Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Вазир ба “Мармарӣ” омад


Вазир ба “Мармарӣ” омад



Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» дидан намуд.

Айни замон дар маҷмааи мазкур 1500 сар чорвои калони шохдори самти гӯштиву наслдеҳ нигоҳубин карда мешавад.

Иқтидори ферма барои парвариши 3500 сар чорвои калони шохдори зоти гӯштиву наслдеҳ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмаа зотҳои гуногуни чорво мавҷуд буда, ҳамаи корҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, оғилхонаҳо барои нигаҳдории чорво, анборҳо барои захираву нигаҳдории хӯрок ташкил гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ҷамъияти мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Комплекси чорводории ҶДММ «Мармарӣ» ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолӣ бо гӯшти аълосифат ва таъмини яке аз стратегияҳо - таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзадаи худро гузошта истодааст.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода