Дар як сатр
» » Кӯлоб. Сохтмони пул моҳи феврал анҷом меёбад

Кӯлоб. Сохтмони пул моҳи феврал анҷом меёбад

16-01-2015, 10:18

Кӯлоб. Сохтмони пул моҳи феврал анҷом меёбад


Сохтмони пули маркази шаҳр аз ҷониби ширкати туркии «Текар комбайнет-груп» босуръат идома дорад. Алҳол корҳои оҳану бетонрезӣ дар арафаи анҷомёбист.

Бо сабабҳои гуногун сохтмони иншооти мазкур тӯл кашида, боиси ташвиши шаҳрвандон гардид. Айни замон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти мазкурро зери назорат гирифтааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ вусъат пайдо намуда, шумораи коргарон зиёд карда шудааст.

Ба гуфти масъулин сохтмони пули мазкур то охири моҳи феврал ба анҷом расида, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Мавриди зикр аст, ки ин пул бо дарозии 33 метр ва паҳнои 12 метр сохта шуда, дар он 1680 метри кубӣ бетон ва 300 тонна оҳан сарф мегардад. Баъди ба анҷом расонидани корҳои васлу насби таҷҳизоти пул дар ду тарафи он корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз мегардад.

Наҷот САФАРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Кӯлоб. Сохтмони пул дар арафаи Наврӯз поён меёбад

Кӯлоб. Сохтмони пул дар арафаи Наврӯз поён меёбад

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Сарфи 220 ҳазор сомонӣ барои пули Кафтархона

Восеъ. Сарфи 220 ҳазор сомонӣ барои пули Кафтархона

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА