Рӯзномаи Хатлон » Эълонҳо » Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар қабули довталабонро барои соли таҳсили 2021-2022

эълон менамояд

Ба коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабаа қабул карда мешаванд.

Ба ҳамаи ихтисосҳои гурӯҳҳои буҷавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистн қабул карда мешавад.

Ба гурӯҳҳои шартномавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷатҳои баробарэътирофии таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд, қабул карда мешаванд.

Ба  таҳсили рӯзона довталабони синашон то 30-сола ва ба шуъбаи шабона (машғулиятҳо аз соати 15:00 то 18:00) бе маҳдудияти синну сол қабул карда мешаванд.

Таҳсил дар коллеҷ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба роҳ монда шудааст.

Дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар довталабон дар шуъбаи рӯзона аз рӯйи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

Муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ:

Кори умумитиббӣ, бо додани тахассуси ҳамшираи (бародарӣ) тиббии оилавӣ (буҷавӣ ва шартномавӣ);

-кори момодоягӣ, бо додани тахассуси момодоя (буҷавӣ ва шартномавӣ);

Муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ:

-кори ҳамширагӣ, бо додани тахассуси ҳамшираи тиббӣ (буҷавӣ ва шартномавӣ);

-кори тиббӣ-ташхисӣ, бо додани тахассуси фелдшерлаборант (буҷавӣ);

-корҳои тиббӣ-профилактикӣ бо додани тахассуси ёрдамчии фарматсевт (шартномавӣ).

Дар шуъбаи шабонаи коллеҷи тиббӣ довталабон (муҳлати таҳсил 3 сол, бо таҳсилоти миёнаи умумӣ) аз рӯйи ихтисосҳои зерин қабул карда мешавад:

-кори фармасевтӣ, бо додани тахассуси ёрдамчии фарматсевт (шартномавӣ).

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Сино 7.  

Телефонҳо: 2-25-73, 2-20-89.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода