Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ЖУРНАЛИСТИКА ДАР АСРИ РАҚАМӢ. Таҳаввулот, чолишҳо ва имкониятҳо


ЖУРНАЛИСТИКА ДАР АСРИ РАҚАМӢ. Таҳаввулот, чолишҳо ва имкониятҳо




Аз замонҳои пешин иттилоот асосан ба тариқи ВАО-и анъанавӣ паҳн мешуд, имрӯз интернет ва шабакаҳои иҷтимоии рақамӣ иттилооти саривақтиро таъмин мекунанд ва журналистика комёбии калонро ба дунбол дорад. Бо вуҷуди пешрафт ва тараққиёти илму техникаи имрӯза расонаҳои анъанавӣ чӣ хел метавонанд бо ҷаҳони рақамӣ рақобат кунанд?

Имрӯз,  платформаҳои  муҳими  иҷтимоӣ,  мисли Facebook, Twitter, Telegram, TikTok  ва  Instagram,  вазифаи  паҳн  кардани  ахборро  ба  даст  гирифтаанд.  Дар 
натиҷа, иттилооти дуруст ва нодуруст якҷо бо як суръат паҳн мешаванд, ки ин метавонад эътимоди ҷомеаро ба расонаҳои расмӣ коҳиш диҳад. Ин ахбороту иттилооти носанҷида оё барои ҷомеа манфиате доранд ва бо кадом омилҳо расонаҳои анъанавӣ метавонанд, дар ин шароити зудтағйирёбанда мавқеи худро миёни мардум аз даст надиҳанд?

Ҳар чиро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, наметавон қобили эътимод хонд, аммо расонаҳои касбӣ бо истифода аз манбаъҳои муътамад, иттилоотро муҳокима мекунанд ва хулосаҳоро дуруст баррасӣ менамоянд.  Барои  расонаҳои  расмӣ,  ки  мехоҳанд  бо ҷаҳони  рақамӣ  мутобиқ  шаванд,  бояд  ба  равандҳои иҷтимоӣ  ва  технологияҳои  нав  аҳамияти  бештар диҳанд. 

ЖУРНАЛИСТИКА ДАР ШАРОИТИ НАВИ РАҚАМӢ

Пайдоиш ва рушди шабакаҳои иҷтимоии нав фазои иттилоотӣ  ва  касби  журналистикаро  ба  таври  ҷиддӣ дигаргун кардааст. Агар то чанд сол пеш хабарнигорон бо навиштани матнҳои таҳлилӣ, гузоришҳои муфассал ва мусоҳибаҳои амиқ ба шунавандаву бинанда ва хонандаи  худ  наздик  мешуданд,  имрӯз  қисми  зиёди  аудитория, бахусус насли ҷавон, ахборро дар шакли ви-деои  кӯтоҳ,  таъсирбахш  ва  зудфаҳм  қабул  мекунанд. 


Шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир нақши асосиро  дар  паҳнкунии  ахбор  ва  таъсиррасонӣ  ба  афкори ҷомеа бозӣ мекунанд. Ин ҳолат ба он оварда расонд, ки  фаъолияти  журналистӣ  дар  рӯбарӯи  як  таҳаввули бесобиқа  қарор  гирад.  Ворид  шудани  платформаҳои навини  рақамӣ,  ки  бо  муҳтавои  кӯтоҳ,  зудгузар  ва визуалӣ шинохта шудаанд, на танҳо рафтори иттилоотии мардумро тағйир додаанд, балки вижагиҳои касби журналистро низ таҳти таъсир гузоштаанд. Ин дигаргунии шадид саволи ҷиддиеро ба миён меорад: “Оё журналистика дар чунин муҳит қудрати худро нигоҳ дошта метавонад?”.

АЗ МАҚОЛАҲОИ ДАРОЗ БА ВИДЕОИ 60-СОНИЯГӢ

Шабакаҳои  иҷтимоӣ,  аз  қабили  Telegram,  TikTok ва  Instagram  дар  асл  барои  фароғат  ва  муоширати ғайрирасмӣ  таъсис  ёфта  буданд,  аммо  имрӯзҳо  ба манбаи  «ахбори  рӯз»  табдил  ёфтаанд.  Наврасон  ва ҷавонон дар ин платформаҳо бештар вақти худро мегузаронанд ва аз ВАО-и анъанавӣ сарфи назар меку-нанд. Ҷавонон иттилооти марбут ба воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар шакли видеои кӯтоҳ, бо субтитр  ва  филтр  қабул  мекунанд.  Журналистика низ маҷбур аст, ба ин талабот мутобиқ шавад ва хабарнигори муосир дигар на танҳо нависанда, балки эҷодкунандаи  видео,  коргардон  ва  танзимгар  низ мебошад.

Вақте  як  овоза  дар  Telegram  паҳн  мешавад, то  расонаҳои  расмӣ  хабари  расмӣ  медиҳанд,  ки мардум  аллакай  фикрашонро  кардаанд.  Гарчанде он овозаи дуруст бошад ё бардурӯғ, мисли тир ба қалб мерасад ва рӯзноманигор, ки бояд дар ин ҳолат  табиб  бошад,  дер  мерасад.  Дигар  мардум садоҳои ахборро на аз радио мешунаванд, на аз саҳифаи аввали рӯзнома мехонанд ва на аз телевизион тамошо мекунанд, балки аз телефон меби-нанд.  Шояд  ин  замони  таназзули  журналистикаи анъанавӣ аст ва ё шояд оғози дигаргунии ногузир.

БУҲРОНИ ЭЪТИМОД

Эътимод кони тиллои журналистика аст. Вақте ин кон фурӯ рехт, ҳарчӣ нависӣ, ҳатто агар тилло ҳам бошад, арзиш надорад. Имрӯз бештари хонандагон мегӯянд: “Рӯзномаҳо аз рӯйи фармон менависанд ва ягон чизи хонданбоб надоранд”, “Телевизион ғайр аз ду ахбору реклама чизи дигар надорад”, “Ҳақиқатро танҳо  аз  шабакаҳои  иҷтимоӣ  метавон  дарёфт”.  Ин беэътимодии  мардум  ҳамин  тавр  пайдо  нашуд. 

Солҳо хабарҳои яктарафа, парҳез аз мавзуъҳои доғ ва  шояд  сатҳи  поини  касбияти  журналистон  сабаб шуданд, ки мардум ба манбаъҳои иттилоотии расмӣ камтар рӯй оранд. Ҳамзамон, шумораи хабарҳои беимзо, беасл ва беҷавоб зиёд шуд. Журналистика, ки бояд  садои  ҳақиқат  бошад,  ба  оинаи  шабеҳ  барои мардум табдил ёфт. 

ЗУҲУРИ РАҚИБ

Вақте ки расонаҳо якранг ба кори худ идома медоданд,  шабакаҳои  иҷтимоӣ  садо  баланд  карданд. Эътимоди  мардумро  сӯи  худ  бурданд.  Telegram-каналҳо  беибо  мавод  пахш  карданд.  Блогерҳо, инфлюенсерҳо, TikTok-чиҳо ҳар кадоме бо телефо-ни  дастӣ  «журналист»  шуданд.  Онҳо  мустақиланд, гапи дилашонро мезананд. Медонанд, ки мардум чӣ мехоҳанд ва чӣ бояд шунаванд. Аммо ин озодӣ як хатар  низ  дорад:  беҷавобгӯӣ.  Касе  факт  намепурсад,  касе  манбаъ  намехоҳад.  Ахбор  тезтар,  аммо носанҷида, бедалел ва номуътамадтар шудааст ва мардум  дар  як  буҳрони  нави  ахбор  қарор  доранд. Пас, кӣ рост мегӯяд?

ҶОЙИ ЖУРНАЛИСТ ДАР АСРИ РАҚАМӢ

Журналистика ҳунарест, ки журналисти он ба мисли табиб қасам мехӯрад, танҳо ба ҳақиқат. Аммо имрӯз табибон каманд ва табибнамоҳо зиёд шудаанд. Сарҳад байни журналист ва блогер ношаффоф шудааст. Як блогер метавонад аз ҷиҳати таъсир пурқудрат  бошад,  вале  аз  ахлоқи  журналистӣ  бехабар.  Ҷойи журналист куҷост, вақте мардум бештар ба блогер бовар мекунанд, на ба мухбири рӯзнома?

Шояд ҷавоб ин аст, ки журналистикаи касбӣ бояд боқӣ монад, аммо  дигаргун  шавад.  Бо  тамос  бо  мардум,  бо  бозгашт  ба воқеият, бо далелу таҳлил, бо истифодаи дурусти шабакаҳо чун талаботи замони муосир.

Журналист набояд аз рақобат биҳаросад, балки бояд рақамӣ шавад, вале бо виҷдон бимонад, бо далел сухан гӯяд. Ахбори бо далел, бо манбаъ, бо шеваи забони зинда пешниҳоди мавод аз ҷониби журналист танҳо чизест, ки фарқ мегузорад, як блогери сарсарӣ кӣ ҳасту журналист кист. Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳоро бе таҳқиқ, бо эҳсосот ва баъзан бо маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд, ки ин метавонад, ба ихтилофи афкор ва сар задани нофаҳмиҳо дар ҷомеа оварда расонад. Дар чунин ҳолат, вазифаи асосии журналист боз ҳам муҳимтар мегардад: таҳқиқ, санҷиш ва пешниҳод кардани ахбори дуруст дар шакли ҷолибу кӯтоҳ.

ВАЗЪИЯТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар  Тоҷикистон  низ  истифодаи  шабакаҳои  иҷтимоӣ  вусъат меёбад, хусусан дар миёни ҷавонон. Вале то ҳол шумораи хабарнигороне, ки ин шабакаҳоро барои фаъолияти касбӣ истифода мебаранд, ангуштшуморанд. Бештари муҳтавои тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хусусияти фароғатӣ ва шахсӣ доранд. 

Бо вуҷуди ин, имконият барои журналистикаи рақамии тоҷикӣ вуҷуд дорад. Бо забони сода, бо нигориши зебо ва бо фактҳои дақиқ хабар расондан ва эътимоди мардумро ба даст овардан. Дар  ҳолати  истифодаи  оқилона,  ин  шабакаҳо  метавонанд  воситаи  пурқуввати  паҳн  намудани  ахбори  муҳимми  иҷтимоӣ, таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ бошанд. Журналистикаи тоҷик дар асри рақамӣ дигар наметавонад ба шакл ва усули анъанавии худ такя кунад. Ин давраи нав матнҳои кӯтоҳ, тасвирсозии таъсирбахш ва суръати баландро талаб мекунад. 

PS:  Асри  рақамӣ  «таҳдид»  барои  журналистика  нест,  балки  имкони  нав  барои  он  мебошад.  Агар  хабарнигор  тавонад ҷавобгӯи  талаботи  аудитория  бошад  ва  принсипҳои  асосии касбро риоя кунад, ҳатман метавонад, дар ин муҳити нав низ муваффақ бошад. Инчунин аз технология истифода барад, бо мардум бошад, бо далел сухан гӯяд, он гоҳ журналистика зинда мемонад ва мардум дубора мегӯянд: “Ман инро дар рӯзнома 
хондам!”.

Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода