. Касе барои ин халал намерасонад. Ҳама тозагиро риоя мекунад, бо телефон бо овози баланд суҳбат намекунанд, эҳтироми атрофиёнро ба ҷо меоранд.
Як пагоҳӣ ба кор мерафтам, ки ду ҳамсоязан кӯдаконашонро ба боғча бурда, дар бозгашт суҳбат доштанд. Яке аз онҳо шикоят кард: -Ҳамин шаб аз хобам тарсида хестам. Ними шаб як овози доду фарёд ва гиря баромад, дилам таҳ кашид. Хаёл кардам бо касе ҳодисаи нохуш рӯй додааст. Ба ҳавлӣ баромада, гӯш кунам, садо аз дуртар-ҳаёҳуи ҷавонон ва ғиреви духтарон меомад. Шавҳарам аз хона овоз баровард: “Хавотир нашав, ин овози киштинишастагони боғамон. Баланд алвонҷ медиҳанд, аз тарсу ҳаяҷон дод мезананд”.
-Тобистон, ки шуд, ҳар шаб аҳвол ҳаминидома дод зани дигар. Ин наврасону ҷавонон падару модар надошта бошанд? Наход то соати 11 ва 12-и шаб боғ ба боғ гарданду бепарво бошанд. Дигаронро хоб кардан намемонанд. -Ҳамсоя, аксарияти онҳо донишҷӯанд. Кай падару модарашон хабар доранд, ки ба ҷойи китобхониву донишомӯзӣ вақти худро ба бодпариву бозӣ сарф мекунанд. То ҷое гуфтаи онҳо ҳақиқат дошт. Волидони ҷавонони шаҳр шояд назорат кунанд, ки фарзандонашон то нимашаб дар куҷову дар боғи шаҳр беҳудагардӣ накунанд.
Атраксионҳое, ки барои наврасону ҷавонон пешкаш шудаанд, дар ҳамаи боғҳои шаҳрҳо ҳаст. Маъмулан боғҳои фароғат дур аз маркази шаҳр, аз шоҳроҳҳои мошингард, дар ҷойҳои сердарахту фазои кушод ташкил карда мешаванд, то ки одамон аз садои корхонаву равуои нақлиёт фориғ шаванд, истироҳат намоянд. Навиштаҷотеро дар даромадгоҳи атраксиони киштиҳо хондам, ки одамони бемории дил ё фишорбаландӣ доштаро ҳушдор медод.
Завқмандони киштисаворӣ асосан ҷавононанд. Дар ин синну сол тарсу ҳарос шояд камтар аст. Идора карда натавонистани эҳсос, нишон додани худ ба дигарон аз тарбияи шахс дарак медиҳад. Одитарин масъулиятро, ки аз ғиреви шабонаи онҳо одамони зиёд норизоанд, фароғату хоби мардумро вайрон карда, хушҳолии худро авлотар донистан камоли бедабист.
Фароғат ҳам маданият дорад. Дар ҳама ҳолат одобро нигаҳ доштан, бар зарари дигарон худкома набуданро ба наврасону ҷавонон омӯхтан лозим аст. Ҳар як амали мо бояд дар доираи ахлоқ, анъанаҳои миллии тоҷик сурат гирад. Барои ин падару модар, калонсолони оила бояд аз хурдӣ ҳангоми ҳамроҳӣ кардани кӯдакон ба боғу сайргоҳҳо қоидаҳои рафторро фаҳмонанд. Фароғати якҷоя бояд ба тарбияи кӯдакон низ мусоидат намояд. Эҳтироми оромии дигарон, бахусус шабона, риояи тавозуни муносибатҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мо- калонсолонро водор менамояд, ки ба ин падида бетараф набошем, чунки одати бад пайомади хуш надорад.
Дилором МАҲКАМОВА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...