...Чун бишканад шохи ҷавонӣ, гиряму гирям
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 903
Рӯзи 13 майи соли 2022, соати 15:00 баҳри гиромидошти хизматҳои шоистаи ҳунарманди театр ва кино, нобиғаи нотакрор, ситораи санъати тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маҳфили фарҳангию адабии “Поси хотир” баргузор мегардад.
Ёдовар мегардем, ки Аловуддин Абдуллозода санаи 17 феврали соли 2022 даргузашт.
Ҳунарманди асил ва шахсияти нотакрор Аловиддин Абдуллоев хеле ҷавон ҷаҳони фониро падруд гуфт. Ӯ ба абадият пайваст. Имрӯз мо-ҳаводорони ҳунари ӯ ба зиндагиномаи ин ҳунарманд назар мекунем ва мехоҳем бифаҳмем, ки сирри муваффақият ва маҳбубияташ дар чӣ буд? Ӯ мисли ахтаре равшан шуду хомӯш гашт ва дар дили мо як олам ғаму ғуссаро ба ҷой гузошт. Дар ҳақиқат, ҳам ӯ маҳбуби ҳамагон буд ва ӯро дар хориҷ аз Тоҷикистон низ хуб мешинохтанд.
Ҳоло пас аз ин суханони сӯгворӣ мо дар навиштаи иҷмолии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки падидаи ин шахсиятро бифаҳмем. Биҷӯем ва дарёбем, ки ӯ аз куҷо маншаъ мегирад ва оё метавонист бештар аз ин умр бинад ва боз образҳои дигаре низ биофарад. Вақте мо достони зиндагии ӯро варақ мегардондем, барои мо бармало мешавад, ки шахсе мисли Аловуддин Абдуллоев, ки ба қавли худаш қалби ҳассосаш «хулбут ё фулх» шуда буд, наметавонист бештар аз ин зинда монад. Мо медонем, ки чанде аз ҳунарпешаҳои асил, ҳатто дар саҳнаи театр ё синамо ҷон додаанд.
Аловуддин аз зумраи ҳунарпешагоне буд, ки истеъдоди фитрӣ, модарзодӣ ё худовандӣ дошт. Он зоти пок ба ӯ истеъдод ато карда буд ва вақте истеъдод бо талош ва кӯшиши инсон ва ҷойи муносиб тавъам мешаванд, дар ҳақиқат он нахл борвар мешавад ва мевааш хеле ширину гуворо ба бор меояд. Ба назари мо, дар шахси Аловуддин чунин ҳодиса рух дода буд, яъне истеъдоди Худододӣ бо талошу кӯшиш ва ҷойи муносиб тавъам омада буд.
Маъмулан, ҳунари актёриро ҳунармандон дар донишгоҳ, саҳнаҳои театрӣ ва саҳнаҳои филмӣ аз ҳунармандони асил меомӯзанд. Хушбахтона, ба Аловуддин Абдуллоев муяссар шуда буд, ки бо ҳунарпешагоне мисли Марям Исоева, Убайдулло Раҷаб, Қиёмиддин Чақалзод, Ато Муҳаммадҷон ва дигарон дар як саҳна ҳунар биофарад ва аз ин устодони ҳунар нозукиҳои касби актёриро биомӯзад ва онҳоро бо наҳви аҳсан аз худ намояд. Вақте ки ӯ касби ҳунар мекард, худ месабзид ва роҳи худро пайдо мекард.
Баъзеҳо, зуд роҳи худро пайдо мекунанд ва хелеҳоро аз паси худ мебаранд ва мактаби худро асос мегузоранд. Аловуддин Абдуллоев аз қабили чунин ҳунарпешагон буд. Яъне ӯ дар муддати хеле кӯтоҳ театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтарро дубора эҳё карда, як гурӯҳи ҳунарии хеле хуберо созмон дод.
Дар шароите, ки инсонҳо тавассути технологияи иттилоотӣ ба ҳамаи расонаҳо дастрасӣ доранд ва намоишнома ва филми хостаи худро дар они воҳид аз расонаҳо дарёфт мекунанд, мардумро ба театр овардан кори осон набуд.
Аммо Аловуддин тавонист аз уҳдаи ин кори мушкил барояд ва намоишномаҳои ӯ моломоли мардум буданд. Ҳамеша ҳам ҳамин тавр будааст, ки шахсиятҳое меоянд ва кореро барои миллату давлат анҷом медиҳанд ва дар лаҳзаҳои хеле ҳассос ва нозук ҷаҳонро падруд мегӯянд.
Мо, ба унвони шахсони ҳаводори ҳунари волои ӯ сухане чанде перомуни зиндагӣ ва ҳунари ин нобиғаи даврон иброз дошта, дар сӯгвории ӯ гиря ба афлок додем.
Зи пурборӣ агар шохи дарахте бишканад, ғам нест,
Вале чун бишканад шохи ҷавонӣ, гиряму гирям.
Агар умр вафо мекард, 15 май ин ҳунарманди зиндаёд 57-сола мешуд.
Рӯҳат шод ва хонаи охиратат обод бод, дӯсти ҷавонмарги мо, Аловуддин!
Шарифхон Шарифзода,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...