Дар як сатр
» » Махфират Хидирзода: Идеяро бо идея метавон шикаст»

Махфират Хидирзода: Идеяро бо идея метавон шикаст»

25-04-2017, 11:04

Махфират Хидирзода: Идеяро бо идея метавон шикаст»


Дар шароити пуртаззоди имрӯза ва пур аз ҳаводиси гуногуни нигаронкунандаи ҷаҳони муосир, масъалаи оромии ҷомеа ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Зеро пешрафти ҷомеа, суботу амнияти кишвар ба сулҳу сафо, ҳамдигарфаҳмии мардум, дастгирии сиёсати давлат вобастагии қавӣ дорад. Дар ҳалли ин масъалаи доғи рӯз нақши васоити ахбори умум, иттилоот басо калон аст. Ҳамин аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Иттилоот ва нақши он дар таъмини суботу амнияти ҷомеа» семинари вилоятӣ баргузор намуд. Дар семинар муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони васоити ахбори омма, мудирони бахши танзим, раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, имомхатибони масоҷиди шаҳру навоҳӣ иштирок доштанд.

Семинарро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ифтитоҳ намуда, аз мақсади ҳамоиш ва баррасии масъалаи муҳокимашаванда сухан ронда, таъкид дошт, ки бояд сари ин мавзӯи мубрами рӯз андеша ронем ва баҳри беҳдошти кору фаъолиятамон пешниҳоду тавсияҳои худро баён намоем.

Махфират Хидирзода сараввал андешаи худро сари масъалаи иттилоот ва нақши он дар таъмини суботу амнияти ҷомеа баён карда, таъкид дошт, ки оромии ҷомеа, сулҳу салоҳ ва пешрафти он аз ягонагию ваҳдат манша мегирад. Дар сурати аз даст додани ин ваҳдату ягонагӣ, ки барои мо аз ҳар чи қиматтару азизтар аст, наметавонем ба зиндагии шоиста ноил гардем. Сад шукр, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистон зери ливои дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ зиндагию фаъолият намуда, пешрафту тараққиёти кишварро таъмин ва баҳри ободии кишвар ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Мутаассифона, ин пешрафту тараққиёт барои каҷназарон хушоянд нест ва бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки ба пояи дӯстию ягонагии мардуми мо теша зананд, мақсадҳои геополитикии худро роҳандозӣ намоянд. Дар ин кори нангин аз ВАО истифода мебаранд. Тавассути он ҷанги идеологиро рӯи кор оварда, мехоҳанд ба шуури ҷавонон, тафаккури онҳо таъсир расонда, онҳоро ба гурӯҳҳои худ кашанд ва мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.

Сиёсатмадорон бар он назаранд, ки имрӯз иттилоот аз ҳар яроқу аслиҳа дида пурқуввату тавонотар аст ва ба воситаи он мумкин аст, ки мақсадҳои сиёсии худро дар ҳар давлату кишвар ба амал баровард.

Имрӯз иттилоотро аз телефони мобилӣ сар карда то сомонаҳои интернетиву ВАО гирифтан имконпазир аст. Ҳодисаҳои ду-се соли охир инро баръало нишон дод. Магар аксари ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, азҷумла дохилшавии онҳо ба давлати бо ном ДИИШ тавассути телефонҳо ба амал наомадааст? Оре, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Имрӯз ғайр аз рӯзномаю маҷаллаҳои номатлуб боз 107 адад сомонаҳои интер-нетӣ ба тарғиби ҷангу харобкорӣ машғуланд, ки ҳар лаҳза ба мафкураи мардум, алалхусус, ҷавонон идеологияи худро талқин менамоянд.

-Дар ин шароити ҳассос чӣ бояд кард? - афзуд Махфират Хидирзода. -Пеш аз ҳама ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод. Таълиму тарбияи наврасон ва, алалхусус, ҷавононро ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ монд. Нагузошт, ки ба шуури онҳо таъсири бегонаҳо роҳ ёбад. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, муқаддасоти миллӣ тарбия намуд. Дар ин кор баробари мактабу донишгоҳҳо иттилоот, кормандони идеологӣ, рӯҳониён метавонанд саҳми муносиб дошта бошанд.

Дар ин кори душвору заҳ-матталаб нақши ВАО басо калон аст. Беҳуда нест, ки матбуотро забони гӯёи ҳар қавму миллат гуфтаанд. Инро хеле барвақт устод Садриддин Айнӣ низ таъкид намуда буданд. Ва аз ин аслиҳаи тавоно зарур аст, ки бо камоли кордонӣ истифода бурд.

Ҳоло дар 25 шаҳру навоҳии вилоят рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд. Мутаассифона, теъдоди онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Дар қисман ноҳияҳо шумораи онҳо моҳе 4-3 ва баъзеи дигараш бошад 2-1 маротиб ба табъ мерасад, ки ин нигаронкунандааст. Ва баробари ин теъдоди чопи якдафъаинаи онҳо низ хеле кам аст. Ҳол он ки рӯзномаҳои ноҳиявӣ метавонанд дар инъикоси масъалаю ҳаводиси худи ноҳия пешдастӣ ва дар кори тарбияи омма, огоҳонидани онҳо аз воқеаҳои муҳим нақши муассир дошта бошанд.

Махфират Хидирзода: Идеяро бо идея метавон шикаст»

Бетафовутӣ ва бетарафӣ нисбат ба маводи сиёҳкоронаи ВАО-и хориҷӣ, ки нисбати давлати мову миллати тоҷик рӯи чоп меояд, нигаронкунандааст. «Ба таври дигар иброз дорем,-афзуд Махфират Хидирзода,- аз рӯи инсофу ҷавонмардӣ нест. Ҳарчанд ки дар матбуот раддияҳои мардони бонангу номусро оид ба мақола ва навиштаҳои муғризонаи ВАО-и хориҷӣ мутолиа менамоем, ин кам аст. Идеяро бо идея метавон шикаст дод. Дар ин кори муҳиму ватандӯстона, ҳимоя ва таҳкими суботу амнияти ҷомеа бояд ҳар яки мо чӣ корманди матбуоту чӣ олим ва чӣ рӯҳониёну соҳибмансабон бояд саҳми зиёд дошта бошанд. Ин аст вазифаи асосии имрӯзаи ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ».

Баъдан, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло, сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами шаҳри Кӯлоб Ҳайдар Шарифзода баромад намуда, оид ба нақши иттилоот дар таъмини суботу амнияти ҷомеа сухан ронданд. Аз ҷумла, Ҳайдар Шарифзода таъкид дошт, ки дар кори таҳкими амнияти ҷомеа, сулҳу сафо, пешрафти ҷомеа кормандони соҳаи дин-уламо метавонанд саҳми назаррас дошта бошанд. Зеро сухани онҳо ба дил хеле зуд мерасад. Метавонад мафкураи мардумро аз ҳар гуна идеологияи бегона ва бегонапарастӣ муҳофизат намояд, дар кори ҳимоя намудани мазҳаби мо-Имоми Аъзам саҳми муносиб гузорад. Мардуми мо мардуми аҳли суннат аст ва аз гузашта бо ин мазҳаб омадааст. Имрӯз низ онро равияи худ қарор дода, аз он пайравӣ мекунад ва онро ҳимоя ҳам хоҳад кард. Дар ин кор мо қодир ҳастем. «Чуноне муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода изҳор доштанд,-афзуд Ҳайдар Шарифзода, - бетарафӣ накунем ва аз рӯи виҷдону инсоф амал намуда, ба ҳар як ҳамлаи ноҷавонмардонаи ВАО-и хориҷӣ ҷавоб гардонем». Дар ин кор ба ҳар шахси бонангу номус, ватандӯсту меҳанпараст тавфиқу барор хост.

Наҷот САФАРЗОДА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бузургон дар ситоиши матбуот

Бузургон дар ситоиши матбуот

Хабарҳо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Хабарҳо
Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ