Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Адабиёти бачагонаро кӯдакон намехонанд?


Адабиёти бачагонаро кӯдакон намехонанд?



Мавзуи хонанда доштани адабиёти муосири бачагона, на танҳо адибон, балки волидони кӯдаконро ҳам ба баҳс мекашад. Тибқи мушоҳидаҳо имрӯз хонандаи хурдсол китобхон нестанд. Аз чӣ сабаб? Шояд адибони мо каммаҳсуланд ё падару модар беҳавсалаанд? Ин ва чанде аз мушкилиҳои ҷойдоштаро дар адабиёти бачагона таҳлилу баррасӣ намуда, оид ба беҳтар кардани вазъи ҳол назару тавсияҳои мутахасисонро гирдоварӣ намудем.

Муҳиба Шарипова, хонандаи синфи 5-и МТМУ №2-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Ӯ бештар ба наср завқ дорад. Назми Латофат Кенҷаева ва насри Азизи Азиз бештар ба ӯ писанд аст.

Ӯ зиёда аз 223 китоби бачагона хонда аст. Аммо адабиёти бачагона на ҳамеша талаботи ӯро қонеъ мегардонад.

-Ман мутолиаи китобҳоеро дӯст медорам, ки қаҳрамонони он кӯдакони ҳамсинни худам бошанд. Чунки тақдири онҳо бароям ҷолиб аст. Аммо нависанда қаҳрамонони бисёре аз китобҳо ё афсонаҳояшро ҳайвонот, парандагон ва ё ба таври дигар гӯем, дар шакли тамсилӣ қарор медиҳад, ки ин чандон ҷолиби диққат нест. Хуб аст, ки мо аз кирдори онҳо хислатҳои некро меомӯзем. Вале ин на ҳамеша ба ман писанд аст. Ҷиҳати дигарро гӯем, аз шумораи 223 адабиёте, ки мутолиа кардам, қисмати зиёди онҳо асарҳои тарҷумашудаи адибони хориҷист. Яъне адибони мо кам менависанд,- мегӯяд Муҳиба

Моҳияти тоҷикона дар китобҳои бачагона аз байн рафтааст

Моҳияти асар, банду басти он, ҳатто расмҳои китоби кӯдакона барои ҷалби кас ба китобхонӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Маҳз тасвирҳои рангоранги он хурдсолонро ба олами китобхонӣ ҳидоят мекунад.

Тағойгул Азизова, сокини ноҳияи Кӯшониён, ба наберагонаш китобҳои бачагона харидорӣ ва мутолиа мекунад.

Доир ба фарқият, мазмуну мундариҷа ва сифати китобҳо чунин ибрози назар дорад: “Китобҳое, ки ман дар даврони кӯдакиам мутолиа кардаам, бисёр ҷаззобу дилкаш буданд. Тасвир ва мазмуни он китобҳо ба куллӣ фарқ мекарданд. Масалан, дар афсонаи “Кампир ва гурба” ҷараёни ҳодисаҳо хеле зебо дарҷ гардидааст. Расми кампир дар даст, хурмаи ширдӯшӣ, ҳавлӣ ва ҳатто либосҳои ӯ бо нақши тоҷикона аккосӣ шуда, ки бисёр дӯстдоштанӣ буд. Яъне, он китобҳо ба хонандаи хурдсол суннату анъанаи милли тоҷиконаро талқин мекард. Ё худ шеъри “Мо аз Помир омадем”-и Мирсаид Миршакар. Инҳо китобҳое буданд, ки хурду бузург онро аз ёд медонист ва намунаи беҳтарини адабиёти бачагонаи он давр ба ҳисоб мерафтанд. Имрӯз ман ба наберагонам, китобҳои бачагона мехонам, вале чандон ба завқи онҳо намехӯрад. Расмҳои китоби муосир ва қаҳрамонҳои он аз филмҳои тасвирии ғарбиёна рӯбардор карда шудааст, ки нишонаи тарғиби фарҳанги ғайр аст. Аммо, агар аз афсонаҳои халқӣ, ки ман дар замони кӯдакии худ хондаам, ба онҳо нақл кунам, онҳо гирдам парвона шуда, бо завқи баланд гӯш мекунанд”.

“Адиб мисли гаҳворасоз аст”

Адиби бачагона онест, ки кӯдак бе дахолати бевоситаи падару модар ва омӯзгор китоби адибро хондаю эътироф мекунад. Насри созандае, ки барои кӯдакон эҷод меашавад, аҳён-аҳён ба назар мерасад. Вале маводи хубу хонданӣ хеле кам аст.

Озар Салимиён, раиси созмони Иттифоқи нависандагон дар вилояти Хатлон, аз вазъи адабиёти бачагона дар вилоят гуфт, ки дар ҳудуди вилоят нависандагоне, ки сирф барои кӯдакон эҷод кунанд, кам ба назар мерасанд ё қариб, ки вуҷуд надоранд. Агар бошанд ҳам, ба мо муроҷиат накардаанд.

- Нависанда мисоли гаҳворасоз аст. Агар моли ӯ дар бозор харидори худро пайдо накунад, маҷбур мешавад, аз касбаш даст кашад. Нависанда ҳам инчунин, агар маҳсули эҷодаш аз мадди назар дур монд ё хонандаи хурдсол нисбати асари ӯ бетаваҷҷуҳӣ намояд, албатта, дасту дилаш аз нависандагӣ сард мешавад. Он чи ки нависанда дар бораи чӣ менависад ва ба кадом қишри ҷомеа, ин ба ихтиёри худи ӯст. Назми кӯдаконаро баъзан маврид шоирони мо эҷод мекунанд, аммо мо насрнависи бачагона дар ҳудуди вилоят надорем, - мегӯяд Озар Салимиён.

Китоби кӯдакона эҷод кардан душвор аст?

Барои эҷод намудани асар нависандаро наметавон маҷбур сохт, зеро ӯ дар эҷодаш озод аст. Адибони мо бояд ба хуби дарк намоянд, ки кӯдакони имрӯза дар фазои техника ва технологияи нав, телефону интернет ва кашфиёту дигаргуниҳои куллӣ ба воя расида истодаанд. Бояд майлу рағбати ӯро ба назар гирифта нависанд. Сабабҳои бепарвоии хонанда нисбати адабиёти бачагона зиёданд. Якум, кӯдаки тоҷик ҳанӯз хонанда нест, зеро модараш намехонад. Дуюм, адибони бачагонаи мо кӯдакшинос нестанд.

-Барои кӯдакон навиштан душвор аст. Барои ба онҳо эҷод кардан, бояд худ бача буд. Нависанда мебояд саволу ҷавоб ва фикрронии кӯдакона дошта бошад. Бетаваҷҷуҳ будани бача аз он сабаб аст, ки китобҳои барои онҳо пешбинишуда бо рангҳои сиёҳу сафед чоп мешаванд. Бача мехоҳад, ки китоб ранга бошад. Дар ин самт адибони мо барои чопи китоб дучори мушкилии молиявӣ мешаванд. Хуб мешуд, ки матбааҳое, ки ба чопи китобҳо сару кор доранд, барои нашри китобҳои бачагона имтиёзҳо ҷудо намоянд. Вазорати маориф ва илм ҳаққи қалами нависандаҳои бачагонаро дида барояд,- мегӯяд Гулчеҳра Маҳмадизода, адиби бачагона.

Агар барои хурдсолон навиштан душвор бошад, пас чаро Мирсаид Миршакар, Болта Ортиқов, Аминҷон Шукӯҳӣ, Акобир Шарифӣ, Гулчеҳра Сулаймонова, Убайд Раҷаб, Пӯлод Толис ва чанде дигар, то имрӯз барои рушду пояҳои адабиёти бачагона хидмат намуданд ва ба он боли парвоз бахшиданд?

Рафи китобҳои бачагонаро китобҳои тарҷума шуда пур кардааст 

Китобҳое, ки тарҷума ва дастраси хонандаи хурдсол мегарданд, онҳо китобҳои шуҳратёфтаанд, дар мисоли “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, “Муму”-и С. Тургенев, “Духтари капитан”-и А. С. Пушкин, “Лимпопо”-и К. Чуковский, “Робинзон Крузо”-и Д. Дефо, “Гуливер”-и Ҷ. Свифт ва даҳҳои дигар ба дили хонандаи тоҷик барои он роҳ ёфтааст, ки аз саргузашти инсон қисса мекунанд.

Сомӣ Наимов собиқаи 43-солаи омӯзгорӣ дорад. Назараш нисбати адабиёте, ки барои кӯдакон пешбинӣ мешавад, дигаргуна аст. Адабиёте, ки бо забони асл нашр мешаванд, мазмунаш равшану возеҳ аст. Аммо мазмуни тарҷумаи забони тоҷикӣ ба куллӣ тағйир меёбад.

- Дар китобхонаҳо гӯшаи китобҳои бачагонаро китобҳои тарҷумашуда ташкил медиҳад, ки бисёр нигаронкунанда аст. Аз ин бармеояд, ки адибони мо камфаъоланд. Дар зимн, хурдсолон низ ба эҷоди онҳо бетаваҷҷуҳ шудаанд. Ин чанд омил дошта метавонад:

Дуруст дарк накардани иддае аз адибон талаботи зеҳнии хонанда ва эҷоди номувофиқ ба синни онҳо.

Беаҳамиятии волидон нисбати адабиёти бачагона ва ҳавола кардани тақдири кӯдакони худ ба телефону интернет. Ба майдони адабиёт ворид шудани адибони тасодуфӣ. Набудани мубоҳиса байни хонанда ва нависанда.

Фаъолият накардани маҳфилҳои адабӣ байни хонанда ва адиб. Мувофиқ набудани тасвирҳои китоб ба завқи хурдсолон. Тарғиб нашудани китобҳои тозаэҷод ба хонандагон.

Гумон меравад, дар китобҳои бачагона мундариҷаи амиқи ғояро нишон додан, бо суханони нафиси пуртаъсир эҷод кардан шавқи кӯдаконро бедор хоҳад кард. Забони сода, вале ширадор, вазни хушоҳанг, суфтагӣ ва равонии гуфтор аз пешрафти эҷодии шоир, инкишофи тафаккури бадеӣ ва истеъдоди суханварии шоир ё нависанда дарак медиҳад.

Ба ҷойи Охирсухан

“Барои он ки асаре нависӣ, то кӯдак хонаду фаҳмаду дар хотир бигирад, муаллим будан шарт нест. Гап дар сари он, ки кӯдакро модар хонанда мекунад, на адиб, ҳатто адиби худ ҳам. Бовар дорам, ки як мактаб омӯзгор аз уҳдаи хонанда кардани лоақал як шогирд намебароянд, то замоне, ки модар дасту остин барзада фарзандашро таълим надиҳад, - мегӯяд Азизи Азиз, нависандаи маҳбуби бачагон, ки бисёре аз кӯдакон ӯро эътироф кардаанд.

Баҳри он, ки бачагони мо хонандаи хуби китоб гарданд, дар интихоби китоб бояд падару модари боҳавсалае дошта бошад. Бигзор, китобро нахуст волидон хонда, сипас фарзанди худро ба мутолиа он водор созанд. Дар ҳоле ки бачагони мо китобхон шаванд, адибон низ бо дасту дили тоза пайи эҷоди асарҳои тоза ба тоза мегарданд.

Фарида Баротова , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода