Шумораи номинатсияҳои “Неруи сухан” ба 10 адад расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 186
Имсол озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони “Неруи сухан” аз рӯйи 10 номинатсия баргузор мегардад. Бо ташаббуси раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ин озмуни ҳарсолаи эҷодӣ се номинатсияи нав – “Беҳтарин наворбардор/ саҳифабанди нашрия”, “Беҳтарин котиби матбуотӣ” ва “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ворид карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020, №10, “Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан»” ҳамасола бо мақсади таҳкими ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, дастгирии рӯзноманигорон, собиқадорони матбуот, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму ойин ва арзишҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона ширкат меварзанд, инчунин сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон озмуни “Неруи сухан” баргузор карда мешавад.
Тибқи низомнома, озмуни мазкур ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик - 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон аз рӯйи 10 номинатсия, ба ҳар номинатсия ба маблағи 1500 сомонӣ (барои ҷойи якум), 1000 сомонӣ (барои ҷойи дуюм) ва 500 сомонӣ (барои ҷойи сеюм), ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ, мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.
Дар озмуни “Неруи сухан” рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилояти Хатлон ва намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.
Ҳоло қабули маводи довталабон ба озмуни “Неруи сухан” аз рӯйи номинатсияҳои “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ”, “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”, “Беҳтарин барномаи радиоӣ, подкаст ва маводи интернетӣ”, “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)”, “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ”, “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ”, “Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, “Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия”, “Беҳтарин котиби матбуотӣ”, “Рӯзноманигори соҳибмактаб” оғоз гардида, то 31 январ идома мекунад.
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри соли 2021 пахш ва ё нашр гардида бошад.
Қобили зикр аст, ки феълан қабули маводи довталабон ба Ҷоизаҳои адабии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин (назм), Носири Хусрав (насри бадеӣ) ва Соҳиб Табаров (дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ) идома дорад. Ғолибони ин ҷоизаҳои вилоятӣ, ки ҳар яке 5000 сомонӣ мукофот дорад, дар ҳамоиши бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, дар моҳи марти имсол, эълон хоҳанд шуд.