Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Маъюбӣ монеи ҳунармандӣ нест


Маъюбӣ монеи ҳунармандӣ нест


    Агарчи дар оилаи Бегмуродовҳо се нафар шахсони имконияти маҳдуддошта умр ба сар мебаранд, аммо онҳоро дар шаҳри Бохтар на аз лиҳози маъюбӣ, балки аз ҷиҳати ҳунармандиашон мешиносанду эҳтиром мекунанд. Дар бораи Асалмоҳ ва Назрбӣ Бегмуродова аз савдогарони бозор шунидем, ки харидорони асосии маҳсулоти омодакардаи онҳо мебошанд. Хосатан, Назрбӣ маҳорати дӯзандагию бофандагии хуб дораду Асалмоҳ аз уҳдаи дӯхти босифати борхалтаҳо мебарояд. Ин ҳунари онҳо ба зиндагиашон ранги дигар бахшид.

    Бо мақсади пайдо кардани Назрбӣ ва Асалмоҳ ба Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи маъюбон” дар шаҳри Бохтар муроҷиат кардем. Абдусамад Бобоҷонов, роҳбари ташкилоти мазкур изҳор дошт, ки Назрбӣ ва Асалмоҳ аз ҷумлаи фаъолони ташкилот буда, маҳсули дастранҷи онҳо дар чорабиниҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин, маротибаи чандум аст, ки маҳсули дасти Назрбиву Асалмоҳро ташкилоти маъюбон харидорӣ намуда, барои меҳмонон ва хориҷиён чун савғотӣ пешниҳод мекунад. Дар ташкилоти номбурда бо Сарварбӣ Расулова, маъюби гурӯҳи якум ҳамсуҳбат гаштем, ки аз ҷумлаи дӯстони Назрбиву Асалмоҳ мебошад. Сарварбӣ низ чун дӯстонаш маҳорати бофандагӣ дошта, дар бораи маҳорат ва зиндагии худ қисса намуда, аз маҳорати баланди Назрбию Асалмоҳ ёдовар гардид. Изҳор дошт, ки онҳо аз ҷумлаи шахсони имконияти маҳдуддоштае мебошанд, ки худро баробари нафарони комилан солим мегузоранд ва баробари онҳо дар пешрафти ҷомеа ва зиндагии худу наздикон саҳм гузоштан мехоҳанд. Маҳз ин амали онҳо барои дигар нафарони имконияти маҳдуддошта намунаи ибрат мебошанд.
Сипас, бо роҳбаладии роҳбар ва кормандони
ташкилоти ҷамъиятии маъюбон ба хонаи Бегмуродовҳо, ки дар кӯчаи Баҳори шаҳри Бохтар воқеъ аст, сафар намудем. Чун вориди хона гаштем, Назрбиву Асалмоҳро дар сари кор дарёфтем. Назрбӣ бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии меҳан изҳор дошт, ки дар фазои тинҷу ороми Ватан маҳорати худро такмил дода, ҳамарӯза ба бофандагиву дӯзандагӣ пардохта, бо ин васила барои пешбурди зиндагӣ қути лоямут пайдо мекунад. Агар пойҳоям кор накунанд ҳам, дастони солим ва ақлу заковати расо дорам, ки дар ҳоли аз онҳо истифода кардан корҳои зиёдро анҷом доданам мумкин аст. Пас, чаро ман дастнигари каси дигаре бошам? Аз модарам ҳунарҳои зиёди дӯзандагию бофандагиро омӯхтаам, ки имрӯз бо истифодаи онҳо рӯз мегузаронаму аз касе қарздору муттаҳам нестам. Маҳсули дасти Назрбиро асосан барои чодари наварӯсакон ва гаҳвораи тифлакон бештар мехаранд. Дар тӯю маърака ва чорабиниҳо ин ҳунари мардумӣ харидори бисёр дорад. Мавсуф илова кард, ки солҳои пешин ба ин корҳо камтар машғул будем. Аммо чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, таваҷҷуҳи мо ба ин ҳунарҳо бештар гардид ва идеяи бештар омода кардани намудҳои гуногуни бофандагӣ ва дӯхти болишту курпача бо истифодаи гулдӯзию зардӯзӣ ба сар омад. Аз ҳамон сол сар карда, кори мо барор гирифт ва батадриҷ харидорони доимии маҳсули ҳунари худро пайдо кардем. Раҳмат ба Пешвои миллат, ки дар фикри мардуми худ мебошад. Асалмоҳ низ ҳамроҳи Назрбӣ ба дӯзандагӣ машғул мебошад. Аммо ӯ бештар ба дӯхти борхалта ва курпачаву болишт рағбат дорад. Зеро аз ин корҳо маблағи зиёдтар ба даст овардан осонтар мебошад. Дар як рӯз имкони то 30 борхалта дӯхтанро доранд. - Барои халтаи зиёд омода кардан маблағ лозим аст ва чунин маблағро мо надоштем. Шунидем, ки ташкилоти ҷамъиятии маъюбон барои маъюбони ҳунарманду соҳибкор қарзҳои имтиёзнок медиҳад ва ба онҳо муроҷиат карда, маблағи лозимаро гирифтем. Борхалтаҳои зиёд дӯхта ба воситаи пайвандон ба бозор бурдем ва харидорони зиёд пайдо кардем. Акнун борхалтаҳои омодакардаи моро омада, аз хона харидорӣ карда, ба бозор мебаранд, - гуфт Асалмоҳ.
Ӯ илова кард, ки фарзандаш низ маъюб мебошад. Ба ҳамин хотир, барои нигоҳубини кӯдаки маъюб маблағи бештар зарур аст. Аз ин лиҳоз, кӯшиш мекунад, ки ба дӯхти ҳамарӯзаи борхалта ва кӯрпаву болишт машғул шуда, маблағи бештар ба даст биёрад. Абдусамад Бобоҷонов изҳор дошт, ки дар ҷамъияти мазкур 447 нафар шахсони имконияти маҳдуддошта аъзо мебошанд, ки зиёда аз 100 нафар аъзоёни ҷамъият дорои ҳунару маҳорати махсуси худ мебошанд. Бинобар ин, ба зиёда аз 120 нафар аъзои хоҳишманд маблағи қарзии имтиёзнок дода шудааст, ки онҳо дар фаъолиятҳои гуногун истифода карда, ба монанди Назрбӣ ва Асалмоҳ зиндагии худро беҳтар карда истодаанд. Ин бо маблағгузории ташкилот ва шахсони саховатпеша амалӣ мегардад. -Шахс бояд аз зиндагии худодода носипосӣ накунад. Дар кадом шакле, ки инсон офарида шудааст, бояд зиндагӣ ва шукр кунад. Одам бояд машғулияте дошта бошад, ки худро банд кунад ва манфиате ба даст биёрад, - афзуд Назрбӣ, – Ғайр аз ин, соҳибкороне ҳастанд, ки боз барои имконияти маҳдуд доштанамон кӯмакрасонӣ мекунанд. Аз ҳамаи онҳо миннатдорем. - Бо кумаки соҳибкорон ба мо мошинаи дарздӯзӣ дода шуд, ки кори моро осон гардонид, - изҳор дошт Асалмоҳ. Мавсуф дар идомаи суҳбат ба хонаи истиқоматиашон ишора карда, гуфт, ки имрӯз ҳаракат карда истодаем, то хонаамонро таъмири ҷорӣ кунем, аммо даромади мо барои зиндагиву хӯрдан мерасаду бас. Лекин аз ин ҳама дилмонда нестем ва талош менамоем, ки ин орзуямон солҳои оянда амалӣ карда шаванд. Воқеан ҳаёти чунин ашхос на танҳо барои маъюбон, балки барои одамони солим ибратомӯз мебошад. Зеро аксаран шахсони солим аз набудани кору имконият шиква мекунанд, аммо дар асл онҳо аз қаҳрамонҳои мо дида имконият ва шароити беҳтар доранду худ бехабаранд.

С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода