Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қадамҳои устувор дар шоҳроҳи истиқлол


Қадамҳои устувор дар шоҳроҳи истиқлол



Рӯнамоӣ

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун воҳиди маъмурӣ ба қатори ноҳияҳои шимолии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Ноҳия 29 августи соли 1930 бо Қарори бюрои КМПК  Тоҷикистон ташкил ёфта, бо ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, шаҳрҳои Бохтару Левакант ҳамсарҳад мебошад.


Масоҳати умумии ноҳия 68,2 ҳазор метри муррабаъ буда, аҳолиаш зиёда аз 185 ҳазор нафар мебошад. Ноҳия қаблан бо номҳои Арал, Куйбишев, Хоҷамастон арзи вуҷуд дошт. Аз 12 феврали соли 2004 инҷониб мутобиқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Абдураҳмони Ҷомӣ гирифтааст. Қаламрави ноҳия ба як шаҳрак (бо 38 кӯча) ва 7 ҷамоати деҳот (бо 77 деҳа) тақсим мешавад.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аслан аграрӣ буда, меҳнаткашонаш ба парвариши пахта, ғалладонагӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар ин баробар, баҳри таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди саноат, корҳои зиёде ба анҷом мерасанд, ки дар он махсусан соҳибкорон саҳмгузоранд.

Ободии маҳал-нишони рӯзгори шоиста

Имрӯз ба симои шаҳраку деҳоти ноҳия нигариста, бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия нисбати аҳди пешин пешрафта ва зиндагии мардум беҳтар гардидааст. Агар пештар биноҳои бисёрошёна (ду-се ошёна) танҳо марбут ба идораҳои маъмурӣ буд, акнун биноҳои чор-панҷошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия, дар деҳотҷой бошад, ҳар  сари қадам биноҳои хуштарҳу замонависохту дуқабатаро вохӯрдан мумкин аст, ки ин аз беҳбудии рӯзгори мардум дарак медиҳад.

Танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се сол 235 иншооти хурду бузурги гуногунҷабҳа аз ҳисоби мақомоти иҷроия, вазорату идораҳо, соҳибкорон ва саҳми аҳли маҳал бунёд ёфт, ки чунин рақамро дар 70 соли даврони Шӯравӣ касе ба хотир надорад.


Биноҳои маъмурии Кумитаи заминсозӣ, ҳифзи муҳити зист, ду бинои истиқоматии бисёрошёна ва дигар биноҳои хизматрасонӣ бо тарҳи замонавӣ дар ҳамин давра сохта шуданд, ки ба ҳусни шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ҳусни тоза зам намудаанд.

Ба кор даромадани корхонаҳои коркарди пахта, мебелсозӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сехҳои нӯшокиҳои ташнагишикан, хиштбарорӣ, истеҳсоли масолеҳи пластикӣ ва ғайра, ки аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомию соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд, дар баробари ҳисса гузоштан ба буҷети ноҳия, ҳамчунин ҷойи кори доимии садҳо нафар сокинони маҳаллу мутахассисони соҳа гаштааст. Дар ҳар сари қадам мавҷуд будани нонвойхона, дуконҳои гуногуни хизматрасонии маданӣмаишӣ, чор бозори молҳои омехтаву маҳсулоти кишоварзӣ (дар маркази шаҳрак, худи ҳамин сол бозори «Ҳоҷӣ Зайнулло» ба кор даромад, ки 1000 нафар тоҷирону савдогарон дар он ҷой гирифтаанд), пурра асфалтпӯш гардидани шоҳроҳи шаҳрак, бемаҳдудият таъмин шудан бо оби ошомиданӣ дар аксар маҳалҳо, аз ҷониби соҳибкорон ва саҳми маҳал дар деҳаҳои Правда, Чорбоғи Ҷамоати деҳоти “Иттифоқ” роҳи дохили деҳа асфалтпӯш, 1 пули мошингузар ба маблағи 81500 сомонӣ барқарор, дар деҳаҳои Тут, Мирзоободи Ҷамоати деҳоти “Калинин” яклухт асфалпӯш гардидани роҳи дохилӣ, 1,8 км роҳ таъмири ҷорӣ ба маблағи 46 000 сомонӣ, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” ба масофаи 3 км роҳ сангфарш ва 1 пули мошингузар ба маблағи 941 ҳазор сомонӣ барқарор, дар маҷмӯъ 2 км роҳ асфалтпӯш, 3 км сангфарш ва 2 пули мошингузар, ба маблағи умумии 1 миллиону 113,5 ҳазор сомонӣ таъмиру сохта ба истифода додан, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ аз баланд гардидани талабу ниёзи сокинони ноҳия ба рӯзгори осудаву шоиста дарак медиҳад.

Дар ҳамин замина, вобаста ба зиёд гардидани сафи хонандагон ва баҳри баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, дар назди аксар мактабҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд. Баҳри нигаҳдории солимии ҷомеа ва хизматрасонии саривақтии тиббӣ ба аҳолӣ анқариб дар тамоми деҳаҳо бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ёфта, марказҳои саломатӣ ба таври замонавӣ азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардидаанд.

Муваффақи ят аз сарҷамъист

-Ҳамаи пешравиҳои ба дастомада, ки мардуми шарифи ноҳия дар асоси талаботи Ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидаанд, вобаста ба он аст, ки сокинони маҳал ба тадриҷ аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар даст кашида, дар маҳалли худ соҳиби ҷойи кор мешаванд. Дар ярмаркаҳои ташкилнамудаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 140-150 нафар аз рӯйи ихтисосу шавқ ҷойи кор меёбанд, хоҳишмандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва садҳо нафари дигар ба кори мавсимӣ машғул мешаванд. Бо маром, самаранок ба фаъолият пардохтани корхонаҳои хурду бузург, ҳосилнокии баландро соҳиб гардидани деҳқонон ба он оварда расонид, ки нақшаи қисми даромади ноҳия пайваста иҷро мегардад,- гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Сафармаҳмад Раҳимзода ва бо боварӣ изҳор дошт, ки мардуми шарифи ноҳия ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ омодагии комил доранд. 

Мутобиқи нақша то ҷашни фархундаи миллат дар ноҳия бояд 203 иншооти гуногун бунёд ёбад.

Ҷараёни босуръати корҳои ободониву созандагӣ ба он овардааст, ки нақшаи имсолаи сохтмон аллакай иҷро гардад. Танҳо дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолии давлатӣ ба истифода додани 6 иншоот, аз ҷумла сехи макаронбарорӣ ва санги асос гузоштан ба бунёди корхонаи калони ресандагӣ, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Яккатут” дар назар аст, наздики 1000 сокини маҳалливу мутахассисон ҷойи кори доимӣ ёбанд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми сарбаланди инҷо аз нақша зиёдтар корҳои ободониро ба анҷом хоҳанд расонид. Хотиррасон шудани ин рақам, ки дар ин давра, дар маҷмӯъ 47 корхонаи саноатии хурду бузург ба истифода дода мешавад, ҷаҳдест дар амалишавии ҳадафи чоруми Ҳукумат дар самти рушди саноат ва ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани сокинони маҳал.

Дар тайи тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ, нахустин маротиба дар ноҳия, бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ сохта шуда, ба наздикӣ ба истифода дода хоҳад шуд, ки он дар асоси дастури Президенти мамлакат амалӣ гардида, туҳфаи муносибест ба истиқболи ҷашни фархунда.

Ба ҳамин монанд, сохтмони бинои маъмурии Нозироти андоз, азнавсозии Кохи фарҳанги ноҳия, боз як бинои панҷқабата дар шафати Кохи фарҳанг, ки оянда мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатӣ ба он ҷо хоҳад кӯчид, аз доираи нақшаи бунёди иншоотҳои ҷашнианд.

-Дар ҳамин маврид дастовардҳои истеҳсолии меҳнаткашонро ёдовар шудан ҷоиз аст, зеро ҳамаи дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа, ободониву бунёдкорӣ маҳз аз самараи меҳнати бурдборонаи онҳо амалӣ мегардад,- илова медорад раис. -Соли гузашта пахтакорони варзидаву таҷрибаи бойи деҳқонӣдошта, ки дар ихтиёр  хоҷагиҳои деҳқониро доранд, бо саҳмдорон парваришу нигоҳубини пахтаро дар 8000 гектаи киштшуда хуб ба роҳ монда, аз иҷрои дурнамо бо сарбаландӣ баромада, соҳиби даромади хуб шуданд. Мушоҳидаи мутахассисон аз рӯйи боздид (апробатсия) нишон медиҳад, ки имсол ҳам пахта ба қадри меҳнат дар саҳро фаровон аст ва аз нақшаи муайяншуда барзиёд ҳосил хоҳанд бардошт.

Ҳамчунин, имсол наздики 24284 тонна ғалладонагӣ бе назардошти макка барои дон, 205521 тонна сабзавот, 4830 тонна картошка, 9036 тонна полезӣ, 2389 тонна мевагӣ ба даст оварда шуд. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 409 миллиону 225 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 109 фоизи нақшаро нишон медиҳад. Бо мақсади саҳми сазовор гузоштан дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самара ноки майдонҳои кишоварзӣ дар майдони 16861 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд. Ҳамин гуна, гуфтан мумкин, сол аз сол дигар нақшаҳои истеҳсолӣ ҳам нисбати солҳои пешин зиёд мешавад. Тайи моҳҳои гузаштаи соли равон зиёда аз 1865 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 844,9 тонна гӯшт, 14,4 тонна гӯшти мурғ, 22,8 тонна равғани соф, наздики 1635,6 метри мураббаъ ашёи пластикӣ, 897,1 ҳазор дона хишти сементӣ ва ғайра истеҳсол шуд ва дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 89 миллиону 589 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Гардиши мол дар ҳамаи соҳаи савдо 130,7 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33,0 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар аҳди пешин ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо парвариши гӯшти парҳезии моҳӣ дар миқёси ҷумҳуриву берун аз он овозадор буд. Мутаассифона, дар солҳои даврони гузариш соҳа, бинобар сабаби нарасидани мутахассисон, хӯрока, камтаҷрибагии навхоҷагидорон, таназзул дошт.

Танҳо солҳои охир, баъди он ки таваҷҷуҳи Ҳукумат нисбати соҳа зиёд гардид, тадбирҳои фаровонҳосилӣ андешида шуд, соҳа аз нав рушд ёфта истодааст. Айни замон тамоми 873 гектар ҳавзҳо (чун солҳои қаблӣ) оби мусаффо мавҷ мезанаду моҳипарварони 39 хоҷагӣ ба парвариши моҳиву моҳибача машғуланд. Дар нимаи аввали соли равон 331,6 тонна моҳӣ сайд шуд. Навбати дуюми сайди моҳӣ моҳҳои наздик оғоз хоҳад ёфт. Истеҳсоли пурраи моҳии дудкардашуда низ ҷойи худро хоҳад гирифт.

Ҷавонон неруи пешбаранда 


Ҷанбаи асосии пешравии соҳаҳои иқтисодӣиҷтимоии ноҳия ин вобаста ба фарогирии ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунандаву меҳнати босуботи онҳо дар дигар зинаҳои истеҳсолӣ мебошад. Шумораи ҷавонон дар ноҳия зиёда аз 54000 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 26954 нафар духтаронанд. Баҳри ба кор ҷалб гардидани ҷавонон ва саҳмгузории онҳо ба донишандӯзиву варзишӣ тамоми имконоту шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ноҳия ҷиҳати бунёди иншоотҳои варзишӣ тадбирҳои зиёд андешида шуда, илова ба 12 майдончаи варзишии  давоми солҳои охир сохташуда, дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” ва ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ифтихор” яктогӣ майдончаи варзишӣ сохта, мавриди истифода карор дода шуд.

Фароҳам овардани чунин шароит барои ҷавонон дастгирӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки таваҷҷуҳу ғамхориҳои зиёд дар ин ҷода доранд.

Ҷавонони ноҳия соли равон дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 18 медал, аз ҷумла 2 байналмилалӣ (1 тилло, 1 биринҷӣ), 1 медали биринҷӣ дар сатҳи чумҳуриявӣ ва 15 медал аз мусобиқаҳои вилоятӣ (5 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) сазовор гардиданд.

Дар тайёр намудани варзишгарон Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия саҳми назаррас дорад. Муассиса фаъолияти худро аз рӯйи 7 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо 226 кӯдакону наврасони ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро гирифта шуданд.

Рӯзи 29-30-юми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Левакант мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо ва варзиши сабук байни варзишгарони маъюб баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Хусрав Ҷӯрабеков, Файзулло Холиқов, Ҳасан Сафаров ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи байналмилалие, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон оид ба дастхобонӣ (Армлеснинг) байни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид, варзишгари мактаби варзишии ноҳия Зайнура Шокимова ширкат варзида, дар байни иштирокчиён аз 12 давлат, ғолиби мусобиқа гардид.

25 нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди ноҳия дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ зиёда аз 1796 нафар ҷавонони ноҳия таҳсил доранд, ки аз ин шумора 240 нафарашон духтарон мебошанд.

Бояд гуфт, ки чунин муваффақиятро хонандагон дар олимпиадаҳои фанниву озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ-“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, санъаткорон дар озмуни “Тоҷикистонватани азиз ман” соҳиб гаштаанд.

Замимаи воҷиб

-Меҳнаткашони ноҳия бо шукргузорӣ аз файзи даврони соҳибистиқлолӣ, пояндагии Ваҳдати миллӣ, сиёсати хирадмандонаву раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои даъваткунандаи Ҳукумат, раиси вилоят сарҷамъона баҳри пешравии истеҳсолот, саҳмгузорӣ дар амалигардии ҳадафҳои зиндагисоз, расидан ба зиндагии шоиста ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии азиз беш аз пеш собитқадам хоҳанд буд,-гуфт дар охири суҳбат, бо боварии комил, раиси ноҳия Сафармаҳмад Раҳимзода.

И. ҲАСАНОВ, «Хатлон»
Суратгир М. АШӮРОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода