Даҳ шаҳру ноҳия нақшаро иҷро карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 972
Даҳ шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Вахш, Норак ва Левакант нақшаи даъвати баҳории навҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро пурра иҷро намуданд.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, то рӯзи 11 май дар сатҳи вилоят нақшаи даъвати баҳорӣ 86,2% таъмин гардид, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ (83,4%) баландтар аст.
Ба қавли манбаъ, ҳамакнун шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Шаҳритус, Темурмалик, Ҷайҳун ва Хуросон дар арафаи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ қарор доранд.
Ёдовар мегардем, ки даъвати баҳории навҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Артиши миллӣ 1 апрел оғоз гардида, то 31 май идома мекунад. Имрӯзҳо маъракаи сафарбарӣ дар вилоят муташаккилона идома дошта, аксари ҷавонон довталабона барои адои хизмати низомӣ изҳори омодагӣ намудаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/