Қадамҳои устувор баҳри саноатикунонии маҳал
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 741
Ноҳияи Данғара яке аз минтақаҳои тараққикардаи вилояти Хатлон буда, дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон ҷойгир аст. Ноҳия 8 июли соли 1932 ташкил ёфта, соли равон меҳнаткашон 90-солагии таъсисёбии онро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ҷашн гирифтанд.
Бино ба маълумоти таърихнигорону бостоншиносон Данғара яке мавзеъҳои зисти одамони қадим буда, ба асрҳои санг ва биринҷ тааллуқ доранд. Чунончи, ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз Ғори Оғзекичики деҳаи Пушинг, деҳаҳои Тутқавул, Қули Сӯфиён, Қунғуртут, Булёни Поён, теппаи Кампирак (деҳаи Паркамчӣ) ва ғайра олотҳои қадимае дарёфт карда шудаанд, ки ин нигораҳо аз куҳандиёр будани Данғара шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин бозёфтҳо ва дигар намунаҳои дастовардҳои меҳнаткашон дар осорхонаи ноҳия ҷой дода шудааст, ки аз он ҳар сол сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо шавқ тамошо мекунанд.
Ноҳияи Данғара дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз марказҳои бузурги саноатию аграрии вилояти Хатлон табдил ёфта, сол аз сол рушд меёбад. Ноҳия барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронида шуда, дорои инфрасохтори муосири иҷтимоию иқтисодӣ, хизматрасонии замонавӣ бо шароити мусоид барои рушди соҳибкорони хурду миёна, сармоягузорӣ ва фарҳангию сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар ноҳия ҶСП “Ҷунтай Син-Силу” “Текстил”, ҶСКМС “Данғара”, “Дарё-2015”, корхонаҳои калони хиштбарорӣ, ҶДММ «Меҳровари Худобахш», ҶДММ «Принд-Голд», ҶДММ «Миср 2001», ҶДММ «Девид-бетон», ҶДММ «Аурен», ҶДММ «Ориён- Сор-во» , ҶДММ «Тоҷпласт-1», ҶДММ «Каёнуш- дўзандагӣ», НБО “Сангтуда-2”, ҶДММ «Тоҷи Осиё», бинои СЭС, бинои шуғли аҳолӣ, бозори кишоварзии Каёнуш, бозори хитоии «Пир-Ғулом», бинои нави хизматрасонии комплексӣ дар деҳаи Пушинг, боғи марказӣ, чойхонаи фароғатии «Хуррамшаҳр», бинои ҶСШК Шабакаҳои барқи “Данғара”, зеристгоҳи барқии «Лолазор», бинои Раёсати молия, Нозироти андоз, нақби “Шар-Шар”, бинои нави шуъбаи корҳои дохилӣ, филиали Амонатбонк дар деҳаи Себистон, се варзишгоҳи хурд дар маркази шаҳрак, бинои Комиссариати ҳарбӣ, бозори чорво (молбозор) ва садҳо иншоотҳои саноатию сохтмонӣ сохта шуда, ба хизмати халқи ноҳия дода шудааст, ки сокинони ноҳия дар ин иншооту муассисаҳо фаъолият мекунанд. Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара-Син-Силу - Текстил» аз қабили иншооти беназири ин минтақа ба ҳисоб меравад.
Рушди босуръати соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия нишон дод, ки ҳаҷми маҳсулоти соҳаҳои саноатии ноҳия дар солҳои 1991-2020 аз 102,4 миллион сомонӣ ба 1,6 милиард сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамаи ин пешравиҳо ба он овардааст, ки қисми даромади буҷети ноҳия зина ба зина боло равад. Тибқи рақамҳои оморӣ иҷроиши қисми даромади буҷет аз 1,6 миллион сомонии соли 2000 ба 160 миллион сомонӣ дар соли 2022 баробар шудааст. Дар ин минтақаи пешрафта вобаста ба талаботи давр муассисаҳои зиёди таҳсилоти олӣ, аз қабили Донишгоҳи давлатӣ, ки бисёрсоҳа аст, Донишгоҳи тиббӣ ва коллеҷҳо дари кушода доранд, ки ҳар сол ҳазорҳо нафар донишҷӯёнро ба таҳсил фаро мегиранд.
Барои истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи муайяншуда зиёда аз 400 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла 40 муассисаи тандурустӣ, 25 муассисаи таълимӣ бо 14600 ҷойи нишаст, 35 муассисаи варзишӣ ва солимгардонӣ, 12 қасру клубҳо ва боғҳои истироҳатию фарҳангӣ, инчунин даҳҳо иншооти маишию хизматрасонӣ, маъмурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 500 км роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ, маҳаллӣ ва дохили шаҳраку деҳаҳои ноҳия мумфарш гардиданд.
Дар ҳудуди ноҳия сохтмони зиёда аз 400 иншоот аз ҷониби вазорату идораҳо ва соҳибкорон ба анҷом расонида, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 170 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст.
Худи бунёди лавҳаи зебову диданӣ “Хӯшаи гандум” дар даромадгоҳи ноҳия, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, нишонаи меҳнати босуботи деҳқонон дар ин самт аст. Дар баробари ин деҳқонони қавиирода дар самти парвариши пахта ва дигар зироатҳои техникӣ, инчунин сабзавоткорию ташкили гармхонаҳо барои таъмини аҳолӣ тамоми сол бо сабзавоти барвақтӣ таҷрибаи бой ҳосил намудаанд. Ҷидду ҷаҳд ва меҳнати самарабори меҳнаткашони ноҳия ба он равона гардидааст, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи ҳадафҳои созанда қарор дода, ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил гарданд ва ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста собитқадам бошанд.
И. ҲАСАНОВ,“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...