ХАТАРИ “ФАТВОҲО”-И ИНТЕРНЕТӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Сиёсат, Боздид 1 162
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 26 декабри соли 2019 терроризму экстремизмро «таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон» ва «душмани бераҳму шавқат ва маккор» унвон карда, бори дигар ба ниҳодҳои марбута ва, дар умум, ба ҳар кадоми мо ҳушдор доданд, ки бояд дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарноктарини ҷаҳони имрӯза саҳлангориро канор гузорем.
Воқеан, имрӯз «душмани маккор» худро ба технологияҳои муосири иттилоотӣ, махсусан ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ задааст, чун дарк карда, ки маҳз ҳамин ҷо «минбаре барои фатвоҳои фитнаангез»-и худ меёбанд.
Имрӯз шахсони камтаҷ-рибаву ноогоҳ, афроди бехабар аз аркони дини мубини ислом ва ҳам гумроҳоне, ки ҳадафмандона зидди давлату миллат ва халқу ҷомеаи худ ғояҳои харобиоварро талқин мекунанд, ҳаминҳо тоифаҳое ҳастанд, ки дар аксар маврид зери таъсири таблиғоти созмонҳои террористӣ мемонанд. Ба саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ назар карда мебинем, ки мутаассифона, ҳанӯз ҳам гурӯҳу афроди сиёҳдил ин ҷо ҳузури густурда доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз он, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Даргириҳо дар давлатҳои мусулмонӣ: Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон, ки ба вуқӯъ пайваста истодаанд, гувоҳи амиқанд.
Ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯз дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст.
Яке аз хатарҳое, ки имрӯз ба ҷомеаи мо таҳдид мекунад, зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ мебошад. Чуноне гурӯҳҳои тундраву ифротӣ соли 1992 кишвари амну осудаи моро ба ҷанги таҳмилӣ кашиданд, минтақаҳои ободро ба харобазор табдил дода, ҳазорон мардуми бегуноҳро ба мудҳиштарин воситаҳо ба қатл расониданд. Дар натиҷа беш аз 150 000 нафар кушта, миллионҳо нафар гуреза шуданд, ки дар натиҷа дар мулки Афғонистон қабристони бузурги тоҷикони бесарпаноҳу фиребхӯрда пайдо шуд. Ҳамон давра ташкилоти экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ барои ба нобудӣ бурдани миллат шахсони барӯманд, олимону донишмандон, шоирону нобиғаҳои моро қасдан нобуд мекард.
Вобаста ба ин, ниҳодҳои дахлдор, имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта, рӯҳониёну зиёиён, волидайн, фаъолон ва ҳама ашхоси огоҳ бояд дар хонаву мактаб, дар суҳбату вохӯриҳо ва ҳар лаҳзаву ҳар замон ба насли наврас ва ба нафарони дониши кофии динӣ надошта таъкид намоянд, ки он чи аз номи ислом дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, аксар фитна асту ифрот.
Раҳматулло ГУЛОВ,
мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30