Дар як сатр
» » Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

15-05-2017, 08:27

[right][/right]
Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

«Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Эмомалӣ РАҲМОН


Мушкилоте ки имрӯз ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди созандагию бунёдкорӣ халал эҷод мекунад ва боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Ин нукта дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ омадааст. Аз ҷумла дар Паём зикр ёфтааст, ки ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Тибқи назарпурсии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.

Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаро ба муқобили коррупсия кори дастаҷамъона унвон кардааст. Зеро содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ эътимоду суботи ҷомеаро коҳиш дода, имкон намедиҳад, ки давлату Ҳукумат вазифаҳои дарпешгузоштаи худ-ро ба таври пурра татбиқ намояд. Масалан, бо роҳи порадиҳӣ ва порагирӣ ба вазифа таъйин шудан, соҳиби қитъаи замин гардидан ба пастшавии самаранокии кор мусоидат менамояд.

Ҷиҳати иҷрои ҳидояту талаботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коҳиш додани амалҳои фасодкорӣ Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия» дар ҷумҳурӣ таъсис ёфта, аз моҳи ноябри соли 2016 ба фаъолият шурӯъ намуд.
Мақсад ва вазифаҳои асосии Ташкилот мусоидат намудан ба фаъол гардидани ҳамкории байни ҷомеа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ ҳангоми аз мақоми хизматӣ сӯйистифода кардани шахсони мансабдори ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоти хизматрасонӣ, иштирок дар амалӣ гардонидани барномаҳо ва иқдомҳои минтақавӣ оид ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Қобили ёдоварист, ки Ҷумҳу-рии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2003 дар қатори давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Федератсияи Русия, Украина ва Қирғизистон ба «Нақшаи истамбулии амалиёти зидди коррупсия» ҳамроҳ гардид. Нақшаи амалиёти мазкур се самтро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо иштироки фаъолонаи ҷомеа дар мубориза бо коррупсия маҳсуб меёбад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия» дар ҷумҳурӣ дар давраи фаъолияти худ чораҳои мақсаднокро доир ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ қабул ва амалӣ гардонида истодааст. Бо ҳамин мақсад, ҳамчунин, намояндагони он бо сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тез-тез вохӯрию суҳбатҳо доир менамоянд. Чунин вохӯриҳои судманд дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав, шуъбаи САҲШ ва Раёсати тандурустии вилоят доир гардиданд.

Ташкилоти мо дар оянда низ фаъолияти кории худро мутобиқи созишномаи ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он 4 апрели соли 2017 аз ҷониби директори Агентии мазкур ба имзо расонида шуд, идома дода, дар баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ саҳм мегирад.

Субҳиддин МУРОДОВ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии
«Пешгирии коррупсия» дар ҷумҳурӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА