Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ба як мард чил ҳунар кам аст?


Ба як мард чил ҳунар кам аст?



Имрӯз духтарчаи ширинаки мо даҳрӯза шуд. Ба қавли модарам, «даҳрӯза не, даҳсола» шуд. Дар байни мардум расме будааст, синну соли кӯдакро калонтар гуфта, дарозумрии ӯро мехостаанд. Барои ман ҳамин даҳ рӯзи шодмонӣ аз тавлиди духтарчаи деринтизор даҳ сол барин намуд.

Завҷаам бисёр мехост, ки духтар дошта бошем. Ду писарчаи шӯхро дӯст дорад ҳам, вале мехост духтар низ дошта бошад, ки ҳамрозу
дастёраш шавад.

Пас аз таваллуди Ромишу Сипеҳр ташвиш надоштам. Ҳис накардам, ки зани навтаваллудкарда ба нигоҳубини хосса ниёз дорад. Пагоҳӣ ба кор мерафтаму бегоҳ ба хона бармегаштам. Хӯрокам тайёр, либосҳоям шуставу дарзмолшуда, хона тозаву батартиб буд. Ин дафъа, ки ҳамсарам ҷарроҳӣ шуд, кор ранги дигар гирифт.

Модарам таъкид кард, ки бояд ақаллан даҳ рӯз корҳои хонаро худам ба ҷо орам, то ҳамсарам табобат гирад. «Миёни зани нав кӯдаккарда суст мешавад. Ба вай кори вазнин мумкин нест.

Эҳтиёт кун. Як хӯрок пухтан чӣ будааст? Плитаи газ дорӣ, барқ ҳаст. Либосҳоро мошин мешустааст. Ман ба инҳо сарфаҳм намеравам. Худат уҳда мекардагистӣ, писарам»-гӯён хайрухуш кард. Ин суханони модарамро ҷиддӣ қабул накардам. Наход дар замони пешравии техника, ки кори одамонро осон кардааст, ду ҳафта аз уҳдаи нигоҳубини аъзои оила набароям?-таскин додам худро. Аммо надонистам, ки ин осон набудааст. Субҳ барвақт хестам, то наҳорӣ омода кунам. Аз яхдон тухму ҳасиб гирифтам». Онро дар дег ё тоба мепазанд? Чӣ қадар равған рехтан даркор? - пурсидам аз завҷаам. Хайрият, ки чой тайёр карданро медонам. Дар корхона гоҳе дар чойники барқӣ чой ҷӯшондаам.

Кӯдакон масти хобанд. Ду-се маротиба сари болинашон омада «Сипеҳрҷон! Ромишҷон! Хезед, наҳорӣ мекунем», - гӯён илтиҷо кардам. Хоб ширинӣ мекард, ба паҳлуи дигар гашта, чашм намекушоданд. Соат тиқ-тиқ карда, аз гузаштани вақт хабар медод. Кай дасту рӯй мешӯянду наҳорӣ карда, либос мепӯшонам. Ба кор дер намонам шуд. Ба хотирам омад, ки ман ҷевони либосҳои бачаҳоро намедонам. Кадомаш аз они кӣ ? Чӣ пӯшондан даркор? Боз ба ҳамсарам, ки кӯдакро шир медод, муроҷиат кардам. Аз рафҳо либосҳоро гирифта, интизори бачаҳо шудам. Тухмбирён тайёр шуд. Аз паридани равғани
тафсони тоба ангуштам сӯхт. Кӯдаконро бо силаву зорӣ бедор карда, дасту рӯяшонро шустам.

Бо сачоқе пок карданӣ шудам.

- Ин аз они ман не,-рӯй турш кард Ромиш.

- Кадомаш аз они ту, писарҷон?-пурсидам аз вай.

- Ана ваяш, - ишора кард ӯ. Шояд дар дил мегуфт, ки падарам одами калону сачоқи маро фарқ карда наметавонад.

Сари дастурхон нишастем. Ромиш «ман ҳасиб мехӯрам» гуфта, ба тухмбирён даст назад. Ҳушу ёдам ба бедор кардани бачаҳо пухтани ҳасибро фаромӯш кардаам.

- Бачаҷон, аз кӯдакистон биёӣ, пухта медиҳам,-ором кардам ӯро.

- Набошад аз бозорча ба ман қанду мошинча харида медиҳед,-шарт гузошт Ромиш. Ноилоҷ розӣ шудам.

- Ман бо нинича мемонам, ба боғча намеравам,- ба гиря даромад Сипеҳр. Чӣ кор карданамро надонистам. Ҳамсарам ба кумакам омад. Бо Ромишу Сипеҳр бо лафзи кӯдакона чизе гуфту ҳарду ҳам барои ба боғча рафтан розӣ шуданд. Ин танҳо як соати рӯзи аввал буд. Маро нуҳ рӯзи дигар кадом санҷишҳо дар пеш буданд, намедонистам.

Шукр мекардам, ки мошин дораму тез кӯдаконро ба боғча бурда, ба кор дар вақташ ҳозир мешавам. Вақте ки ба муҳити корӣ ворид мешавӣ, ҳама чиз фаромӯш мешавад.

Нисфирӯзӣ ҳамроҳи ҳамкорон ба ошхона рафтем. Ба ёдам омад, ки барои завҷаам хӯрок напухтаам, фаромӯш кардаам. Духтур таъкид карда буд, ки ақаллан даҳ рӯз нигоҳубин кунам, ки ҷароҳаташ шифо ёбад...

Аз мудири шуъба ҷавоб пурсидам. Ӯ, ки вазъияти маро медонист, танҳо барои як соат иҷозат дод. Шитобон ба хона омадам. Завҷаам бо миёни баста дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт. -Беҳуда хавотир шудед. Ҳамсоя хӯроки гарм овард, - гуфт ӯ.


-Худоро шукр! Ҳамсояҳо дар ҳамин рӯзҳо дастгирӣ накунанд, кай мекардаанд? Ман тайёр кардани ягон хӯрокро намедонам. Дар оилаамон модарам, хоҳаронам ва баъдтар янгаҳоям хӯрок мепухтанд. Мо - мардони хона хӯроки тайёрро мехӯрдем. Боз гоҳе «бемаза, намакаш паст ё шӯр шудааст»-гӯён айб меёфтем. Ман одатан хӯроки дуюмро дӯст медорам. Шалғаму каду намехӯрам. Шӯрбову мастоба пухта бошанд, маҷбур мекардам, ки бароям картошкабирён пазанд.


Эҳ, он давраҳо гузашт. Хайрият, ки завҷаам ин одати маро медонад. Гоҳе ду намуди хӯрокро мепазад. Дар вазъияте, ки ман дорам, барои пухтани як хӯрок ғам гирифтааст.


-Боз як мушкилот ҳал шуд,-хурсанд шудам ман ва ба кор рафтам.


Соати панҷ кӯдаконро аз боғча гирифтан лозим буд. Коғазҳоямро ҷамъ кардаму ба боғча шитофтам. Мураббӣ бо Ромишу Сипеҳр дар назди дарвоза интизор буд. Ҳамаи тарбиятгирандагонро аллакай волидонашон бурда буданд.


-Ба хона омадем,-оҳи сабук кашидам ман.


Чӣ кор карданамро намедонам, аммо ҳис мекардам, ки монда шудаам. Ромишу Сипеҳр ба сари болини очаашон рафта, хоҳарчаашонро наззора мекарданд.


-Оча, нинича кай бо мо бозӣ мекунад? Чаро бисёр хоб меравад? Дастчаҳояш майдача, э-э, дандон надорад-ку,-саволборон мекарданд онҳо.


-Ҷони оча, калон шавад, шумо, акаҳо, ба кӯча мебаредаш, якҷоя ба боғча меравед, -мефаҳмонд ҳамсарам.


Эҳа, чӣ қадар заҳмат кашидан лозим, ки навзод калон шаваду роҳгардон. Одатан, кӯдакон нозуканд. Аз шаббода бемор мешаванду аз гармии зиёд ҳам. Давраи дандонбарорӣ инҷиқтар мешаванд. Фарзанди одамро ба воя расонидан кори хеле душвор. Рӯзу шаб бо парасторӣ мегузарад. Чӣ қадар шабзиндадориҳои модарон, ташвиши падарон, ғамхории бибиву бобоҳо лозим мешавад. Вақте ки табассум ва аввалин қадаммониашро мебинем, нахустин лафзи ширини ӯро мешунавем, ҳамаи ташвишу азобҳоро фаромӯш мекунем. Дигарон дида, «калонак шудааст, қад кашидааст», гӯянд, хурсанд мешавем. Самари ҳаёти оила –кӯдакон, онҳо боигарӣ ва ахти мо ҳастанд.


Занги дар хаёламро парешон кард. Ҳамшираи шафқат ба аёдати модару навзод омада буд. Агар меҳмоне барои табрик меомад, чӣ кор мекардам?! Ба ҷуз чой дам кардан дигар кореро намедонам. Ҳайрон будам, ки ошпазҳои мард дар ошхонаю тарабхонаҳои шаҳр чунон чаққону чирадастанд, ки дилхоҳ хӯроки фармудаатонро омода мекунанд. Дар хона ҳамин ҳунарашонро истифода мебурдагистанд?


-Ман ба мағоза равам,-гуфтам ба ҳамсарам.


-Дар хона ҳама чиз дорем,-тааҷҷуб кард ӯ. Вай намедонист, ки ман мехостам аз ин ҳолати ногувор бароям. Аз ошхона хӯроки тайёр харидам. Хайрият, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунем. Ҳамеша таом ёфтан мумкин аст. Мардони деҳа дар вазъияти ман чӣ кор мекарда бошанд? Боз барқу газ надошта бошанд-чӣ? Шукр, ки мушкилам осон шуд.


Хӯроки шомро хӯрдем. Кӯдакон бозӣ мекарданд, парвои оламро надоштанд. -Онҳо кай мехобида бошанд?-аз дил гузарондам ман.


Акнун телевизорро рӯшан карда, ба тамошои мусобиқае нишастам, ки ҳарду ба наздам омада: -Дадаҷон, мултик монед, мултик,-гӯён илтиҷо карданд. Ноилоҷ шабакаро иваз кардам.


Пеш аз хоб кӯдакон бояд либосҳояшонро иваз карда, дандонҳояшоро мешустаанд. Интизор шудам, ки онҳо бозикунону шӯхикунон ин корҳоро иҷро карда, ба хонаи хоб меоянд.


-Дадаҷон, афсона гӯед,-эркагӣ мекард писари хурдӣ.


-Афсонаи «Бузак»-ро не, дигарашро, - исрор дошт калонӣ.



Ана халос. Ба хотирам ҳеҷ як афсонаи медонистаам намеомад. Агар оғозашро донам, давомашро намедонистам. Маҷбур шудам афсонаро худам бофам. Илоҷе карда хобашон бурд.

Ба ошхона даромадам. Хостам зарфҳои ношустаро шӯям. Аз афташ, моеи зарфшӯиро бисёртар рехтаам, ки кафки зиёд шуд. Пиёла аз дастам лағжида шикаст. Аз шақарроси он ҳамсарам хавотир шуда баромад.


-Ба хайр аст, дастатонро набуридед, шуд,-тасаллӣ дод ӯ. -Мегӯянд, ки зарф шиканад, балои омада ба ҳамон мезанад.


Ёд дорам, хоҳарам арӯсаки нав буд.


Дар хонаи шавҳар косае аз дасташ афтида шикаста будааст. Хушдоманаш то чанд вақт таъна кардааст, ки зан ноуҳдабаро, ки шуд, зарфи хона шикастан мегирад. Косаю табақшӯӣ кори осон менамояд, аммо ман аз уҳдаи он набаромадам. Маош гирам, албатта, мошинаи зарфшӯӣ мехарам, - ваъда додам ба худ.


Рӯзи дуюм корҳои нави хона зам шуданд.


Барои ноништа чӣ пухтан лозим? Ширбиринҷ осон будагист. Рӯйи оташ дегро гузошта, шир рехтам. Аз болояш биринҷро андохтам. Сарпӯши дегро пӯшида, то омода шудани он машғули риштарошӣ шудам. Ба димоғам бӯйи сӯхта омад. Ба ошхона давидам. Ҳамсарам сарпӯшро гирифта, оташро хомӯш мекард. Шир аз лаби дег дамида, биринҷ часпидааст. Ҳамсарам табассум карда гуфт: “Аввал дар каме об меҷӯшонем, баъд шир илова мекунем”.


-Ман аз куҷо донам? - худамро сафед карданӣ шудам.- Номаш ширбиринҷ-ку. 


Ширбиринҷи нопухта ба партов рафт. Ҳамсарам шавлаи ширӣ (хоршакарӣ) пухт. Он тезтар тайёр мешудааст.

Боз бо ваъдаю шартмониҳои бачаҳо сӯйи боғча раҳсипор шудем. Хайрият, ки кӯдакистон ҳаст, вагарна, бо бачаҳо чӣ кор мекардем. Ба хоҳарам занг задам: “Хуршеда! Имрӯз корам бисёр. Янгаатро нисфирӯзӣ хабар гир”.


Ӯ розӣ шуд. Дилам каме таскин ёфт. Хурсанд шудам, ки имрӯз масъалаи хӯрокпазӣ ҳалли худро ёфт.


Баъди кор бо бачаҳо баргаштем. Завҷаам таб дошт. Духтурро ҷеғ задам. Хӯроки шом ҳам фаромӯш шуд. Табиб тавсия дод, ки завҷаам ба оби хунук даст назанад, то ки ҷароҳат газак нагирад. Бароям тезтар сиҳат шудани ҳамсарам муҳим буд. Ҳама корҳои хонаро худам иҷро мекунам, фақат табобат ёбад шуд,- мегуфтам ба худ.


Кӯдакон бе хӯроки шом хобашон бурд. Зиқ шудам, ки онҳо гурусна хобиданд.


Дар ду рӯз либосҳои кӯдакон барои шустан ҷамъ шуд. Мошини ҷомашӯйиро чӣ тавр кор мефармоянд? Кадом тугмачаро зер мекунӣ барои шустан, обгардон кардан, хушк кардан, тасаввурот надорам. Аз ҳамсарам пурсида, навишта гирифтам. Филми ҳаҷвии «Суперкелинчак» ба хотирам омад, ки тавассути интернет хӯрок мепухт. Ман ҳам аз рӯйи коғаз ҷомашӯӣ кардам. Агар тавонӣ, душвор набудааст. Аҳсан ба ихтироъкорон!


Дарзмол карданро каме метавонам. Дар хизмати ҳарбӣ ёд гирифта будам. Бо чангкашак тоза кардани хона ҳам кори осонакак набудааст. Дар рекламаҳо мебинӣ, ҳавасат меояд. Равиши корро надонӣ, азоб мекашидаӣ.


Рӯзи сеюм шустани ташнобро «таҷриба» кардам. Аз бӯйи тези моеи хлордор димоғам сӯхт. Ҳамсарам механдид, ки маҳлулро бисёр рехтаам.-Боке не, тозатар мешудагист,-таскин додам худро.


Занон ҳамаи ин корҳоро чӣ хел ёд мегиранд? Шояд барои он ки ҳар рӯз такрор ба такрор ин масъулиятро ба дӯш доранд, хуб иҷро мекунанд.


Кӯдакон бо модарашон ҳар рӯз ба сайругашт мебаромаданд. Имрӯз навбати ман буд. Мӯйсафеди ҳамсоя ба мо нигариста, шӯхиомез гуфт: “Духтарча муборак шавад! Чашм нарасад, Шумо ҳам мебаромадаед. Ё аз занкалон шудан метарсед? Ба оила ёрдам кардан даркор. Охир, фарзанд барои падар ҳам азиз аст,-насиҳат кард вай.


Ин мӯйсафед ҳам дар умраш ин хел рӯзҳоро бисёр дидагӣ барин,- аз дил гузаронидам ман. Нақле шунида будам, ки завҷаи марде бо даҳ кӯдаки наврасу хурдсол мефавтад. Вай ба хотири муҳаббату садоқат ва ба модари ӯгай хору зор накардани ҷигарбандонаш дигар оиладор нашудааст. Худаш ҳам модару ҳам падар будааст. Хӯрок мепухтааст, либос мешустааст, ҳавливу хона мерӯфтааст. Ҳатто мӯйи духтарчаҳоро худаш майдабофӣ мекардааст.


Занони ҳамсоя раҳмашон ояд ҳам, аз гапи мардум метарсидаанд, ки кумакаш кунанд. Дар хонаи марди безан будани зани бегона раво набудааст. Ҳамаи онҳо имрӯз соҳиби касбу маълумот. Мӯйсафед давлати пирӣ меронад. Кори одам кардагиро одам метавонистааст. Танҳо ирода лозим аст.


Як ҳафта ба ошхонаю мағоза давидаму таоми тайёр овардам. Беҳуда намегуфтаанд, ки «мард дасткушод бошаду зан сарфакор». Маошам барои як моҳи рӯзгор мерасид. Ҳар рӯз харид кунӣ, хазина дошта бошӣ ҳам, намерасидааст.


Аҳволи ҳамсарам беҳтар шуд. Хурсанд будам, ки модари кӯдаконам сиҳат шуда, ҳама сарҷамъ сари дастурхон нишастаем. Шодию фараҳ аз меҳмони нав-духтарчаамон Меҳрона ҳадду канор надошт. Ба корҳои кадбонугӣ баргаштани ҳамсарам маро аз ташвишу хиҷолат раҳо кард. Модар, ҳамсар будан кори мушкил будааст. Шояд барои ҳамин ҳамсарам духтардор шуданро орзу мекард. Медонад, ки ба писарҳо дар иҷрои корҳои хона умед бастан нашояд. Агар писаронамонро ҳам ёд диҳад, минбаъд дар вазъияти ман афтанд, азоб намекашанд...


Дилором МАҲКАМОВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода