Дар як сатр
» » Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

25-04-2017, 11:28

Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид


23 апрели соли равон ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии вилояти Хатлон оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда баргузор гашт.

Ҷаласаро Шавкат Маҳмадалиев, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Хатлон №3 кушода иброз дошт, ки дар ҷаласа узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва аъзоёни Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобоев Мирзо Алимадович, Абдураҳим Улфатов, Ҷӯрахон Қурбонов, сардорони раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доранд. Тавре, ки қайд гардид, аз 554 нафар вакилони интихобкунандаи мақомоти маҳаллии намояндагӣ 541 нафар дар ҷаласа ширкат доранд ва мутобиқи банди 3-и моддаи 43-и Қонуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузории интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда салоҳиятнок арзёбӣ гардид.

Мутобиқи моддаҳои 32 ва 57-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Панҷ номзадии як нафар Файзуллозода Зафар Хайрулло соли таваллудаш 1965, раиси ноҳияи Қубодиён, аъзои ҲХДТ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази узви хориҷшуда пешбарӣ ва бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои номбурда дастгирӣ ёфта, дар заминаи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Хатлон №3 ба қайд гирифта шуд. Вакилон рӯзномаи ҷаласаро, ки ҳамагӣ як масъала-интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Хатлон №3-ро дар бар гирифта буд, тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр дар интихобот тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзадии Файзуллозода Зафар Хайрулло ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Зафар Файзуллозода узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии №3 Шавкат Маҳмадалиев ҳозиринро бо натиҷаи интихобот ошно намуд. Файзуллозода Зафар Хайрулло аз ҳавзаи интихоботии №3 бо ҷонибдории 98,2 фисади овозҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз номи аъзоёни Комиссияи ҳавзаи интихоботии Хатлон №3 ва интихобкунандагон Файзуллозода Зафар Хайруллоро табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо хоста таъкид дошт, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан масъулияти баландро тақозо менамояд. Зеро дар таҳия ва қабули иловаю тағйиротҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда ва назаррас гузоштан яке аз самтҳои корбарию коргузорӣ ба шумор меравад.

ВАХШОНА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешбарии номзадии Хайруллои Амонулло ба узвият дар Маҷлиси миллӣ

Пешбарии номзадии Хайруллои Амонулло ба узвият дар Маҷлиси миллӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА