Дастгирии эҳтиёҷмандон аз хислатҳои наҷиби инсонист
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 527
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳаким зода ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Мову шумо дар арафаи иди саиди Фитр, ки барои тамоми мардуми мусулмон муътабару муборак аст, қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамаи сокинони шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, барояшон умри дароз, саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллиамон - 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Маҳз бо шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имконият пайдо намудем, ки иду ҷашнҳои милливу суннатиамонро дар фазои сулҳу осоиш, якдигарфаҳмӣ ва дӯстию эҳтиром истиқбол гирем.
Иди Фитр яке аз маросими пурфайзи маънавие мебошад, ки дар айёми он ба дилҳои мардум нури маърифату муҳаббати илоҳӣ ворид гардида, торикӣ ва кинаву кудурат аз онҳо берун меояд. Зеро дар моҳи пур аз каромату раҳмати Рамазон ва шаби қадр мусулмонон бо доштани рӯза, дуои нек, зикру тиловати оятҳои раббонӣ дилу рӯҳи худро пок месозанд.
Дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам (с) омадааст: «Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед». Дар асоси таълимоти дини мубини ислом, дар моҳи шарифи Рамазон додани садақа, закот ва фитри рӯза ба нафарони эҳтиёҷманд, ятимон, маъюбон аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз суннатҳои рӯза тарбия намудани эҳсоси ҳамдардӣ ба муҳтоҷону мустамандон ва кумаку дастгирии онҳо на фақат дар моҳи шарифи Рамазон, балки дар тамоми моҳу айём мебошад.
Имсол ҳам барои дастгирии мардуми камбизоат, ятимон, маъюбон ва муҳтоҷон бо ҳидоятҳои бевоситаи Роҳбари давлат корҳои хайри боарзише сурат хоҳанд гирифт.
Дар арафаи иди саиди Фитр роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ уҳдадор гардидаанд, ки садақаи фитрро ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ намуда, ба нафарони эҳтиёҷманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷоти онҳо кумакҳо намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд кардаанд, ки «Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро саривақт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахсус дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус дидаанд, фаромӯш накунем».
Ба хотири манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамояд, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, маблағҳои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоем, ба ҷойи харҷи беҳуда ба фарзандон шароити мусоиди илмомӯзӣ ва зиндагии шоистаро фароҳам оварда, дар ин росто фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ба камол расонем.
Бори дигар иди саиди Фитрро ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат ва хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...