Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Дар хобам раис шудам...


Дар хобам раис шудам...




Аслан  хондани  асарҳои  фантастикиро дӯст медорам. Лекин гоҳо дар хобу хаёл ба орзую  ҳавасҳо  ғӯтавар  мешаваму  сӯмдору доллардор,  мансабдоре  мешавам,  ки  гӯё  дунё зери нигини ман бошад.

Боре  хоби  аҷибе  дидам:  дар  кадом ноҳияе раис шудаам. Корро аз субҳи содиқ, сар  мекардаам.  Аз  хонаам,  ки  дар  маркази  ноҳия  воқеъ  аст,  саҳари  солеҳон  мебарояму   пиёда  ба  кӯчаи  ҷониби  бозор  роҳ  пеш мегирам. Аз ду тараф роҳрӯбҳо ҷорӯб зада, чанги заминро ба осмон мехезонданд. 

Ҳазор афсӯс мехӯрдам, ки чаро як противогаз напӯшидам, ба кӯчаҳои серхоку серчанг баромадам. Об набошад, ки мошини обпошро пури об кунаду кӯчаҳоро тозаю тамиз намоянд. Се-чор сагро дидам, ки дар атрофи дуконҳои  гӯшт  даводаваку  хезохез  доранд. Ҳа,  пагоҳ  сардори  идораи  коммуналиро ҷеғ  зада  хуб  гӯшмол  надиҳам  намешавад.
 
Аз  уҳдааш  намебарояд,  аз  кор  ҷавобаш  медиҳам.  Бозию  даводави  сагҳоро  хуб  тамошо  кардаму  ба  кӯчаи  дигар  гузаштам. 


Пешорӯям  як  марди  қадбаланди  ришдоре баромад. Бо эҳтиром саломаш додам, аҳвол пурсидам.  Ба  рӯям  хеле  нигоҳ  карду  гуфт: “Раис, дар хона 12 нонхӯр дорам, нафақаам ба зиндагӣ намерасад”. “Кумак мерасонам” гуфтаму роҳро давом додам. Бинам, кадом нохалафе дар қитъаи обчакориаш об бастаасту баъди обёрӣ онро ба қади роҳ сар до-дааст. Роҳ пуроб, гузаштан мушкил, агар об ҳамин хел рафтан гирад, мумфарш вайрону валангор мегардад.

Дар 1 соат ҳамаи 6 кӯчаи маркази ноҳияро давр зада боз бо 5-6 нафар сокинон вохӯрда, шикояти онҳоро оид ба беэътиноии табиби беморхона, дигараш дар хусуси ҳуҷҷатсозии хонаҳояшро  кашол  додани  раиси  кумитаи замин, сеюмаш оид ба арзашро дер ҳал карда истодани судя, чорумаш дар бораи доимо дар банкоматҳо набудани маблағи нақд шунидам. Арзи шахси панҷумаш, ки як пиразани  хамидақомате  буд,  аҷибтар  тофт:  ҳашт писару духтарро азоб кашида калон кардаасту имрӯз аз ҳолу аҳволаш хабаре намегиранд. Дар як кӯчаи дигар дидам, ки мардум бо  хару  ароба  об  кашонда  истодаанд.  Пас аз баргаштанам ба идора шахсони масъули нуқсонҳои  дидаю  шунидаам  ба  онҳо  дахлдоштаро даъват кардаму супоришҳои сахту фаврӣ  додам.  Як  ҳафта  пас  санҷидам,  ки ҳамаи нуқсонҳо ислоҳу бартараф шудаанд. 

Ҳамин хел саҳархезӣ одатам шуду арзи мардумро ҳам мешунидаму камбудию нуқсҳоро ҳам  ислоҳ  кардан  мегирифтам.  Номам  чун  раиси  мардумӣ  ва  ободгар  овозаю  машҳур  шуду дар мамлакат номвар гаштам.

Дар  авҷи  ин  хаёлҳои  фантастикиам  бедор  шудам.  Ва  он  ҳама  вазнинии  бори  ра-исии хаёлиам гӯё чун кӯҳ аз пуштам сабук шуду  оҳи  тозае  кашидам,  ки  хайрият  раис  набудаам.

Вале  як  чиз  аз  ин  хаёл  дар  хотирам нақш  баст:  оё  имрӯз  дар  шаҳру  навоҳии кишварамон  ба  мисли  «раисшавии  ману чораҷӯиҳоям» раисони халқпарвар бошанд ё не? Ё раисии онҳо низ фантастикӣ аст?

Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор аз
ноҳияи Муъминобод

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода