Се ноҳия дар як рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 123
Рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ доир гардид. Дар ин ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарони даъватшавандагон иштирок доштанд.
Ин ҷавонони худогоҳу ватандӯст ҳама бо хоҳиши худ шомили қисмҳои низомӣ гардида, мақсад доранд, ки бо сари баланд хизмати Ватан-модарро ба ҷо биёранд. Даъватшавандагон, ки шумораи онҳо зиёда аз 1000 нафарро ташкил медод, бо либоси махсус дар майдон саф оростанд.
Нахуст, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода даъватшавандагонро барои пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шодбош гуфта, ба онҳо матонату ҷасурӣ ва ҳушёриву зиракӣ таманно намуд.
- Ҷавонони азиз, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардум, аз ҷумла падару модарон, хоҳару бародарон дар симои ҳар яки шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд ва боварӣ доранд, ки ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан-модар, дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед, - баён дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Маълум гардид, ки дар натиҷаи корҳои оммафаҳмонӣ якчанд ноҳия, аз ҷумла Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва ноҳияи Фархор аллакай дар рӯзи аввали даъват нақшаро бо сари баланд иҷро карда, фарзандони бонангу номуси худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат равона намудаанд. Ноҳияҳои Данғара, Вахшу Балҷувон тавонистанд, ки қисмати зиёди нақшаро иҷро намуда, ҷавонмардони шуҷою далери Ватанро ба хизмати аскарӣ сафарбар намоянд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки аллакай нақшаи даъвати баҳориро ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос карда, гуфт, ки баҳри иҷрои нақшаи даъват масъулин бояд ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа вусъат бахшида, мушкилот, муроҷиати онҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба даъвати ҷавонписарон марбутанд, дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда сари вақт ҳал намоянд ва даъвати баҳориро дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил кунанд.
Бояд зикр кард, ки барои соҳибкасб шудани ҳар як даъватшаванда курсҳои махсуси ронандагӣ кушода шуда, тибқи иттилои расмӣ, дар даъвати тирамоҳии соли 2021 ва даъвати баҳории соли 2022 беш аз 610 нафар даъватшавандаҳо дар Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ ҷалб карда шуданд.
Навдаъватшаванда Наврӯзи Достӣ бо шукргузорӣ аз осмони софу тинҷиву осоиштагии кишвар изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҳама ҳолат марзу буми ватан ва фазои осудаи кишварро ҳимоят мекунанд.
- Боиси ифтихор аст, ки тӯли 6 моҳ боз дар қисми ҳарбии 07256 ифои хизмат мекунам. Хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва гузаштан аз ин мактаби мардонагӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвари маҳбубамон мебошад. Аз ҳамаи он нафароне, ки синнашон ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ аст, даъват ба амал меорам, ки баҳри ҳифзи меҳан ва халқу миллати хеш сипар бошанд, - гуфт иштирокчии чорабинии мазкур Наврӯзи Достӣ.
Забиров Шораҳмат, падари яке аз даъватшавандаҳо, зимни суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” чунин гуфт: “Ман чор писар дорам. Се нафараш хизмати ҳарбиро адо намудаанд. Имрӯз фарзанди охиринамро ба хизмати Ватан гуселонида истодаем.
Бароям мояи ифтихор аст, ки ҳамаи фарзандонам аз мактаби мардонагӣ, далериву шуҷоат гузаштаанд. Имрӯз, фарзандони мову шумо хизмати ҳарбиро адо накунанд, пас, кӣ мекунад? Ҳамаи мо бояд ба хизмати давлату миллат омода бошем”.
Дар ҷамъомад ҳамчунин қайд гардид, ки солҳои охир масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ, тарбияи ватанпарастӣ ва бозтоби шароити будубоши сарбозон дар қисмҳои низомӣ роҳи ҳалли худро ёфта, теъдоди ихтиёриён ба сафи Артиши миллӣ афзун гардида истодааст.
«Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба арзишҳои баланди ватандорӣ натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат, ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ мебошанд. Ҳамасола аз тарафи мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1000 нафар ҷавонон дар курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ ва пойафзолдӯзӣ ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта мешаванд. Имсол барои маблағгузории курсҳои ронандагӣ дар сохторҳои ТҶММ дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 390 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст», - афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Дар охир раиси вилояти Хатлон ба даъватшавандаҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурда, ба онҳо зиракиву ҳушёрӣ, саломатии бардавом ва рӯзгори хушу ободро таманно намуд.
Барномаи консертии аҳли фарҳанги вилоят анҷомбахши ҷамъомади тантанавӣ гардид, ки табъи сарбозонро болида намуд.
Н. МАЪМУРЗОДА,
Фирдавс УМАРОВ,
“Хатлон”