“Дар интиқоли неруи барқ маҳдудият нест”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 900
Ҳамаи хабару овозаҳое, ки дар як қатор воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқ паҳн мешаванд, ягон асос надоранд.
«Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муайян имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронида мешавад», - гуфта мешавад дар шарҳи маркази матбуоти ШСҲК «Барқи тоҷик» дар иртибот ба ин мавзӯъ.
Дар маркази матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳамчунин тазаккур доданд, ки зимистон барои таъминоти барқ ҳамеша давраи фавқулода аст. Вобаста ба афзудани талабот ба истифодаи барқ мушкилот низ зиёд мегардад. «Аз ин рӯ, аз муштариёни неруи барқ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш мекунем, ки дар давраи зимистон ҳар қадар имкон доранд, аз барқ сарфакорона истифода баранд. Ин ба манфиати ҳама ва ҳар кас аст», - омадааст дар шарҳи маркази матбуоти ширкат.
http://khatlon-ruznoma.tj/