Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сафари кории Сарвазир ба Хатлон


Сафари кории Сарвазир ба Хатлон



Дирӯз, 4 апрел, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари серӯзаи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ташриф овард.

Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.


Нахуст, Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят аз рафти амалишавии лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и “Норак” боздид ба амал оварданд. Тибқи маълумот, таҷдиди НБО-и “Норак” дар ду марҳила ба иҷро расонида мешавад.


Дар аснои боздид Қоҳир Расулзода ба пудратчиён вобаста ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ тавсияҳо доданд. Сипас, Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар ноҳияи Данғара аз рафти корҳои васлкунии таҷҳизоти навбати 3-юм ва 4-уми сехҳои бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагии ҶСП “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил”, воқеъ дар деҳаи Корез, дидан намуданд.


Ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Тибқи нақша, ба истифода додани марҳилаи нави корхонаҳои мазкур дар соли 2022 пешбинӣ карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии иншоот идома дорад.


Сипас, Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар маросими оғози кишти пахтаи ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», воқеъ дар деҳаи Шаҳбур, иштирок ва, бо кишоварзон суҳбат карданд.


Гуфта шуд, ки ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» соли гузашта дар майдони 1886 гектар замин пахта кишт карданд ва аз он 7210 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 38,2 сентнерро ташкил дод. Қоҳир Расулзода ҳангоми суҳбат бо кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили баланд маслиҳатҳои муфид доданд.


Дар идомаи сафари корӣ 4 апрел Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят ба ноҳияи Фархор ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии “Султон Тиҷорат”, воқеъ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” ширкат карданд. Ин иншоот бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Норасов Муҳаммадшариф дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.


Гуфта шуд, ки дар коргоҳи мазкур 30 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар коргоҳи мазкур айни ҳол дӯхти либосҳои мактабӣ ва пероҳанҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.


Сипас, Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии Ҷ. Қаюмови Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” шиносоӣ пайдо намуданд.


Бо иштироки Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар хоҷагии мазкур кишти пахта оғоз карда шуд. Хоҷагӣ имсол дар 17,5 га замин пахта кишт мекунад. Дар хоҷагӣ 135 нафар саҳмдорон фаъолият доранд.


Зимни суҳбат бо кишоварзон қайд гардид, ки хоҷагӣ дар қаламрави ноҳия яке аз хоҷагиҳои дорои таҷрибаи пешқадам мебошад. Инчунин, оид ба истифодаи самараовари заминҳои кишт, рӯёндани 2-3 ҳосил дар як сол ва истифодаи нуриҳои минералии табиӣ тавсияҳои судманд дода шуд.


Дар идома Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Фархор бо гурӯҳи корӣ Маркази саломатии деҳаи Афардии Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод”-ро, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Рустамов Хайрулло дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз ёфта, барои бунёди он наздик ба 700 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.


Дар ноҳияи Фархор Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода инчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимию тиббӣ ва иншооти соҳаҳои кишоварзию обрасонӣ шинос шуданд. Дар идомаи сафар рӯзи 4 апрел Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар фабрикаи парандапарварӣ, воқеъ дар деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти “Даштигуло” боздиди карданд. Ин фабрика барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезии мурғ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назаров Бобомурод ба маблағи зиёда аз 1,2 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст.


Марҳилаи якуми бунёди фабрика дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, барои парвариши 13700 сар паранда пешбинӣ  гардидааст.


Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти пахта дар Кооперативи истеҳсолии «Агроглобал»-и деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки майдони заминҳои корами кооператив 115 гектарро дар бар гирифта, шумораи коргарони он аз рӯйи саҳми замин 380 нафарро ташкил мекунад. Самти фаъолияти кооператив асосан ба парвариши зироати пахта, ғалладонагиҳо, сабзавот ва хӯроки чорво нигаронида шудааст.


Пасон, Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни сохтмони ҳавзи обтаҳшинкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ шинос шуданд. 


Бо мақсади дар оянда бо оби соф таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ дар доираи Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” ва сармояи хориҷӣ дар масоҳати 36 гектар ҳавзи обтаҳшинкунак бунёд гардида истодааст. Бунёди ин иншоот дар доираи лоиҳаи мазкур ба маблағи зиёда аз 226 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. Айни ҳол дар ҳаҷми 68,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.


Қоҳир Расулзода вобаста ба таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмири саддҳои обпарто ва пешгирии хавфи обхезӣ ҳангоми баланд гардидани сатҳи оби дарё, истифодаи сабарабахши техника ва механизмҳои лозимӣ ба масъулин дастурҳо доданд.


Сафари кории Сарвазири мамлакат имрӯз, 5 апрел, дар шаҳри Кӯлоб, навоҳии Восеъ ва Муъминобод идома мекунад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода