Дар як сатр
» » «Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

23-11-2015, 10:15

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, дар бозии давраи охирин миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 ғолибиятро ба даст оварда, дар натиҷа барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола гардид.
«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифта, бозингарон барои ҷойи сеюм бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ин бозӣ дастаи футболбозони шаҳри Кӯлоб тавонистанд бо задани ду гол ба дарвозаи дастаи футболбозони шаҳри Турсунзода ҷойи севумро ба даст оваранд. Ду голи “Равшан”-ро Акуффо Гершон ва Ҳусейни Сӯҳробӣ ба дарвозаи ҳариф заданд.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол»-и Душанбе, ки қаблан ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта буд, дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дод.

Се бозии дигари даври охирини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт:

ССКА «Помир» — «Хайр» — 3:1

«Парвоз» — «Вахш» — 2:1

«Барқи тоҷик» — «Далерон-Ӯротеппа» — 3:1

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа имсол дар лигаи олӣ дар ҷойи 8-умаш боқӣ монд.

Низомиддин Исоев


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нокомии «Вахш» дар бозӣ бо «Хуҷанд»

Нокомии «Вахш» дар бозӣ бо «Хуҷанд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА