Содироти маҳсулоти кишоварзӣ – омили рушди иқтисод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 223
Дирӯз, 3 май, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода вобаста ба масъалаҳои мусоидат ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ситоди вилоятӣ доир гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ширкат доштанд. Зимни ифтитоҳи ҷаласаи ситод раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолони вилоят рӯзи 24-уми феврали соли 2022 супориш доданд, ки соҳаҳои саноату кишоварзиро рушди тоза бахшида, бояд ба содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар ноил гардем.
- Ҳадафи асосии ситод дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолгарони ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардонидани ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони вилоят мебошад, - қайд кард раиси вилоят. - Яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ - ин дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани содироткунандагони ватанӣ мебошад. Бинобар ин, масъулон аз талаби пардохтҳои беасос даст кашида, тавассути хадамоти гумруку омор ва дигар мақомоти назоратӣ ҳуҷҷатгузориҳо дар вилоят ба расмият дароварда шавад. Дар самти банду баст ва омода кардани маҳсулот барои содирот ба хориҷи кишвар, нарх, сифат ва бехатарии маҳсулот назорати ҷиддӣ баранд.
Дастур дода шуд, ки аз тарафи аъзои ситод гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, бо деҳқон ва истеҳсолгарону соҳибкорон машваратҳо гузаронанд, тариқи шабакаҳои телевизионӣ рафти баргузории машваратҳо, банду басти маҳсулоти барвақтӣ, фоидаҳо аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи роҳи оҳан, инчунин фаровонии маҳсулоти содиротшавандаро намоиш диҳанд.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ҳар як истеҳсолгар, ҳар як соҳибкори ватанӣ ва содироткунандаи маҳсулотро водор месозад, ки маҳсулоти босифат, рақобатпазир, ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандарти байналмилалиро ба инобат гирифта, бо маҳсулоти истеҳсолкарда ва содиротшаванда Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда тавонад.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, сабзавоти барвақтӣ ва мева нисбати дигар минтақаҳои Тоҷикистон 15-20 рӯз пеш пухта мерасад. Аз ин нигоҳ барои содироти маҳсулот 40 вагон-қатора омода буда, нигоҳдории маҳсулот дар анборҳои истгоҳҳои роҳи оҳани вилоят ройгон мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар поёни ҷаласаи ситод афзуд, ки вазифаҳо барои масъулин мушаххасанд. Сохторҳои марбутаро лозим аст, ки дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар кор бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва бозорҳои истеъмолӣ саҳмгузор бошад.
Бояд гуфт, ки то 3 майи соли 2022 аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар тухми офтобпараст, донаи зардолу, писта, чормағзи заминӣ, меваи хушк, мағзи писта, пиёз, себ, олу, зардолу, сабзӣ, сирпиёз, лаблабу, карам, лимӯ ва ангур содирот шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/