Қурбон Ҳакимзода: “Ҷавонон ҳамқадами замон ва ояндасоз бошанд”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 032
29 декабр дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар вохӯрии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷавонони вилоят баргузор гардид. Паёми Пешвои миллат, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷавонони вилоят дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти мазкур буд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ибтидои суханронии худ аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, барои ноил шудан ба ормонҳои миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, ҷавононро тарғиб намуд, ки аз илмҳои муосир баҳравар гардида, бо омӯхтани на кам аз ду забони хориҷӣ мутахассисони хуб шаванд ва оянда идоракунии дастгоҳҳои саноатиро дар маҳал ба дӯш гирифта, рушди бемайлони онро таъмин намоянд.
Тадбирандешӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар аз ҳадафҳои дигари давлат маҳсуб гардида, таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаю бунёдкор дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд.
- Дар ҳақиқат, мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз манфиати шахсию гурӯҳӣ боло медонанд, - афзуд раиси вилоят. - Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар тамоми маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҳангоми сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам ҷавонон ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ мерасанд.
Қайд гардид, ки соли гузашта дар асоси дастури Роҳбари давлат шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 адад расонида шуд. Аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.
Дар ин муддат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 нафар расонида шуд, ки ин ғамхориҳо бозгӯи он аст, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин неру ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавононро лозим аст, ки дар шароити рушди технологияи муосир, дар навбати аввал, ҳамқадами замон бошанд, омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани касбу ҳунарро, ки роҳи ягона ва ояндасози рушди ҷомеа аст, рисолати аслии худ интихоб намоянд.
Яке аз ғамхориҳои дигари Пешвои миллат барои насли имрӯзу фардои кишвар ин аст, ки зимни ироаи Паёми имсола супориш додаанд, ки дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин таъкид намуд, ки хоинону ифротгароён ба ҷомеа бо ҳар роҳ зиён расонида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷалбсозию мағзшӯии ҷавонон машғул гардида, аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ ва сустирода сафи худро афзуданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин кӯшишҳои мағзшӯӣ муқовимати устувор нишон диҳанд. Мо тавассути ҷалби аҳолӣ, махсусан ҷавонон ба китобхонӣ, метавонем ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузошта, ба ҷойи муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем.
- Бинобар ин, мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем, ба насли ҷавону наврас тарзи ҳаёти солим бидуни ҳар гуна ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем, - масъалагузорӣ кард раиси вилоят. - Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки ҷавонон барои бекориву зоеъ рафтани вақт фурсат наёбанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар идома афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Хатлон дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷиҳати дастгирии варзишгарон ва рушди кори соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида, барномаҳои самти варзишро пурра дастгирӣ карда истодааст. Барои муқоиса хотирнишон гардид, ки агар шумораи умумии иншооти варзишӣ соли 2015 дар вилоят 3483 ададро ташкил медод, ин нишондод дар соли 2021 дар умум ба 4030 иншооти варзишӣ расид.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 547 иншооти соҳа, аз ҷумла 117 толори варзишӣ, 329 майдончаи варзишӣ, 65 майдончаи бозии кӯдакона ва 36 адад дигар намуди иншооти хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои рушди кори соҳа ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши созгор хоҳад гузошт.
Пас аз суханронии раиси вилоят маросими тақдими Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 58 нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун баргузор гардид. Ҳамзамон аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба 30 нафар ғолибони даври ҷумҳуриявии озмунҳои “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба андозаи аз 1000 то 3000 сомонӣ мукофоти ҳавасмандӣ, ба 17 ғолиби мусобиқаи варзишӣ, 6 нафар беҳтаринҳои соҳаи варзиш, инчунин барандагони ҷойҳои аввали мусобиқаҳои варзишӣ миёни идораю ташкилотҳои вилоятӣ, ки барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳам рақобат карданд, диплому мукофотҳо тақдим карда шуд.
Барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ бо иштироки ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” анҷомбахши ҳамоиши мазкур буд.
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”