Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Шоҳиди ду ҷанг: Ба қадри сулҳ бояд расид!


Шоҳиди ду ҷанг: Ба қадри сулҳ бояд расид!



«Ваҳдат нишондиҳандаи зиндагии озоду осоишта ва фаровонии хони мардум аст», - мегӯяд Насриддин Мирзоев, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати деҳоти «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
 
Бобои Насриддин ду ҷанги мудҳишу хонумонсӯз – Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардаю шукрона аз он мекунад, ки шоҳиди Ваҳдати миллӣ ва замони сулҳу осоишта гардидааст.
 
Ҷанги бародаркуш солҳост ба охир расидааст. Ҷойҳои харобгашта ҳама ободу зебо, биноҳо қомат афрохта, кинаву кудурат аз дилҳо зудуда гаштаанд. Зиндагии мардум тинҷу осоишта, ҳама бе ягон тарсу ҳарос сар ба болин мегузоранд. Вале, сад афсӯс, ки доғи ҷанг ҳанӯз аз дилҳо зудуда нашудааст. Ҳазорон оилаҳо бесаробон монданд, волидайнашон бо дилҳои реш дар ёди писарону бародарон, падарону шавҳарҳои дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳалокгардидаи худ мебошанд. Суроғу ҷустуҷӯ мекунанд, то ки ақаллан марқади онҳоро дарёбанд. Аммо, сад афсӯс...
 
- Бародарони калониам Мирзоумед ва Ғиёсиддинро ба фронт гусел кардем, - ба ёд меорад нахустин талафоти хонаводагиаш аз ҷангро бобои Насриддин.
 
- Боре Мирзоумед аз госпитал мактуб навишта буд: «…Ҷароҳат бардошта будам. Худоро шукр, шифо ёфтаам. Ба наздикӣ дубора ба майдони ҷанг меравам…». Дигар аз ӯ нишоне пайдо карда натавонистем. Баъди чанде хати сиёҳаш омад, ки фавтидааст.
 
Дар солҳои баъдӣ мардум бе пойафзол кори саҳро мекарданд. Таги пойҳоямон обила мекарду роҳ гашта наметавонистем. Ба замми ин, барои тановули ғизои нисфирӯзӣ нони ҷавин, зағораи макка мехӯрдему рӯҳафтода намешудем. Умед доштем, ки рӯзе мерасаду ин ҳама мушкилиҳо анҷом меёбад. Аз ҷониби колхоз барои отала пухтан ҳар рӯз як миқдор орди гандум медоданд…
 
Бобои Насриддин мегӯяд, ки ин мисолро барои насли наврас овард, то бифаҳманд, ки он вақт одамон ба ҳама азобҳои бенонӣ, ғурбату харобкорӣ тоқат карда, барои хушбахтии имрӯзаи онҳо ҷоннисорӣ кардаанд. «Фаромӯш набояд кард, ки ин нозу неъмате, ки имрӯз дорем, маҳз аз файзу баракати ваҳдат аст. Сулҳу субот, айёми созандагӣ, рӯзҳои нек фаро расидаанд, ҳама аз пайи зиндагӣ, ободкорианд. Бо кӯшишу талошҳои Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон алангаи ҷанг хомӯш гардид. Вазъ ба эътидол омад. Гурезаҳо як-як, гурӯҳгурӯҳ ба макони зист баргардонида шуданд», - меафзояд бобои Насриддин.
 
Дар бораи ҷанги зидди Германияи фашистӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мо –ҷавонон аз нақли чунин мардони хирад, падару модарон ва мутолиаи китобу рӯзномаҳо маълумот дарёфтаем. Дар бораи даҳшату ваҳшати он ҷангҳо, азобу уқубати мардум имрӯз хондаву навишта истодаем. Пагоҳ ҳам инро такрор хоҳем кард. Зеро ин таърих аст. Таърихро ба таври доимӣ бояд омӯхту аз бар кард. Он барои насли оянда, махсусан мардуми диловару шуҷоатманди мо аз аҳамият холӣ нест. Ҳар қадар таърихи миллату меҳанро хуб бидонем, ҳамон андоза ба қадру манзалати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ мерасем. 
Иди ваҳдат муборак!
 
Комрони БАХТИЁР,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
25 июни соли 2015, №27 (3016)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода