Агар зан «чароғи хонадон» намешуд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 473
Дӯстони азизам! Шумо то имрӯз ибораи “зан чароғи хонадон”-ро борҳо шунидаед ва шояд гоҳе гуфта бошед, ки ин муҳоботу зиёдаравист. Аммо ин воқеият аст, дӯстон, воқеият. Чунки бе зан – зани порсову ботаҳаммул чароғи ҳеҷ хонае равшан намемонад.
Биёед, аз таҷрибаи шахсиам ба шумо гӯям.
Агар ҳанӯз аз оғози ҳаёти мустақилонаамон ҳамсарам ба фармонравоиҳои ману хӯрдагириҳои хушдоман тоб намеовард, магар имрӯз чароғи хонаи ман равшан мемонд?
Агар ӯ муҳоҷиратҳои бардавому ошноиҳои маро он ҷо бо Валяву Галяву Таня таҳаммул намекард, магар аз оила нишоне мемонд?
Агар ӯ маблағи гоҳе “чиз”-у гоҳе “ночиз”-и ба хона овардаи маро сарфаву саришта намекард ва бунёдгар намебуд, оё имрӯз аз сақфи болои сари ман чизе боқӣ мемонд?
Агар ӯ бо вуҷуди мушкилиҳои рӯзгор ба тарбияи фарзандон аҳамият намедод, оё имрӯз аз сари болову ғурури падарии ман нишоне мемонд?
На! Ҳаргиз!
Бо вуҷуди он ки гоҳе барои “дер” омаданҳо ҷанҷол мекунаду гоҳе барои “сер” омаданҳо;
Гоҳе ба либоси ҳамсоя тақлид мекунаду гоҳе ба палосаш;
Гоҳе барои “оянда”-аш аз тилло “савғо” мехоҳаду гоҳе дар даргириҳояш аз мулло “фатво”;
Гоҳи маош маро “азизу ҷонам” мегӯяду вақти анҷомаш “балои ҷонам”;
Дар хубиҳои фарзандон бо ғурур “тарбияи модар” мегӯяду дар камбудиҳояшон бо шӯр “пайрави падар”- боз ҳам ЧАРОҒИ ХОНАДОН аст.
Райҳона
-
26-01-2021, 14:00
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-04-2022, 08:35
Имрӯз духтарчаи ширинаки мо даҳрӯза шуд. Ба қавли модарам, «даҳрӯза не, даҳсола» шуд. Дар байни...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...