БА ҶАНУБ МЕРАВЕМ: ДАР ХАТЛОН ЧИРО ДИДАН МУМКИН АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июл, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 264
Рухсатии тобистона барои тамошои зебоиҳои табиат ва муҷассамаҳои таърихии Тоҷикистон, шунидани достонҳои маҳаллӣ ва пурра кардани албоми суратҳои оилавӣ бо аксҳои рангин имконияти беҳтарин аст. Пас кадом маконҳои ҷолибро, масалан, метавон дар вилояти Хатлон тамошо карда, аз тамошояшон баҳра бурд? Биёед танҳо чанде аз маконҳои тамошобоби ин минтақаро номбар намоем.
Чилдухтарон
Яке аз иншоотҳои ҷолибтарини табиии Хатлон – “Чилдухтарон” аст. Аз рӯи харита ин гурӯҳи харсангҳо дар масофаи ҳамагӣ 120 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Лекин дар кӯҳҳо роҳҳои рост мавҷуд нестанд, бинобар ин ба ин макон беҳтар аст тавассути Кулоб ва Муъминобод раҳсипор шуд. Харсангҳои дорои шакли ғайриоодӣ аз дур воқеан ҷуссаҳои инсониро ба ёд меоранд. Аз рӯи ривоятҳо замоне онҳо духтарони паричеҳра буданд. Лекин вақте истилогарони золим омаданд, духтарон ба онҳо тобеъ шудан нахоста, ба сангҳо табдил ёфтаанд. Сокинони маҳаллӣ гоҳ-гоҳ харсангҳоро бо лентаву гулҳо оро медиҳанд, ки ин аксҳои сайёҳонро боз ҳам зеботару рангин менамояд. Дар омади гап, ҳатто дар кӯҳҳои беодам интернети мобилии “МегаФон Тоҷикистон” бо суръати баланд кор мекунад ва аксҳои тару тозаро дар худи ин ҷой метавон ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт.
Чилучорчашма
“Чилу чор чашма” – чунин аст номи ин макони ҳайратангез. Он амалан дар нуқтаи аз ҳама ҷанубии Хатлон, дар масофаи 12 километр аз Шаҳритус воқеъ мебошад. Дар асл гирем, назди сарчашмаи асосӣ дар баландии теппа дарёчаҳо танҳо панҷтоанд, лекин поёнтар онҳо ба маҷроҳои зиёд тақсим мешаванд. Оби ин макон аз давраҳои қадим шифобахш ҳисобида мешавад, барои ҳамин дар фасли тобистон Чилучорчашма ба макони ниҳоят серодам табдил меёбад. Ин ҷой метавон дар соягии дарахтон истироҳат кард, мақбараи дар теппа ҷойгирбударо тамошо намуд – дар омади гап, маҳз ҳамон мақбара дар пули коғазии 5 сомонӣ инъикос ёфтааст. Маҳз аз ҳамин ҷой метавон аксҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт: назди чашмаҳо пойгоҳи базавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” насб карда шудааст, интернети мобилӣ ба сайёҳон бо суръати 4G дастрас мебошад.
Мадрасаи Хоҷа Машҳад
Дар гирду атрофи Шаҳритус на танҳо чашмаҳо, балки инчунин ёдгориҳои қадимаи меъморӣ низ мавҷуд ҳастанд. Дар қатори онҳо – маҷмааи ёдгории Мадрасаи Хоҷа Машҳад мебошад, ки дар асрҳои IX-X аз ҷониби одами воқеӣ сохта шуда, мадраса ба ҳамин хотир ба номи ҳамон шахс монда шудааст. Лекин қайд кардан ҷоиз аст, ки мувофиқи тадқиқоти гузаронидашуда танҳо як қисми маҷмаа аз тарафи Хоҷа Машҳад бунёд ёфтааст, баъзе аз биноҳои дигар ду аср баъдтар сохат шудаанд. Вале ба ҳар сурат онҳо ҳадди ақал ҳашт садсола арзи ҳастӣ доранд. Алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” дар тамоми ҳудуди маҷмаа ва дар бисёри иншоотҳои дигари сайёҳии кишвар дастрас мебошад.
Аҷинатеппа
Дӯстдорони осори атиқа ҳатман бояд аз теппаи Аҷинатеппа, ки дар масофаи дувоздаҳ километр аз Бохтар ҷойгир мебошад, боздид кунанд. Теппаро ба таври дигар “Теппаи шайтонҳо” низ мегӯянд, лекин дар ин ном ягон чизи даҳшатангез ва фавқуттабиӣ нест – лекин дар ин макон метавон харобаҳои дайри буддоии асрҳои VI-VIII-ро дид. Ин яке аз муҷассамаҳои аз ҳама қадима дар таърихи Тоҷикистон мебошад.
Ҳулбук
Шояд яке аз қалъаҳои нисбатан ҳайратангези вилояти Хатлон бошад. Лекин дар назар бояд дошт, ки деворҳои боазамати крепостноии он чанде қабл бозсозӣ шуда буданд. Биноҳои нисбатан кӯҳнатар бошанд, ҳанӯз дар асри IX бунёд ёфтаанд. Маҷмааи археологии Ҳулбук дар наздикии қишлоқи Меҳрободи ноҳияи Восеъ ҷойгир буда, аз қалъаи асримиёнагӣ, қасри ҳоким ва ҷузъҳои шаҳри қадима иборат аст. Алоқаи боэътимод ҳам дар худи маҷмаа, ва ҳам дар роҳҳои автомобилгарде, ки тариқи он меҳмонони Хатлон ҳаракат мекунанд, дастрас мебошад.
“Алоқаи мобилӣ – на танҳо имконияти муошират бо наздикон, балки ҳузуру роҳат ва бехатарӣ дар роҳ аст. Барои ҳамин МегаФон Тоҷикистон аллакай солҳои зиёд шабакаро дар хатсайрҳои маъруфи сайёҳӣ инкишоф медиҳад. Интернети 4G имкон медиҳад, ки акс гузоред, роҳро дар онлайн-харита бубинед ва маълумотро дар бораи маконҳои тамошобоб пайдо кунед. Ба Хатлон биёед ва алоқаи мо дар роҳ ёвари Шумо хоҳад буд!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...