Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 872
Ҳамдиёрони арҷманд!
Ҳамасола мардуми сайёра мутобиқи Қарори Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид 5 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил менамоянд.
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла дӯстдорони табиати вилояти Хатлон ин санаи басо муҳимро дар доираи баргузории конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, таҷлил менамоянд.
Инсон бо табиат зинда аст, зеро табиат манбаи ҳаёт дар кураи Замин буда, асоси инкишофи ҷомеаро ташкил медиҳад. Инчунин сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавӣ ба ҳисоб меравад. Аҷдодони мо ҳамбастагии обу ҳаво, набототу ҳайвонот ва олами моддиву маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд.
Ин далели он аст, ки инсоният дар марҳалаи фаъолияти ҳамешагии худ ба масъалаи экологӣ хоҳ-нохоҳ бармехӯрад. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва берун аз он ба ҳеҷ ваҷҳ зиста наметавонад, бинобар ин, масъалаи экологӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир, бо вуҷуди он, ки мақомотҳои дахлдори соҳаи ҳифзи муҳити зист барои бартараф намудани мушкилоти экологӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонида бошанд ҳам, дар натиҷаи истифодаи нодурусти маводи гуногуни таъсиррасони кимиёвӣ, ҷамъоварии растаниҳо ва шикори ҷонварон, ҳамчунин истифодаи яктарафа аз замин, афзоиши босуръати аҳолӣ, ба эътибор нагирифтани шароит ва омилҳои муҳит боиси вайрон гардидани мувозинати экологӣ гашта истодааст, ки ин албатта ба саломатии инсон таъсири манфи мерасонад.
Табиатро модари башарият меҳисобанд, аз ин рӯ масъалаи ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра ба шумор меравад. Шароити ҳаёти имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии ба миён омадаро ҷустуҷӯ ва пайдо карда, ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набошанд, балки дар ҳаллу фасл ва бартараф намудани ин мушкилот саҳми худро гузоранд. Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври дастаҷамъона ва қатъи баҳри ғамхории ӯ камар набандем, оқубат ба фалокатҳои ногувор мубтало шуданамон аз эҳтимол дур нест.
Солҳои охир ҳодисаҳои тағйирёбии глобалии иқлим, аз қабили обхезӣ, заминҷунбӣ, тундбод ва офатҳои дигари табиӣ афзоиш ёфта, нигарониву ташвиши мардуми сайёраи Заминро дучанд намудааст.
Фаромӯш набояд кард, ки муътадилии муҳити зист на танҳо кафили муътадилии фаъолияти набототу ҳайвонот, балки яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат низ мебошад. Аз ин рӯ, дар назди кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист вазифаҳои муҳим ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи сарватҳои он дар шароити имрӯза, бинобар сабаби пурзӯр гаштани таъсири одамон ба табиат аҳамияти махсус пайдо кардааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ин кабудизоркунию солимгардонии муҳити зист буда, дар давраи мавсими тирамоҳу баҳори солҳои 2021-2022 ба миқдори 529793 бех, (106%) ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ, 10 миллиону 690 ҳазор бех (104,2%) гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, майдони 26223 метри куби сабзпӯш карда шудаанд, ки он ба симои шаҳру ноҳияҳо зебогӣ зам менамояд.
Яке аз омилњои пешбурди сиёсати давлатии экологӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва ҳалли мушкилоти экологӣ ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Вобаста ба ин, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04. 2021 №116, бо қарори раиси вилоят аз 24. 05. 2021, №158 нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» қабул шуда, дар он ҳар як ташкилоту идораҳои иҷрокунандагони барнома ба таври мушаххас вазифадор шудаанд, амалӣ гардида истодааст. Амалисозии барномаҳои маърифати экологӣ аст, ки маърифатнокии аҳолӣ баланд гардида, рӯз аз рӯз маркази шаҳру ноҳияҳо, роҳу кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин ободу зебо гардида, хиёбону мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ нав ба нав бунёд гардида, роҳу кӯчаҳо, атрофи биноҳои истиқоматӣ ва ташкилоту идораҳои маъмурии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, сояафкан ва гулу гулбуттаҳои мавсимию доимӣ шинонида сабзпӯш гардонидаанд, ки боз ҳам хурраму обод гашта, дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки ин ба симои шаҳру ноҳияҳо зебоии дигар зам менамояд.
Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоятро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидан, тозаю озода нигоҳ доштан ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли беҳтар фаъолият намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, Тоҷикистон алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як порчаи замини биҳишти рӯйи олам аст.
Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, куҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад.
Пас месазад, ки мо бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳасти мост, тозаю озода нигоҳ дорем, аз ин беҳтару хубтар ба наслҳои ояндаамон ба мерос монем.
Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми Хатлонзаминро, ки дар ҳифзу беҳдошти муҳити зист ва тарзи дурусти истифодаи захираҳои табиат саҳми босазои худро гузоштаанд, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист табрику таҳният гуфта, ба Шумо барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Идатон муборак муҳофизон ва дӯстдорони табиат!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...