ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » А. Ҷомӣ. Фаъолияти 39 хоҷагии моҳипарварӣ


А. Ҷомӣ. Фаъолияти 39 хоҷагии моҳипарварӣ



Дар ноҳияи Адураҳмони Ҷомӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо назардошти солҳои пешин амалӣ шуда истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як лоиҳа зиёд мебошад, - гуфт С. Раҳимзода, раиси ноҳияи А.Ҷомӣ.

Зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра дар ноҳия 6 кор- хонаю коргоҳи нави саноатӣ ва 7 иншооти хизматрасонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки 34 ҷойи кории навро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 464 ҷойи кории нав ташкил карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳия, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 349 миллиону 566,5 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар майдони 16 ҳазору 861 гектар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зироатҳои кишоварзиро гузарониданд. Аз он 4756 гектар ғалладона, аз ҷумла 4506 гектар гандум, 250 гектар ҷав, 250 гектар маккаи дон, 159 гектар лӯбиёгӣ, 660 гектар сабзавот ташкил медиҳад. Ҳамзамон имкониятҳои ҷойдоштаи соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия самаранок истифода шуда истодааст. Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 39 адад расида, ба онҳо 873 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста карда шудааст. Дар ин давра 331,1 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 292,8 тонна зиёд мебошад.

Тибқи нақша-чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 203 иншоот ба нақша гирифта, дар нимаи якуми соли 2022-юм 13 иншоот сохта ба истифода дода шуд.

Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода