Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Омили пешгирӣ аз қадпастӣ ва фарбеҳшавии аҳолӣ


Омили пешгирӣ аз қадпастӣ ва фарбеҳшавии аҳолӣ



Имрӯз, 14 июл, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо бар гузор гардид.

Дар ин ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони шарикони рушд, уовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ намуда, баррасии раванди иҷрои Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро мавзуи меҳварии ин ҳамоиш унвон кард. 

Қайд гардид, ки беҳтар кардани вазъияти ғизои модару кӯдак дар Тоҷикистон то соли 2025, коҳиши қадпастӣ дар байни кӯдакони то 5-9- моҳа, ихтисоркунии камхунӣ байни занони синни репродуктивӣ, пешгирӣ аз лоғарӣ ва фарбеҳшавии кӯдакону калонсолон, фароҳам овардани муҳити мусоид барои беҳтарсозии сифати ғизо аз ҷумлаи мақсаду вазифаҳои нақшаи болозикр мебошад.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, инчунин шарикони рушд оид ба барномаҳои ғизо дар вилояти Хатлон доир ба Барномаи миллии коммуникатсионии «Ҳазор рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2020-2024», амалисозии Нақшаи бисёрсоҳавӣ дар вилояти Хатлон, ғанигардонии орд маърӯзаҳо ироа намуданд.

Коршиносон гуфтанд, ки дар доираи татбиқи нақшаи мазкур, дар зарфи чор соли оянда то 20% кам шудани вазни зиёдатӣ ва то 30% коҳиш ёфтани фарбеҳӣ байни калонсолон пешбинӣ гардидааст.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ иттилоъ дод, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегияи мазкур то соли 2025 дар вилоят силсилаи чорабиниҳо барои баланд бардоштани сифат ва гуногунии ғизо барои хонаводаҳо дар Тоҷикистон, коҳиши ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакони то 5-сола ва занону модарони то 49-сола, таъмини дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба хадамотҳое, ки ба беҳтаркунии сифати ғизо алоқаманданд, баланд бардоштани сифати ғизои мактабӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳангомаи Исмат , «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода