Ҷалби 43,3 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 684
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо ва сохторҳои вилоятӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.
Баррасии раванди иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 дода шуда буданд, аз ҷумла тадбирҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, корҳои ободониву созандагӣ, рушди саноат, таҳкими фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии ҷаласаи мазкур маҳсуб мегардид.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва соҳибкорону хоҷагидорон иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 ба вилоят ба қадри 43,3 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардид, ки 39,7 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,6 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, ба қаламрави вилоят 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардида, 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
- Ба вилоят аз 29 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия (42,2%), Чин (36,4%) ва Эрон (19,3%) рост меояд, - идома дод А. Сулаймонзода. - Айни ҳол вилоят бо 38 давлати дуру наздик ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷии вилоят дар чор моҳи соли ҷорӣ ба 141,5 миллион доллар баробар шуд. Аз ин содирот 63,7 миллион ва воридоти молу маҳсулот 77,8 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Дар вилоят барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили фаъолияти самаранок Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ» ва «Кӯлоб» таъсис дода шудааст. Феълан, дар минтақаҳои мазкур аз 13 то 33 субйект фаъолият карда истодаанд.
Соҳибкорони вилоят бо мақсади рушди соҳаи соҳибкорӣ дар намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром Сентралная Азия», ки бо мақсади густариши ҳамкории сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои нави корӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ миёни корхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои Россия ва Беларуссия дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар доираи намоишгоҳи мазкур соҳибкорони вилоят дар вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои воридоти технологияи коркарди пахта, коркарди гӯшт ва қаннодӣ гуфтушунидҳо ба анҷом расониданд ва ҳамкориро ба роҳ монда истодаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби сармояи дохилӣ, яъне соҳибкорон, ба тариқи ҳашар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 165 адад биною иншоот, корхонаву коргоҳҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 158,2 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ин ҳисоб 1 ҳазору 448 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ба масъулини ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ба масъалаи татбиқи барномаҳои рушди маҳал дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт корро вусъат бахшанд. Инчунин барои рушди соҳибкорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳамкориро бо сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷ дучанд намоянд.
Дар ҷаласа ҳамчунин муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои энергетика ва саноат дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ маълумот дод. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва бахши хусусӣ бо мақсади татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегӣ ва коҳиш додани шиддати омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, баҳри татбиқи барномаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои мухталифи саноат, бо ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ, соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, фарматсевтӣ, химия, коркарди алюминийи аввалия як қатор корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Дар ин давра саноатчиёни вилоят ба маблағи 2 миллиарду 809 миллиону 515 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 14,2 фоиз таъмин гардид.
Қайд гардид, ки дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2022-2026 дар вилоят баистифодадиҳии 500 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо назардошти 13 ҳазору 401 ҷойи корӣ, аз ҷумла соли равон 132 корхона ва коргоҳ бо таъсиси 3 ҳазору 913 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат ба масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро дуруст ба роҳ монда, барои бакорандозии он корхонаҳои саноатие, ки дар шаҳру ноҳияҳо аз фаъолият бозмондаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, рафти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот аз ҳудуди вилоят мебошад. Мувофиқи дурнамо, аз ҳудуди вилояти Хатлон 95 ҳазор тонна молу маҳсулот бояд ба хориҷи кишвар содирот карда шавад. Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ ва содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаи деҳқонон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон ба масъулини сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дастур доданд, ки барои сари вақт содирот намудани маҳсулот тавассути роҳи оҳан ва ба воситаи нақлиётҳои боркашон ба деҳқонону соҳибкорон шароити заруриро муҳайё сохта, монеаҳои сунъӣ эҷод накунанд.
Дар интиҳои ҷамъомад раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки бо мақсади амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини рушди саноат ва сари вақт содирот кардани молу маҳсулот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон минбаъд низ тадбирҳои воқеӣ меандешад.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”