Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Интихоби нодурусти касб чӣ пайомад дорад?


Интихоби нодурусти касб чӣ пайомад дорад?



Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста иброз медоранд, ки ҷиҳати соҳибкасб намудани аҳолӣ ва ҳарчӣ зудтар ба касбомӯзӣ ҷалб кардани ҷавонон бояд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шавад. Имрӯз ҷавонон то кадом андоза касби худро дуруст интихоб мекунанд? Волидон барои интихоби касби фарзанд чӣ ҳисса доранд? Чаро дар аввал касбро интихоб мекунанду баъд аз он дилсард мешаванд? Хавфи интихоби нодорусти касб дар чист?

Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби муфиди касб то ба андозае воситаи хуб шуд. Довталабон ба воситаи марказ дар 5 гурӯҳ вобаста ба шавқу завқи худ ихтисоси ояндаашонро интихоб мекунанд. Вале ҳастанд ашхосе, ки дар ин ҳолат низ касби худро дуруст интихоб карда наметавонанд. Ҳамчунин, мушкилии дигар ҳамин аст, ки баъди вориди ихтисос шудан, дигар идомаи таҳсил намекунанд.

Ҷавонон то кадом андоза касби худро дуруст интихоб мекунанд?

Замоне ки интихоби ихтисос фаро мерасад, баъзеҳо ба хотири завқи баланд доштан нисбати ин ё он пеша, бархе ба хотири ҳавас, тоифаи дигар барои аз хизмати ҳарбӣ раҳо ёфтан ва аққалият барои ояндаи неки худ, ҷониби касб роҳ пеш мегиранд. Шоҳрух Алиев, донишҷӯ, иброз медорад, ки ба касби интихобнамудааш тасодуфӣ дохил шудааст. “Аз хурдӣ орзу доштам, ки тарҷумон шавам, вале имрӯз ман дар ихтисоси маърифати оиладорӣ ва забон ва адабиёти тоҷик хонда истодаам”. Бо ҳамин монанд, Сайёра Ҳакимова иброз медорад, ки аслан хондан барояш писанд набуд, вале аз сабабе ки аксарияти ҳамсинфонаш ҳуҷҷат супориданд, ӯ низ нахостааст, ки “аз саф ақиб монад”. Донишҷӯи дигар, ки номашро қайд кардан нахост, мегӯяд: “Ман намехостам дар ихтисоси рӯзноманигорӣ таҳсил кунам, аз сабабе ки шароити зиндагиамон паст буд, ночор инҷо хонда истодаам. Вагарна, кайҳо тарки ихтисос карда будам”.

Ба ҳамин монанд, шумораи бештари ҷавонон касби худро нодуруст интихоб карда, имрӯз таҳсил карда истодаанд. Интихоби нодурусти ихтисос барои зиндагии ояндаи онҳо чӣ таъсир мерасонад?

Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, оид ба мавзуи мо чунин ибрози андеша намуд: “Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза довталабоне ҳастанд, ки тасодуфӣ вориди ин ё он ихтисос шудаанд. Дар натиҷа ҳуҷҷатҳои худро барои қайд намесупоранд ва ё дар нимароҳи таҳсил ивази ихтисос мекунанд, ки ин ба ҳолати равонии донишҷӯ таъсири манфӣ мерасонад”.

Волидон барои интихоби касби фарзанд вазифадоранд?

Ҳар як падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд вазифадор мебошад. Интихоби касб низ яке аз ҷузъҳои муҳими ҳаёти инсон ба шумор рафта, кӯдак ба андешаву афкор ва маслиҳати атрофиён ниёз дорад. Ҷавон барои интихоби ихтисос озод мебошад, вале дар ин миён, падару модар вазифадоранд, барои дуруст интихоб намудани касб бетараф набуда, фарзандонро роҳнамоӣ намоянд.

Хайриддин Собиров, равоншинос, чунин қайд мекунад: “Дар интихоби касб, пеш аз ҳама саҳми волидон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамъият бояд назаррас бошад. Барои дар оянда дуруст интихоб кардани касб, кӯдак пайваста дар ҷамъомадҳо, маслиҳатҳои муфиди оилавӣ ва муассисавӣ бояд иштирок кунад. Нодуруст интихоб кардани касб дар оянда ҷавонро ба дилсардӣ ва муносибати манфӣ нисбат ба касби интихобнамудааш, оварда мерасонад”.

Интихоби нодурусти касб ба ояндаи шахс чӣ таъсир мерасонад?

Аслан, касб як шакли ботанзим ва осони фаъолияти меҳнатӣ буда, зиндагии хуб ба он вобастагӣ дорад. Дар сурати нодуруст интихоб кардани он, дар ҳаёт ба мушкилиҳои калоне рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки наметавон аз онҳо ба осонӣ раҳоӣ ёфт.

“Вақте ки довталабро маҷбуран ба ин ё он касб ворид мекунанд, ӯ дигар бо шавқу завқ ба дарс намеояд, дарсро тайёр намекунад ва нисбати касби “худаш” хунукназарона рафтор мекунад. Ин, албтта, ба зиндагӣ ва фаъолияти ояндаи ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Инсон, ки касби худро нодуруст ва тасодуфӣ интихоб кунад, дар оянда аз рӯйи он фаъолият карда наметавонад. Ин боис мегардад, ки шумораи ашхоси бекор дар ҷомеа афзояд ва аксарият ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оранд”, - мегӯяд, равоншинос Хайриддин Собиров.

Чаро аксарият намехоҳанд омӯзгор шаванд?


Рустам Каримов донишҷӯи курси дуюми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ яке аз донишҷӯёни фаъоли ихтисоси худ буда, пайваста барои рушд кардан талош мекунад. Зафар Каримов, падари ин донишҷӯ, иброз медорад, ки барои соҳибмаълумот шудани фарзандаш, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то дар оянда фарзандаш касби худро дошта бошад. “Писарам аз кӯдакӣ мехост рассом шавад, вале ман ӯро сиёсатмадор дидан хостам. Ҳоло писарам дар курси дуюм таҳсил дорад ва омӯзгорон пайваста ӯро тавсиф мекунанд.

Мехоҳам оянда номбардорони волидон дар ҷомеа бошад ва ба халқу миллати худ хизмат намояд”. Вақте ки мо аз эшон пурсидем, ки чаро фарзандашро пайрави касби худ накардааст, ӯ чунин ҷавоб дод: “Албатта, омӯзгорӣ касби хуб аст ва ман ифтихор мекунам, ки ин пешаро дорам. Аммо бояд бо талаботи ҷомеа пеш равем. Омӯзгор дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши калидиро мебозад, вале меҳнаташ на он қадар қадр карда мешавад. Ҳамчунин, маоши омӯзгор қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз, нахостам, ки фарзандам пайрави касби падар бошад”.

Омӯзгорӣ касби пуршараф аст, вале имрӯз аз чӣ хотир бошад, ки ҳадди аққалияти ҷавонон ба ин касб таваҷҷуҳ мекунанду халос. Ҳамчунин, дар ҷомеи имрӯза омӯзгорро эҳтиром намекунанд. Раҳимҷони Ватанқул, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав, мегӯяд: “Ман мехостам, ки омӯзгор ва ё рӯзноманигор шавам, вале волидон ба ин зид баромаданд. Гуфтанд, ки ин омӯзгорӣ худаш чӣ касб аст? Маоши хуб надорад”.

Муҳаммад Шарифзода, корманди милитсия, қайд медорад: “Шахсан, ман ба касби омӯзгорӣ эҳтироми хосса дорам, вале аз сабабе ки аксари аҳли оилаи мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд, ман низ ба ин пеша рӯ овардам. Мехоҳам, ки омӯзгори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ шавам”.

“Омӯзгорӣ касбӣ заҳматталаб, серталош ва пурмасъулият аст. Фикр мекунам, ки аз ин лиҳоз ҷавонон ба ин касб кам таваҷҷуҳ мекунанд. Дар ин миён, баъзе ҷавонони дигар, кам будани маоши омӯзгориро баҳона ҷуста, аз ин пеша худро канора мегиранд. Вале ман, ҳамчун як омӯзгор шикоят аз маош ва имкониятҳои омӯзгорӣ надорам, зеро имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушду пешравии соҳаи маориф як қатор иқдомҳои некро ба роҳ мондааст”, - мегӯяд М. Раҳмонов, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Чӣ тадбирҳоро андешидан мумкин аст?

Аввалан, ҳар як шахсро мебояд, барои муваффақ шудан, мавқеи худро дар ҷомеа муайян кунад. Ҳар шахс дар интихоби касб озод аст, вале ин маънои онро надорад, ки ихтисоси худро аз рӯйи булҳавасӣ интихоб кунад. Дар ин миён, ӯро зарур аст, аз ашхосе, ки пеш аз ӯ ҳуҷҷат барои дохил шудан ба ин ё он донишгоҳ супориданд, маслиҳат пурсад.

“Барои интихоби дурусти касб тавсия медиҳем, ки дар муассисаҳои таълимӣ пайваста чорабиниҳо оид ба фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин, дар ин миён, падару модар низ барои дуруст интихоб кардани касб ҳамеша ба фарзанд машварату маслиҳат диҳанд. Аммо маҷбур кардан лозим нест, ки касби онҳо интихобкардаро бояд фарзанд пеша кунад”, - қайд медорад равоншинос Хайриддин Собиров.

Ҳамин тариқ, интихоби нодурусти касб ба зиндагии иҷтимоӣ, ҳаёти маънавӣ, мавқеи ҷамъиятӣ, зиндагии созанда ва пеш бурдани зиндагӣ бе мушкилӣ, халал ворид мекунад. Тарзи интихоби дурусти касб ояндаи дурахшони инсонро таъмин мекунад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода