«Дорбозӣ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 223
Дорбозӣ яке аз навъҳои санъати халқии тоҷикон ба шумор рафта, тақрибан 2,5 ҳазор сол пеш дар Шарқ пайдо шуда, сипас тадриҷан дар ҷаҳон густариш ёфтааст. Тоҷикон аз давраҳои қадим дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон сайрҳои оммавӣ, ҷашни арӯсию хатнасур намоишҳои сирки халқиро барпо менамуданд, ки яке аз бахшҳои ҳатмии он дорбозӣ ба шумор мерафт.
Дорбозон бештар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодому Исфара, Панҷакенту Истаравшан ва Ҳисор барномаҳои гуногун намоиш медоданд. Дастаҳои онҳо, одатан, аз 2-3 дорбоз, 2 масхарабоз, 3-4 навозандаи карнаю сурнай ва таблу нақора иборат буд.
Барои дор арғамчини пашминро истифода мебурданд. Аз нимаи асри ХХ инҷониб ҳунармандони тоҷик сим (банди филизӣ)-ро ҳамчун тор ба кор мебаранд. Баландии тор аз 5 м то 10 м буд, баъзан аз ин ҳам баландтар мешуд.
Таҳти навои мусиқӣ дорбоз дар даст чӯбдасти дарозеро ба таври амудӣ дошта, рӯйи ресмон медавид, менишаст, якпоя меистод, бо чашмони баста ҳаракат менамуд ва ғайра. Баъзе аз онҳо бошад, дар болои дор мерақсиданд, бо пойҳояшон лаъличаҳои мисин баста, ё ба сарашон халта пӯшида, чашмонашонро бо рӯймолча баста, ҳар гуна ҳаракатҳо менамуданд. Косаҳои пуробро болои сарашон дар ҳолати мувозинат гузошта, бо кафшҳои пошнабаланд дар болои дор ҳунарҳои мураккабу аҷиб намоиш медоданд. Таълими дорбозони наврас, маъмулан, аз 9-10-солагӣ оғоз меёфт. Устод писарбачаи шогирдро аввал парҳезӣ мефармуд, сипас ӯро маҷбур мекард, ки ҳар рӯз як қатор машқҳои парҳезиро такрор ба такрор кунад.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...