Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Чаро муйсафед дигар ба хобам намедарояд?


Чаро муйсафед дигар ба хобам намедарояд?



Кампири Танноз ҳайрону мушавваш буд. Охир, худораҳматии шавҳараш бобои Аслиддин ду сол шуд, ки ба хобаш намедаромад.

Солҳои аввали баъди маргаш аввалҳо тез-тез, ҳафта дар миён ба хобаш медаромад. Барои корҳои рӯзгор дастур медод. Баъзан, ҷанҷол ҳам мекард, баъзан, дашноми болохонадораш ҳам медод.

- Ҳеъ, зувонқоқ, мӯят дарозу ақлат мисли думи каждум. Пир шудиву ҳанӯз ақлат надаромад, - сарзаниш мекард бобои Аслиддин дар хобаш кампири Таннозро. Имрӯз ҳатто бо дашномаш ҳам зор буд кампири Танноз.

Тоқат накард дигар кампири Танноз. Назди холаи Чуррӣ рафт, дарди дил кард.

Назди кампири Сафармо, ки ду моҳ боз бемори ҷогаҳӣ буд, баъди пурсупос аз "гум шудан"-и пиракиаш сухан оғоз кард. Ҳарчанд суханаш ба гӯши кампири Сафармо намефориду ба дарди худ андармон буд, аммо суханони ӯро то охир тоқат карда, гӯш карду ҳатто дилдиҳиаш ҳам кард, кампири Сафармо.

Аз хонаи ӯ баромаду роҳ сӯи хонаи Тоҷигул, дугонаи давраи духтариаш, гирифт. Кампири Танноз аз чӣ бошад, ором намеёфт. Ба хобаш надаромадани шавҳари марҳумаш ягона мушкилаш, ягона дардаш гашта буд, дар чанд рӯзи охир, ки мушкилкушо намеёфт.

Қариб ҳамаи занҳои деҳаро гашт кампири Танноз. Аммо марҳами ба дилаш наздикро пайдо накард. Овозаи ба дарҳо бурдани хабару ташвиши ба хобаш наомадани шавҳарашро худаш надониста, паҳн кард. Ба гапкунҳо худаш роҳ кушоду ба онҳо «Худо дод». Як гапро сад гап карданд.

Баъзеҳо дарбадар бурдани ин мушкилро ба пирии кампири Танноз, дигарҳо ба наздик расидани аҷалаш рабт медоданд. Баъзе бедаҳанҳо бошанд, аз пушташ пичингу таъна мезаданд, ки дар сари пирӣ кампир мардакхоҳ шудааст. Баъзеи дигар ҷунуниву ҷинзадааш низ меномиданд.

Овозаи ба хоби кампири Танноз надаромадани раҳматии бобои Аслиддин дигар дар деҳа гапи нав набуд. Аз 7-сола то 70-сола ҳама ин хабарро медонистанд. Кампири Танноз баъзе хонаҳоро дубора гашта, дарди дил мекард. Ҳама медонистанд, ҷое, ки пойи кампири Танноз расид, сухан аз бобои Аслиддин буд. Аммо касе дар рӯяш ғайрат намекард, ки чизе бигӯяд. Охир, кампири Танноз ҳарчанд худаш фарзанд надошт, аммо барои ҳамаи аҳли деҳ доя буд, нофи аксари мардуми деҳа маҳз изи дастону қайчии тези ӯро доштанд.

Ин навбат кампири Танноз сари кати рӯи ҳавлии муаллима Заррагул амонат нишасту ба дарди куҳнааш оғоз кард. Сари дастархон муаллима ҳамроҳи писараш Исо, ки дар донишгоҳ мехонад, менишастанд. Исо, ки аллакай дарди кампири Таннозро медонист, гӯё ба ҳикояи ӯ гӯшу ҳуш шуд.

-Охир, ақаллан ним нигоҳ ба хобам медаромад. Ақаллан дашномам медод, чаро маро ба пешаш намехонад,- ҳасрат кард кампири Танноз.

Исо сӯйи модар чашмакӣ зада, ба гап оғоз кард: 

- Бобои Аслиддин бисёр одами хуб буд. Маро доим ба хараш савор мекард, маро дӯст медошт. Дишаб ба хоби ман даромад... Забон хоида ба гап даромад Исо.

-Хеле ҷавон, бардам менамуд, - гапро ғоз дод Исо.

- Аммо дар паҳлӯяш як зебосанам нишаста, ба ӯ чой мекашид.

Муаллимаи Заррагул ҳарчанд лаб мегазид, аммо Исо гӯё намедид. 

Чашмони кампири Танноз аз ҳайрат калон боз шуданд.

- Номи зани бобои Аслиддин Баноз. Ба ман ишора карданд, ки ба касе нагӯям, ммо ман Шуморо дӯст медорам, натавонистам нагӯям.

- Чӣ, зан гирифтааст? Э мӯйсафеди беимон, баъди мурдан ҳам аз ҳамин одати бадат намондӣ. Боз ман ташвиш шуда, диққат кашидам. Илоҳӣ ришат бирезад. Боз ман барои ту мурданӣ будам-а. Мана ба ту - гуфта кампири Танноз нарангушташро аз миёни ду ангушт бароварда, даст ба сӯи осмон бардошт.

Муаллимаи Заррагул базӯр худро аз ханда боз медошт.

Дигар кампири Танноз ба хонаи мардум намерафт. Аммо куртаи рангин ба тан, ӯсма ба қошону сурма ба чашмон, ҳино ба дастони пажмурдаву ранг ба мӯйи сафедшуда кардани кампири Танноз мавзуи наве буд сари дастархони мардуми деҳа.

Абубакр Файзализода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода