МУҲАББАТИ ЗИНДАГӢ АЗ ОИЛА МАНШАЪ МЕГИРАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 240
Воқеан ҳам оила дар ҳама давру замон чун ҷавҳари ҷомеа мақому манзалати хосеро доро буда, ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.
Дар остонаи Рӯзи оила ба суроғи яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Кӯлоб оилаи Валиевҳо равон шудем. Ҳинни расидан ба хона ӯро бо ҳамсараш Гулизор Тоҳирова, як зумра гулдухтарон ва набераву абераҳояш дар саҳни ҳавлияш, ки саргарми суҳбат буданд, дарёфтем.
Зимни суҳбат аён гардид, ки Зафар Валиев ҳамроҳи ҳамсараш Гулизор Тоҳирова тӯли 50 сол инҷониб зиндагии хуш ва шоистаро паси сар намуда истодаанд. Онҳо изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати кишвар, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии имрӯзаи оилаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, то оилаҳо дар ҷомеа ҳамеша солиму пойдор бошанд.
Зафар Валиев, ки солҳои тӯлонӣ умри хешро дар соҳаи фарҳанг сипарӣ намудаааст, бо хушнудӣ чунин таъкид дошт: "Дар яке аз ҷаласаҳо бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доштем. Баъди ин мулоқоти самимӣ бо Роҳбари давлат бори аввал бо иштироки 10 ҳазор гулдухтарон як аз чорабинии фарҳангӣ омода намудам".
Оилаи Валиевҳо дилбохтаи духти ҳунари чакандӯзиро то имрӯз идома дода, дар чандин фестивалҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳурӣ ва байнамилалӣ иштироки фаъолона дошта, чаканро бо тарҳи нав муаррифӣ намуда истодаанд. Ин оила дар шаҳри бостонии Кӯлоб зиндагии пур аз шодиву фараҳ насибашон гардидаву имрӯз ҳам дар ривоҷ ва рушди чакан саъю талош меварзанд.
Зафар Валиев ва Гулизор Тоҳирова соҳиби 8 фарзанд, 40 набера ва 6 абера мебошанд. Имрӯз ин оила аз давлати тинҷу осуда, дастгириҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдорӣ намуда, шукргузор аз он ҳастанд, ки дар кишвари орому осуда ва сулҳу ваҳдат пойдор умр ба сар бурда истодаанд.
Далер Шарифов,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...