БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗИИ ҶДММ “МУҲАММАДАМИН-11”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 327
![]()
Имрӯз, 6 декабр, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳо дар соҳаи кишоварзӣ боздид анҷом дода, ба заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳаммадамин-11”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Даҳана ташриф оварданд. Ҳадаф аз боздид шиносоӣ бо раванди кишти картошка ва ҷараёни ба роҳ мондани корҳои саҳроӣ дар минтақа буд.
ҶДММ “Муҳаммадамин-11” яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дорои заминҳои кишоварзӣ мебошад. Тибқи иттилои масъулон, бо дастгирии Муассисаи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон дар 2 гектар замин кишти картошка оғоз гардидааст. Кишти мазкур бо риояи қоидаҳои агротехникӣ амалӣ шуда, интизор меравад ҳосили хуб ба даст оварда шавад.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулон оид ба истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва татбиқи саривақтии тадбирҳои агротехникӣ дастурҳои мушаххас доданд. Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани бозори маҳаллӣ аҳамияти бузург дорад.
Боздиди кории раиси вилояти Хатлон аз фаъолияти ҶДММ “Муҳаммадамин-11” нишон дод, ки дар ноҳияи Ёвон барои рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои васеъ фароҳам буда, кишоварзон талош доранд бо истифодаи дурусти замин ва об истеҳсоли маҳсулотро бештар намоянд.
Дар вилояти Хатлон маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз гардида, тибқи нақша бояд дар майдони нуҳ ҳазор гектар пиёз ва дар майдони ҳашт ҳазор гектар картошка кишт карда шавад.
"Хатлон"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...