Дар як сатр
» » Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

11-05-2017, 17:11

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад


Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, аз 12 то 15-уми майи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму тафсон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар аксари навоҳӣ ба 40 дараҷа мерасад.

Дар ин бора Умеда Юусупова, садори маркази матбуоти КҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Тавре номбурда изҳор намуд, гармшавии ҳаво ба обшавии пиряхҳо ва барфҳои кўҳҳо оварда мерасонад, ки ин сабаби баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва фаромадани сел, ярч ва сангрезаҳо мегардад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рўзҳо зимни гузаштан аз роҳҳои кўҳӣ эҳтиёткор бошанд ва тибқи тавсияҳои зерин амал кунанд:

Дар вақти гармии шадиди офтоб аз соати 13:00 то 16:00 бидуни зарурат ба кӯча набароянд.

Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд.

Дар гармо ба кӯдакон бештар бояд таваҷҷуҳ кард, зеро бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо ҳатман риоя кунанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳаво гармтар мешавад

Ҳаво гармтар мешавад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА