Минтақаи озоди иқтисодии Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 102
Данғара маркази бузурги саноатию аграрии рушдёфта барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда буда, дорои инфрасохтори муосири иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонии замонавӣ, шароити мусоид барои рушди соҳибкорони хурду миёна, сармоягузорӣ, фарҳангию сайёҳӣ, муҳити тозаи экологӣ мебошад ва дар ноҳия мардуми соҳибмаърифату меҳнатдӯст кору зиндагӣ мекунанд.
Дар давраи аз соли 2000 то соли 2021 дар соҳаи саноати ноҳия тамоюлҳои мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, суръати устувори рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид. Дар соли 2021 ин нишондиҳанда 215 баробар нисбат ба соли 2000-ум ва 245 фоиз дар қиёс ба соли 2016-ум афзоиш ёфтааст. Дар соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 2,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум ва 2015 мутаносибан 1,7 миллиард сомонӣ ва 1,3 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Таъсис ёфтани Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба рушди ояндаи ноҳия мусоидат кард. Дар он 33 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи онҳо ба 8 миллиону 945,6 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 445,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз оғози фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 950 миллиону 100 ҳазор сомонӣ расидааст ва дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаљми сармоягузории субъектҳои минтақа маблағи 55,0 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо асосан маҳсулоти сохтмонии ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла калсит, рангҳои сохтмонӣ, эмулсия, конструксияҳои оҳанин, қубурҳои пластикӣ, хишти бинокорӣ ва моеъҳои зарфшӯӣ истеҳсол мешавад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара ҷиҳати ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ имтиёзҳо дар соҳаи андоз ва гумрук пешбинӣ карда шуда, он дорои инфрасохтори мустақили худ мебошад.
Аз ҷумла соҳибкорон новобаста аз шакли моликият аз тамоми намуди андозҳое, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод мебошанд.
Даромади бадастомада ё музди меҳнати сармоягузоронии хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин ҳол аз андоз озод мебошанд.
Молҳои дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии ҷойгирбуда хамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки воридоти мол аз хориҷи кишвар бе пардохти боҷи воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда андоз сурат гирад.
Ҳангоми интиқоли мол аз қаламрави Минтақаи озоди иқтисодии ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ситонида намешавад, андоз аз арзиши иловашуда аз тарафи харидор пардохт карда мешавад.
Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбат ба маҳсулоти истеҳсолшаванда дар Минтақаи озоди иқтисодӣ ва воридоти он, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар карда мешавад.
Вобаста ба ин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба истифодадиҳии 4 корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла оид ба истеҳсоли бомпӯшҳои сохтмонӣ ва битум, бандубасти равғанҳои автомобилӣ, бандубасти консерваҳо, нӯшобаҳо ва истеҳсоли салфеткаҳо, коркарди меваи хушк.
М. Маҷидов,
омӯзгор аз шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...