ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» дар Левакант гармхона ва дар Душанбеву Бохтар ва Спитамен маркази тақcимоти яклухт месозад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 112
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» сохтмони гармхонаи инноватсиониро барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкили се маркази тақсимоти яклухтро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен бо сармоягузории умумии 20,0 миллион доллари амрикоӣ (228,0 млн. сомонӣ) ба нақша гирифтааст, хабар доданд аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар иртибот ба ин дар Душанбе миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ-и тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дар марҳилаи якум сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ба маблағи 2,6 миллион доллари амрикоӣ (29,6 млн. сомонӣ) сармояи хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.
Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа ташкили се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитаменро пешбинӣ менамояд, ки маблағгузории он 17,4 миллион доллари амрикоӣ (198,3 млн. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Бо татбиқи пурраи лоиҳаҳо 90 дарсад ҷойҳои нави кории муҳайёшаванда барои шаҳрвандони маҳаллӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Татбиқи ин лоиҳаҳо ба амалишавии ҳадафи чоруми миллии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии кишвар мусоидат менамояд.