Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Дар як маҳаллаи нав роҳгузар будем. Хонаҳои навсохти замонавӣ бо дарвозаҳои нақшини оҳанин, дару тирезаҳои пластикиву насби кондитсионеру антеннаи параболӣ, дар роҳрав мошину скутер аз сатҳи зиндагии хуб далолат мекарданд. Хурсанд мешавӣ, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар шудаву имконияту шароити хуб фароҳам омадааст. Одамон ҳамқадами замон шудаанд. Дар болои дарвозаи боҳашамати хонаи дуошёна чашмам ба буттаи хордори гирд афтод. Хори ғайриодӣ, шояд дар кӯҳистон ё биёбон рӯяд. Соҳиби хона аниқ онро аз шаҳр наовардааст. Ҳамроҳам низ онро пайхас карда гуфт:
-Инро хори чашмӣ мегӯянд. Аз назари бад нигоҳ медорад.
-Ээ, барои ин хондани сураи “Фалақ”-басанда. Худо аз ҳасуди бандагонаш нигаҳ дорад. Ин корҳо бидъатанд,- мефаҳмонд ҳоҷибибие.
- Як хел одамон ҳоло ҳам бозубанд ё тӯмор гирифта мегарданд,-механдид зани ҷавоне.
Аз баҳси занон ба андеша рафтам. Чаро одамон доимо аз назари бади одамон, ҳасудхӯрон эмин монданро бо ҳар роҳ ҷустуҷӯ кардаанд? Яке ҳамели қаламфурро дар даромадгоҳи хона меовезаду дигаре устухони хушкшудаи косахонаи гӯсфандро. Одатан, кӯдакон, ки ширинаку зебоянд, барои падару модар аз чашми бад нигоҳ доштани онҳо ташвиши зиёдатист. Дар банди дастони кӯдак ё банди гаҳвора бастани муҳраҳои сиёҳу сафеди чашммонандро бисёр дидаем. Вақте ки кӯдак бисёр ғаш мекунаду бетоқат мешавад, бовар мекунанд, ки ба ӯ чашм расидааст. Аз пайи кинабарорӣ ё дегдонфарорӣ шуда, киначиро мекобанд.
Ёд дорам, дар кӯдакиамон кампираки ҳамсоя киначӣ буд. Бисёр одамон, хурду калон рӯзона ва шабона ба наздаш меомаданд. Аз болои девори пастаки хона “табобат”-ашро тамошо мекардем. “Нарзи даст”-аш арзон буд. Барои кинабарорӣ як пиёз, тангаи 5-тина ё 10-тина мегирифт.
Барои шунидани дуои шеърмонанди ӯзбекияш бесабабу босабаб хоҳару додарчаамонро мебурдем. Момои киначӣ эҳтиёткорона кӯдакро ба бағалаш гузошта, чунин мегуфт: “Кина бошӣ, баро, ман баромадам, ту ҳам баро. Кинаи очаш бошад, баро, кинаи оташ бошад, баро. Ба дашту саҳро рав”. Се буридаи нонро ба сару рӯй ва шиками кӯдак молида, паёпай хамёза кашида, “воҳ-ваҳ”мегуфт.
Аз зӯри хамёза оби дидааш мерехт. Бо рӯймолчааш пок карда, дуохонияшро давом медод. Он нонпораҳоро мефармуд, ки зуд ба саг ё гурбае диҳем. Дар охир ба кӯдак панҷаи об зада, ба тахтапушташ тап-тапкунон нармаки гӯш ва дасту пойҳои кӯдакро меафшонд. Ин манзараи гипнозмонанди кампираки нуронӣ бо куфу суфаш, бо накҳати қаламфургарданаш, бо масҳу дуояш моро чунин тасхир менамуд, ки ба шифои дард ихлос мекардем. Лаҳзае дар олами афсун мемондем.
Баъди таҳсил дар мактаб, омӯхтани илмҳои табиӣ фаҳмидам, ки инсон аз печу тоб хӯрдани меъдаву рӯда, қабзият нороҳат шуда, ба дарди шикам гирифтор мешудааст. Имрӯз аскарият дар ин ҳолат ба духтур муроҷиат мекунанд ё аз дорухона ҳабҳои зидди печутобро гирифта, истеъмол мекунанд. Рекламаҳои телевизион ҳар соат доруҳоро тарғиб мекунанд. Мардум дигар ба кинаву киначӣ бовар надоранд. Момоҳои киначӣ, ки зарари чашмзахмро дур мекарданд, қариб ки намондаанд.
Дар илми тиб исбот шудааст, ки инсон дорои неру ва олами таъсири худ, яъне аура аст. Чашмони одам қобилияти натанҳо дидан, балки муассирӣ низ доранд. Бо нигоҳ таваҷҷуҳ, нафрат ва ҳасадро ифода кардан мумкин аст. Беҳуда намегӯянд, ки чашми одам сангро кафондааст.
Аммо дар замони муосир , ки илму техника рушд кардаву ҳатто сайёраҳои берун аз Замин мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд, ба амалҳои хурофотӣ бовар кардан хандаовар менамояд.
Боварҳо дар зеҳни мардум ё хурофот, ки аз нодонӣ, дарк накардани ҳақиқат маншаъ мегирад, асрҳо боз дар ҳолати эҳсоси ноумедӣ, маъюсӣ, роҳгумзадагӣ, бепаноҳиву осебпазирӣ гӯё барои ҷустани роҳи наҷот пайдо мешаванд. Бархе аз одамон “инро гузаштаҳоямон гуфтаанд”,-гӯён чун анъанаи меросӣ қабул карда, рӯякӣ риоя менамоянд.
Дар ҳолати ноилоҷӣ инсон ба ҳар гуна усули раҳоӣ аз мушкилот розӣ мешавад.Ҳамин аст, ки гоҳ-гоҳе ба одамони бемор, ноумедшуда гузаронидани мушкилкушову бахткушо, кинабарориву аловгардон ва ҳатто фолкушои-ро тавсия медиҳанд. Масъалаи сеҳру ҷоду, гарму хунук кардани зану шавҳар, дуои ривоҷи кор, кӯрхат барои чизи гумшуда, муайян кардани тақдири оянда, яъне ба бофтаву фиреби инсон бовар кардан аз нодонӣ сар зада, оқибат ба пушаймонӣ меорад.
Ҳеҷ як нияти бад нисбати одами дигар бе ҷавоб намемонад. Подоши онро, албатта мебинад. Ин корҳо бо эътиқоди динии мо иртиботе надоранд ва баръакс онро дини
ислом маҳкум мекунад.
Ба хонаи ҳамсоя ба меҳмонӣ рафтем. Дар даромадгоҳ қатори тубакҳои гулҳои хонагӣ, аз ҷумла кактуси баланд гузошта шуда буд.
- Ин қадар гулҳои зебо, гулдӯстдор будаед, - таъриф кардем соҳибхонаро.
-Кактус барои захми чашм фоида дорад. -мефаҳмонд ӯ.
Занҳое, ки ҳамроҳам буданд, маънидорона хандиданд. Шояд хори чашмӣ ба ёдашон омад. Хурофотро аз байн бурдан кори хеле мушкил аст. Он бо навъҳои дигар ба ҷилва меояд ва аз тӯри вобастагӣ одамони зудбоварро раҳо намекунад. Барои ин илм ва ҷаҳонбинӣ лозим мешавад.
Шоир Бориқ Шафеӣ бамаврид гуфтааст:
Шодам, ки наям бандаи авҳому хурофот,
Ҷуз шоҳиди зебои ҳақиқат напарастам.
Ба ин маънӣ Мавлоно Балхӣ низ чунин гуфта:
Вақти он аст, ки аз хоби ҷаҳолат сари хеш,
Барканӣ, то ба сурат барвазад азилм насим.
Ниёгони мо олами торику ҷаҳолат будани хурофотро таъкид намуда, ба донишомӯзӣ, донистани воқеият даъват намудаанд. Чи қадаре ки аз асрори олам ва маърифат бохабар шавем, ҳамон қадар аз хурофоту дурӯғ дур меравем. Ба асли воқеа ва ҳолат сарфаҳм рафтан ва ёфтани роҳи мушкилот осонтару манфиатбахштар мегардад.
Д. МАҲКАМЗОДА, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.