Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Марҳамат ба форуми "Кӯлоб-2022"


Марҳамат ба форуми "Кӯлоб-2022"




Шаҳри Кӯлоб мизбони Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" мешавад. Тавре ки ба рӯзномаи "Хатлон" аз Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят иттилоъ доданд,  баргузории ин чорабинӣ 26-27 август дар назар аст.

Тавзеҳ дода шуд, ки дар доираи форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мегардад.
"Аз ин рӯ, аз тамоми сармоягузорон хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" иштирок намоянд", - зикр кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кӯлоб ба шаҳрҳои Қунияи Туркия, Ҳамадони Эрон ва Намури Белгия мактуб ирсол ва аз онҳо даъват кардаанд, барои бунёди корхонаҳо сармоягузорӣ кунанд.

Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки шаҳрдорӣ ва роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои Тоҷикистон лоиҳаҳои бунёди 10 корхонаи саноатиро омода намуда, барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бо мактуби расмӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд.

“Ҳамзамон, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба маъмурияти шаҳрҳои Кунияи Туркия, Ҳамадонии Эрон ва Намури Шоҳигарии Белгия, ки бо шаҳри Кӯлоб бародаршаҳранд, мактуб ирсол ва аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки соҳибкорони худро ҷиҳати бунёди корхонаву коргоҳҳо ба МОИ “Кӯлоб” сафарбар созанд”, - гуфт ӯ. 

Бахтиёр Назарзода афзуд, ки айни замон дар МОИ “Кӯлоб” 5 субъект қайд шуда, бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомошинаҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани рустанӣ ва набот идома доранд.

Инчунин раиси шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳр ба 11 соҳибкор қитъаи замин барои бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ҷудо гардид.

Барои сари вақт ба истифода супурдани иншоот корҳо тибқи нақша идома доранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода