Атлас ба бари духтари тоҷик аҷаб аст....
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 302
Фарҳанги либоспӯшӣ гарчанде ба назар кори содаву одӣ намояд ҳам, дар асл яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Модоме, ки он аз ҷузъҳои фарҳанги миллист, пас, арзиши он низ дар баробари дигар арзишҳои муайянкунандаи таъриху ҳувияти миллӣ хоҳад буд. Ва имрӯз ҷаҳони муосир, ки паёмадҳои ногувореро ба бор овардааст, дар ниқоби ҷаҳонишавӣ бархӯрди фарҳангҳову тамаддунҳоро ба вуҷуд оварда, ҳатто хатари нестшавии онҳоро низ эҷод намуда истодааст.
Яке аз «ҷузъитарин» паёмади раванди ҷаҳонишавӣ ё худ омезиши фарҳангҳо, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо низ зуҳур кардааст, ин пайравии аҳли ҷомеа ба пӯшидани либосҳои фарҳанги ғайр ва камтаваҷҷуҳӣ ба либосҳои миллӣ мебошад. Мо имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар «эътиқодмандон»-и либоси миллиро кам мушоҳида менамоем. Аксарият, махсусан занону бонувон либоси аврупоиву арабиву дигар фарҳангҳоро ба бар мекунанд.
Хоҳиш ё нишони замонавӣ будан
Вақте аз нафароне, ки либосҳои бегонаро ба бар мекунанд, барои чӣ чунин тарз пӯшиданашонро суол мекунӣ, ҷавобҳои гуногун ба даст меорӣ. Аксарият чунин ҷавоби содаро пешниҳод мекунанд: «Писандам аст, барои ҳамин мепӯшам». Гурӯҳи дигар бошанд, агар «хоҳиш»-и ҷавоб додан дошта бошанд, мегӯянд, ки ин талаботи замон аст. Махсусан онҳое, ки дар пӯшидани либосҳои аврупоӣ зиёдаравӣ мекунанду либоси миллӣ ҳам дар “тарроҳӣ”- ҳои онҳо шакли аслии худро гум кардааст, ба бар кардани либоси аврупоиро нишони шахси замонавӣ ва пешрафта будан меҳисобанд. Мутаассифона, ин пиндор дар тафаккури қишри зиёди ҷомеа низ ҷой дорад, ки шахсони либоси аврупоипӯшидаро нисбат ба шахсони либоси одиву миллӣ ба бардошта пешрафтатар мешуморанд.
Оё дарвоқеъ танҳо либоси аврупоӣ ба бар доштан метавонад моро «аврупоӣ» кунад? Чаро мо ба пешрафтҳову муваффақиятҳои илмиву техникие, ки занони Ғарб ба он даст ёфтаанд, таваҷҷуҳ накунему танҳо либосашро ба бар намоем? Ин масъалаест, ки тафаккур мехоҳад.
Либоси миллӣ ба мавсим дуруст намеояд ...
Иддаи дигар сабаби кам ба бар кардани либосҳои миллиро дар он мебинанд, ки мувофиқ ба ҳама мавсими сол пӯшидани душвор аст.
Имрӯз тарроҳони мо ҳатто дар симпозиуму намоишҳои сатҳи байналмилалӣ баромад карда истодаанд. Чаро модели либоси миллии тоҷикона, ки ба ҳама мавсим мувофиқ бошаду дилнишинтар аз муди Ғарб пешниҳод карда нашавад?
Интихоби озод доштан
Гурӯҳи дигаре, ки пайваста новобаста аз мавсиму иқлим либоси фарҳанги ғайрро ба бар мекунанд, иддао доранд, ки онҳо ҳуқуқи озоди интихоби либосро доранд. Ин дуруст аст, ки ҳар нафар ҳуқуқи озоди интихобро дорад, аммо инро ҳам бояд дарк намуд, ки бо ин «озодиҳо» эҳтимол аст, ки мо фардои озодиИ хешро аз даст диҳем. Вақте фарҳангҳои бегона аз таблиғ ба амал гузаштанду фарҳанги миллиро нобуд сохтанд, ин оғози «бардагиҳо»-и мо барои пазириши фарҳанги ғайр мегардад.
Махсусан дар шароити кунунӣ мо бояд аз фарҳанги миллӣ, махсусан либоси миллиамон дифоъ намоем. Агар либоси миллии тоҷикӣ бо ҳамаи унсурҳояш омода гардад, он беҳтарин либос ҳам аз нигоҳи ахлоқӣ ва ҳам мазҳабӣ хоҳад буд. Зани тоҷик ҳамеша бо либоси миллии хеш шуҳрату иззат дошту бояд ин ифтихор ҳамеша нигоҳ дошта шавад.
Райҳона Раҳматова,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...