Дар як сатр
» » Дар таъмини сулҳу ваҳдат ҳамагон саҳмгузор бошем

Дар таъмини сулҳу ваҳдат ҳамагон саҳмгузор бошем

4-05-2017, 17:21

Дар таъмини сулҳу ваҳдат ҳамагон саҳмгузор бошем


Дар шаҳри Норак мулоқоти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Фарҳод Шодмонзода, ҳамоҳангсози миллии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майори милитсия иброз дошт, ки ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрванд ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пешгирию ошкор намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо ба шумор меравад.

Тавре ки дар мулоқот ишора рафт вазифаи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ ҷалби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии қонуншиканиҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии зуҳуроти ҳизбҳои экстремистии динӣ мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, шӯроҳои занон, ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат оид ба масъалаҳои таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, амният ба шумор меравад.

Раиси Шӯрои ҷамъиятии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоҳназаров оид ба фаъолияти Шӯро дар шаҳру ноҳияҳо ибрози назар намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки намояндагони Шӯро дар шаҳру ноҳияҳо дар асоси Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ва санаду қонунҳои амалкунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Моҳи сентябри соли 2016 дар шаҳри Норак дар натиҷаи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ва дастгирии молиявии Идораи байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис ёфта, фаъолияти гурӯҳ хуб ба роҳ монда шудааст. Чунин марказҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд. Нигина Раҳимова сарвари марказ оиди дастовард ва кору нақшаҳои минбаъдаи гурӯҳи мазкур андеша ронда, аз дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят изҳори сипос намуд.

Айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 утоқи корӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст. Директори идораи байналмилалии Аврупо ва Осиё оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии ИМА хонум Кари Энав зимни вохӯрӣ чунин изҳор дошт: - Бори нахуст аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дидан намудааст. «Тоҷикистон бисёр мамлакати зебост Тоҷикистон, ободонию шукуфоии ин мавзеи афсонавиро бо чашмони худ дида, аз муносибати гарму самимонаи мардуми меҳмоннавозаш хушам омад, - афзуд Кари Энав.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА