Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ғизои мактабӣ беҳтар мешавад


Ғизои мактабӣ беҳтар мешавад



Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими саломатии кӯдакону наврасон, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди низоми ғизои мактабӣ, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат, таъмини дастрасии ғизои босифат ва мутавозин чанде пеш Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 қабул гардид.

Ин барномаи миллӣ ба баланд намудани самаранокии низоми ташкили ғизои мактабӣ, беҳтар намудани ғизои хонандагон ва афзоиши сатҳи зиндагии онҳо, паст кардани сатҳи беморшавии хонандагон, ташаккулёбии фарҳанги ғизои солим мусоидат мекунад.

Ин нуқта дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ, ки таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар шаҳри Бохтар барпо гардид, зикр ёфт.

Муовини раиси вилоят аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатии худ 5,5 миллион сомониро барои ғизои мактабӣ ҷудо кардааст, ки ин дастоварди калон дар самти Барномаи ғизои мактабӣ ба шумор меравад.

- Имрӯз дар кишварҳои рӯйи дунё барои он ки мактаббачагон бо таомҳои серғизову дорои витаминҳо таъмин бошанд, корҳои зиёде карда мешаванд, - афзуд Ф. Шарифӣ. - Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ибтидои соҳибистиқлолӣ доир ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт Барномаи ғизои мактабӣ амал менамояд.

Дар идома намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ш. Раҳматуллоев, Вазорати молия Б. Насруллоев, Вазорати рушди иқтисод ва савдо М. Одиназода, Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ И. Маҳмадов ва дигарон оид ба сарчашмаҳои маблағгузории Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ, татбиқи ин барнома дар вилояти Хатлон, фаъолияти Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ ва масъалаҳои мубрами дахлдор ибрози назар карданд.

Таъкид шуд, ки истеъмоли таоми серғизо ва аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси хуб рушд ёфтани ҷисми инсон гардида, дар баробари ин ҳолати фикррониро низ беҳтар менамояд. Ин аст, ки ҳамеша мутахассисони соҳаи тиб риоя кардани онро дар давраҳои гуногуни умр, махсусан дар айёми мактабхонӣ хеле муҳим меҳисобанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ)-и СММ дар доираи амалисозии кумак оид ба таъмини ғизои мактабӣ дар деҳоти кишвар кӯдакони оилаҳои осебпазир - зиёда аз 435 ҳазору 667 кӯдак дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғизо таъмин мегарданд, ки ин қариб 50%-и ҳамаи хонандагони синфҳои ибтидоии мамлакатро ташкил медиҳад.

Дар ҳамкорӣ бо шарики техникии худ, яъне Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Россия, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм 50 мактаби пилотӣ аз 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (35 мактаб дар вилояти Хатлон ва 15 мактаб дар водии Рашту шаҳри Роғун) барои таъмири ошхона, таъмини таҷҳизоти хӯрокпазӣ ва таъмини мебели ошхона интихоб гардиданд. Ҳамзамон, то имрӯз 126 лоиҳаи грантии хурд аз ҷониби БОҶ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ карда шудаанд, ки маблағи он 616 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Барномаи ғизои мактабии БОҶ дар баробари системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ чун кумаки иловагӣ маҳсуб мешавад. Ҳадафи Барнома мусоидат ба раванди таҳсил, тандурустӣ ва ғизо барои ҳар кӯдак мебошад.

Ҳангомаи Исмат , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода