Фарзанди замони наву талоши нав
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 169
(Телевизиони “Кӯлоб” 30-сола шуд)
14 майи соли 1992 ба хотири муқобилият нишон додан дар ҷанги иттилоотие, ки оппозитсия барпо карда буд, дар шаҳри Кӯлоб телевизиони маҳаллӣ таъсис дода шуд. Бо вуҷуди мушкилоти фаннӣ, молиявӣ, кадрӣ ва амниятӣ, бо ибтикори гурӯҳи ҳаваскорон Абдусалом Утаганов, Сайфулло ва Саид Холовҳо, котиби дуюми кумитаи комсомолии Кӯлоб Сафаралӣ Эргашев, журналист Давлаталӣ Раҳмоналиев, ҳунарманди касбӣ Абдураҳим Исмоилов ва дигарон телевизиони Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард.
Шумораи умумии кормандони ТВ «Кӯлоб» он замон 8 нафар буд (соли 2002 – 30 нафар, ҳоло – 70 нафар). Бо пахши гузоришу мусоҳибаҳои сиёсӣ, ҷтимоӣ, инъикоси ҷараён ва манзараҳои ҷанги шаҳрвандӣ, пайомадҳои ногувори он, маросимҳои ёдбуд, инчунин филмҳои бадеӣ, намоишномаҳои театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар муддати кӯтоҳ телевизиони Кӯлоб ҳаводорони зиёде пайдо намуд. Барномаҳои телевизиони Кӯлобро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо дар минтақа, балки дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атрофи он низ тамошо кардан имконпазир буд.
Тавре ки собиқадори матбуоти тоҷик Ҳақназар Ғоиб мегӯяд, телевизиони Кӯлоб фарзанди замони наву талоши нав аст. Воқеан, он як падидаи нави рӯзгори маънавии мо, набзи пурҳарорати ҳаёти фарҳангии мост. Телевизиони Кӯлоб дар рӯзҳои барои халқу Ватан мушкилтарин арзи ҳастӣ намуд, овоз боло кард. Овозе, ки аз дили мо ҳамсадоӣ ёфт. Овозе, ки моро ба ҷонибдории Ҳукумати конститутсионӣ даъват кард ва ин овоз аз ниҳоди ҳазорон ҳазор ватандӯстон акси садо дод. Овозе, ки барои давлати тозабунёди тоҷик такягоҳ овард, балки худ низ бо қудрати маънавию рӯҳӣ ба он такягоҳ гардид.
Тӯли 30 соли фаъолият ин шабакаи телевизионӣ садҳо нафар журналистони касбӣ, ҷавонписарону ҷавондухтаронеро, ки ҳаёти хешро бо кор дар соҳаи журналистика пайванд додаанд, парвариш намуда, барои кор дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ омода намудааст. Тамошобинони телевизиони мазкур номи журналистон Сафаралӣ Бозорзода, Абдураҳим Исмоилов, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Файзалӣ Сатторов, Зубайдулло Қодиров, Бозоралӣ Водиев, Ойтилло Ризоева, Умархон Камолов, Анзурат Ашӯрова, Мутриба Қурбонова, Таҳмина Абронова, Холмурод Ниёзӣ, Суҳробшо Фаррухшоев, Абдусалом Шоев, Рамазон Мирзоев, Неъматулло Кароматов, Назаралӣ Каримов, Икром Холов, Наргис Шарифова, Зафар Умаров, Ситораи Абдурасул, Фарҳод Шафизода, Шариф Ғуломов, Одил Каримов, Музаффар Файзуллоев, Худоёри Бозор, Худоёри Валӣ, Беҳрӯзи Одина ва дигаронро ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намесозанд.
Аз номи аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ҳамкасбонамонро аз телевизиони “Кӯлоб” ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии ин шабакаи телевизионии маҳбуб самимона шодбош гуфта, барояшон комёбиҳои навини эҷодӣ орзумандем.